Перейти к содержимому

Худхоҳии Тромп расман як мавзӯи бӯҳронӣ дар сиёсати хориҷӣ аст

Ба қалами Ҷеймз Троб (James Traub), узви Андешкадаи Шӯрои равобити хориҷии Омрико

Шояд изҳороти Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, вақте ки Кохи сафедро “дучори маълулияти зеҳнӣ” хонд, он қадрҳо ҳам тунд набудааст. Шумо метавонед мутаваҷҷеҳи далели ин изҳори назари ӯ бишавед. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, итминон дошт, ки бо хориҷ кардани Омрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (Барҷом), қодир ба зӯр гуфтан дар қиболи Руҳонӣ ва раҳбарони Эрон ва таслим кардани онҳо барои пазириши хостаҳояш хоҳад шуд, ва вақте онҳо (эрониҳо) ҳам дар посух ба ӯ, шурӯъ ба зӯргӯӣ карданд, Тромп дучори ошуфтагӣ шуд. Афроди давру бари Тромп, ки ба ӯ барои аз байн бурдани тавофуқ (Барҷом) фишор оварданд, комилан барои вазъияте, ки эҳтимоли оғози даргириҳо бо Эрон ва муқассир ҷилва додани эрониҳо вуҷуд дошт, омодагӣ доштанд.

Ҷеймз Троб (James Traub), узви Андешкадаи Шӯрои равобити хориҷии Омрико

Маҳдудиятҳои идрокӣ ва шинохтии Тромп ҳар чӣ бошанд, ҳама хосс ба шахси ӯ ҳастанд. Ӯ дар хусуси сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида, дучори нобиноӣ шудааст. Ӯ ончунон ба дурустии мавзеъи худаш бовар дорад, ки ҳатто ба ихтилофи назари дигарон бо мавзеъи худаш эътино намекунад. Мо дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди нусхаи тромпӣ аз як ғурури имперотурӣ будаем.

Сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввумро метавон ба навъе кашмакаш байни онҳое, ки ба паёмадҳои эҳтимолии иқдомоти Иёлоти Муттаҳида таваҷҷӯҳ мекунанд ва онҳое, ки ба ин паёмадҳо бетаваҷҷӯҳ ҳастанд, арзёбӣ кард. Ҷурҷ Кенон (George Kennan) — диплумоти аршади омрикоӣ, дар мақолаи маъруфи соли 1947-и худ дар нашрияи Foreign Affairs, ибтидо ба либеролҳои ҳомии Шӯравӣ ҳушдор дод, ки наметавон дар қиболи Русия бо мантиқ рафтор кард ва сипас ба тундравҳо тавсия кард, ки “иқдомоти беназокату таҳдидомез” метавонад сабаби он шавад, ки Кремлин ба мавқеияте бирасад, ки қодир ба расидан ба чунон мавқеияте нест.

Ҳери Труман (Harry Truman) ва Дуойт Ойзенҳовер (Dwight D. Eisenhower) – раисони ҷумҳури асбақи Омрико, ба таври куллӣ аз иттихози чунин иқдомоти таҳрикомези ғайризарурӣ худдорӣ карданд. Ҷон Кенеди (John F. Kennedy) аммо бар хилофи онҳо, замоне, ки ба мансаб расид, қавл дод, ки “барои итминон аз бақо ва муваффақияти озодӣ… ҳар баҳоеро хоҳад пардохт”. Ҷон Кенеди ибтидо бо ба роҳ андохтани ҳамла ба халиҷи Хукҳо ва сипас судури муҷаввиз барои афзоиши шадиди мизони ҳазинаҳо дар тавонмандии атомӣ ва силоҳҳои мутаъорафи Омрико, тундравҳои давру бари Никита Хрушев, раҳбари Шӯравиро қонеъ кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли омода шудан барои ба ақиб рондани манофеи Шӯравӣ аст. Хрушев наметавонист эътибори Шӯравиро дар маърази хатар қарор диҳад. Ӯ дар посух ба ин иқдомот, девори Берлинро сохт ва сипас аз “Паймони маҳдудиятҳо дар заминаи озмоиши атомӣ” хориҷ шуд ва саранҷом дар Кубо мушакҳои атомӣ мустақар кард. Чанде баъд буд, ки Роберт Макноморо (Robert McNamara) — вазири дифоъи Омрико, эътиироф кард, ки асоси ҳамаи ин моҷароҳо, суитафоҳум дар бораи тавонмандиҳои Шӯравӣ ва мақсадҳояш будааст. Ин ҳарфҳо ошно ба назар мерасад?

Ин достон борҳо ва борҳо гуфта хоҳад шуд. Аввал Кенеди ва баъдан Линдун Ҷонсун (Lyndon Johnson) ба ҷанг дар Ветном кашида шуданд, то алайҳи он чи, ки фикр мекарданд аҳдофи кумунистҳо барои контроли ҷаҳони дар ҳоли тавсиъа бошад, эъломи мавзеъ кунанд. Ҳеч кадом аз онҳо наметавонистанд ин мавзӯъро бибинанд, ки Ветном, чизе беш аз як сарбози пиёдаи мавриди истифодаи Чин дар як бозии ҷаҳонии шатранҷ набуд. Бо ин ҳол, аввалҳои соли 1965 буд, ки Ҳонс Мургенто (Hans Morgenthau, назарияпардози матраҳи мактаби воқеъгароӣ дар равобити байналмилал) дар ёддоште таҳти ин унвон, ки “Мо дар Ветном худамонро гӯл мезанем”, навишт, ки “Чин ба лиҳози маврусӣ, душмани Ветном аст” ва Ҳу Ши Мин, раҳбари Ветноми шимолӣ касе буд, ки бо артиши худаш ба қудрат расид ва бештар аз он ки як идеулуги кумунист бошад, як раҳбари миллигаро буд. Мургенто пешбинӣ карда буд, ки ташдиди ҷанг дақиқан мунҷар ба натоиҷе хоҳад шуд, ки Вошингтун бештар аз ҳар чизе ба дунболи худдорӣ аз он буда ва он, рондани Ветном ба домани Чин буд”.

Ҷурҷ Буши падар ҷузъи раисони ҷумҳури нодире буд, ки дониши амиқе дар бораи аҳдофи олии Омрико дошт ва медонист, ки аз тариқи додани фурсат ба Михаил Горбачев ва рафтор бо ин раҳбари рус ба манзилаи муттаҳид ва на душман, бояд ба ӯ барои мудирияти фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кумак мекард. Буш чунон бо ин тафаккур ҳадафи худро пеш бурда буд, ки ҳатто ба порлумони Укройн гуфт, ки Вошингтун дар баробари ҳукумати Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои хоҳони истиқлол, бетарафӣ ихтиёр мекунад. Ҷурҷ Буши писар аммо баъд аз ҳамалоти 11 сентябри 2001 зеҳнаш даргири дурусткории Иёлоти Муттаҳида шуд. Истротежии (стратегияи) амнияти миллӣ, ки ӯ як сол баъд содир кард, бо ин ҷумла шурӯъ мешавад: “Дар дастёбӣ ба аҳдофамон, аввалин ангезаи мо он аст, ки дар бораи ин ки мо намояндаи чӣ мавзӯе ҳастем шаффофсозӣ кунем, Иёлоти Муттаҳида бояд аз озодӣ ва адолат дифоъ кунад, чаро ки ин усул усуле дуруст ва барои ҳамаи мардумон дар ҳар ҷое қобили истинод ҳастанд”. Агар асоси истротежии амнияти миллӣ бар чизе, ки намуди берунӣ дорад, набошад ва ба ҷойи он, асосаш бар меҳвари он чи, ки мо фикр мекунем бояд бошад, дар он сурат лиҳоз кардани назароти онҳое, ки мутафовит аз мо меандешанд, табдил ба як шакл аз нуқтаи заъфи ахлоқӣ барои мо хоҳад шуд. Ин мавзӯъ албатта дақиқан ҳамон чизе аст, ки моро ба ҷанг (-и соли 2003) дар Ироқ кашонд, як ифротгароии низомманди худмеҳвар.

Дар давраи Борок Убомо тавре дигар буд. Убомо дар суханронии июни 2009-и худ дар Қоҳира, барои нишон додани эҳтироми худ ба дини ислом ва эътироф ба осебҳои (воридшуда ба кишварҳои исломӣ аз сӯи) истеъморгароӣ то ҳадди зиёде пеш рафт, то битавонад ба як робитаи ҷадиди мубтанӣ бар “манофеъи мутақобил ва эҳтироми мутақобил” (бо кишварҳои исломӣ) даст ёбад.

Убомо дар қиболи Эрон ҳам бо иқдомоти мушобеҳе дар бораи боздорандагии мутақобил талош кард ва шикаст хӯрд, аммо ин талош ӯро қодир кард, ки Шӯрои амнияти Созмони Милалро қонеъ кунад, ки таҳримҳои сарсахтонае алайҳи эрониҳо тасвиб кунад; таҳримҳое, ки дар ниҳоят онҳоро ба мизи музокира кашонд. Тромп албатта аз пеш гирифтани равиши Ҷурҷ Буши падар ибое надорад, аммо чизҳое ҳаст, ки сабаби бастани диди ӯ мешаванд, ва он, худхоҳӣ ва худмеҳварии ӯст. Қудрати густурдаи Омрико то ба ҳол ба ӯ иҷоза дода дар қиболи дигар кишварҳо зӯргӯӣ кунад; зӯргӯие, ки баъд аз бетаваҷҷӯҳӣ ба паёмадҳои анҷоми корҳо, дуввумин хасисаи ӯст. Ба изҳороти ӯ дар бораи “манофеъ ва эҳтироми мутақобил” дар қиболи Мексик нигоҳ кунед, ки давлати дасти чапии кунунӣ дар ин кишвар аз тарси танбеҳҳои эъломшудаи Тромп дар ҳоли саркӯби муҳоҷирон аз кишварҳои Омрикои Марказӣ аст.

Шакке нест, ки Тромп фикр мекард, ки Эрон ҳам монанди Мексик таъзим хоҳад кард. Эрон таъзим накарда ва ба таври қатъ бояд гуфт, ки таъзим нахоҳад кард. Тромп бар хилофи бархе аз мушовиронаш хоҳони ҷанг бо Эрон нест, аммо бо ин ҳол, ба наҳве иқдом карда, ки гузинае ба ҷуз интихоб аз миёни даргирӣ ва ақибнишинӣ надорад.

Мо фақат бояд умедвор бошем, ки нигаронии ӯ дар бораи пойгоҳи мардумиаш дар остонаи интихобот (-и соли 2020) дар натиҷаи бурузи як ҷанг дар Ховари Миёна, аз нигаронии ӯ дар бораи анҷом надодани иқдоме дар ин ҷиҳат (ҷанг бо Эрон) бузургтар бошад.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: