Перейти к содержимому

Оё Туркия ва Қатар бо Арабистону Аморот дар Либӣ даргир мешаванд?

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Чи басо таҳдиди женерол Халифа Ҳафтар дар заминаи ҳамла ба манофеи Туркия дар Либӣ ва таваққуфи сафарҳои ҳавоӣ ва дарёӣ миёни Тароблус ва Истонбул, таҳаввуле бисёр хатарнок дар бӯҳрони Либӣ тайи солҳои ахир ба шумор меравад, зеро амалӣ шудани ин таҳдидҳо ба маънои густариши доираи низоъ ва байналмилалӣ кардани он ба лиҳози низомӣ ва кашондани кишварҳои минтақа ба он аст.

Он чи боис шуд, ки женерол Ҳафтар ин иқдоми танишзоро анҷом диҳад, зарбаи дардноке буд, ки ба вай зада шуд ва ҳамаи умедҳояш барои тасарруфи Тароблус, пойтахти Либиро аз байн бурд. Ин зарба низ муваффақияти нерӯҳои вобаста ба давлати Вифоқи Миллӣ (ки тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст) дар бозпасгирии шаҳри Ғирён дар ҷануби Тароблус аст. Ғирён дарвозаи пойтахт ба шумор меравад, ки табдил ба мақарри фармондеҳии женерол Ҳафтар шуда буд; женероле, ки тавассути Миср, Арабистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Фаронса ва Дунолд Тромп, ки шахсан бо вай телефонӣ сӯҳбат кард, мавриди ҳимоят аст.

Сарлашкар Аҳмад Алмисморӣ, сухангӯи женерол Ҳафтар, таъкид кард, ки Ҳафтар ба нерӯҳояш дастур додааст, ки киштиҳо ва манофеи Туркияро мавриди ҳамла қарор диҳанд ва аз парвозҳо аз ва ба самти Туркия ҷилавгирӣ кунанд ва ин кишварро муттаҳам кард, ки аз давлати Вифоқи Миллӣ бо силоҳу таҷҳизоти пешрафта ҳимоят мекунад ва ба шакли мустақим бо низомиён ва ҳавопаймо ва киштиҳои ҷангиаш дар ҷанги пойтахт ширкат кардааст; иттиҳоме, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия онро рад накард ва гуфт, ки давлаташ ба мӯҷиби тавофуқномаи ҳамкории низомӣ бо давлати Вифоқи Миллӣ, силоҳу таҷҳизоти сангин ба ин давлат медиҳад.

* * *

Пурсише, ки бо қудрат дар ин ҷо матраҳ мешавад ин аст, ки оё женерол Ҳафтар таҳдидҳои худ дар заминаи ҳамла ба ҳавопаймо ва киштиҳои Туркия, ки коло — ва гуфта мешавад — силоҳу таҷҳизоти сангин ба давлати Вифоқи Миллӣ аз роҳи бандарҳои Тароблус ва Мисротта мунтақил мекунадро амалӣ мекунад? Ва вокуниши Туркия дар сурати вуқӯи чунин ҳамлае чӣ хоҳад буд? Оё женерол Ҳафтар ин таҳдидҳоро пас аз ройзанӣ ва мушовира бо ҳампаймононаш дар Миср, Аморот, Арабистон, Омрико ва Фаронса эълом кард ва аз раҳбарони ин кишварҳо илова бар ваъдаҳои ҳимоят аз вай дар сурати дахолати нерӯҳои Туркия ба шакли мустақим чароғи сабз дарёфт кард ё он ки ин танишзоияш дар натиҷаи асабонияташ ба далели аз даст додани шаҳри истротежики Ғирён ва мақарри фармондеҳиаш дар минтақаи ғарбӣ ва шикасти ҳамлааш ба Тароблус аст?

Бо манобеи наздик ба ду тарафи бӯҳрон тамос гирифтем, то барои ин пурсишҳо ба посухе бирасем. Яке аз манобеи наздик ба женерол Ҳафтар гуфт, ки вай дар таҳдидоташ ҷиддӣ аст, ва дар амал, бо ҳампаймононаш дар Миср пеш аз он ки таҳдид кунад машварат кард ва аз ҳимояти комил баҳраманд шуд. Ин дар ҳолест, ки бархе манобеи вобаста ба давлати Вифоқи Миллӣ гуфтанд, ки Ардуғон дар посухи сахту кӯбанда ба ҳар гуна ҳамлае ба киштиҳо ва қоиқҳояш дар бандарҳо ё дар обҳои минтақаии Либӣ, лаҳзае тардид намекунад.

Давлати Туркия, дар амал, нерӯ ва зиреҳпӯш ба Тароблус фиристод ва дахолаташ ба шакли аланӣ дар канори нерӯҳои “Фаҷри Либиё”, ки ҳаводори давлати Вифоқи Миллӣ ҳастанд, ҳамон чизе буд, ки давлати Вифоқи Миллиро аз фурӯпошӣ наҷот дод ва пешравии нерӯҳои женерол Ҳафтар барои тасарруфи Тароблус ва сайтара бар ҳамаи Либӣ ва пас аз он эъломи худаш ба унвони раисиҷумҳурро мутаваққиф кард.

Хабарнигорон аз Ардуғон дар бораи вокунишаш ба таҳдидҳои женерол Ҳафтар дар ҳамла ба киштиҳо ва манофеи кишвараш, тайи нишасти сарони Гурӯҳи-20 дар Жопун пурсиданд, аммо ӯ ҷавоби қатъӣ надод ва чи басо чун аз мақарри фармондеҳии сиёсӣ ва низомиаш дур буд, ин посухро дод ва фақат ба ин гуфта басанда кард: “Дар сурати таъйиди чунин дастуре барои ҳадаф қарор додани ҳавопаймоҳо ва киштиҳои Туркия, тадобири лозимро иттихоз мекунем.”

Ҳар гуна ҳамла ба киштиҳо ё ҳавопаймоҳо дар обҳои минтақаӣ ё ҳарими ҳавоии Либӣ, ба маънои эълони ҷанг алайҳи Туркия аст ва чи басо боис шавад, ки Онкоро дар бӯҳрони Либӣ бештар вуруд кунад; амре, ки мунҷар ба вокуниши Миср, Аморот ва Арабистон мешавад ва ин яъне хуруҷи ин бӯҳрон аз доираи рӯёрӯии ҷанг ниёбатӣ аст.

* * *

Оқилона ин аст, ки диранг кунем ва ҳукмҳои пешине содир накунем, вале тамоми чизе, ки метавонем бигӯем ин аст, ки “доме” муҳкам барои Туркия эҷод шудааст, то дар ботлоқи хунини Либӣ ғарқ шавад ба вежа он ки Туркия ва Қатар ҳампаймонони қавии давлати Вифоқи Миллии Либӣ ҳастанд ва нерӯҳои “Фаҷри Либиё” тарҳи қавӣ ва барномарезишуда, ки дар чандин пойтахти байналмилалӣ ва арабӣ тадвин шуда будро бо ҷилавгирӣ аз тасарруфи пойтахт тавассути женерол Ҳафтар ва таъйини сарнавишт дар саҳнаи Либӣ ба нафъаш ва ба нафъи ҳампаймононаш, хунсо карданд.

Рӯзҳои оянда дар парвандаи Тароблус ва оянда он ва чи басо дар бӯҳрони Либӣ сарнавиштсоз аст… Ва худо беҳтар медонад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: