Перейти к содержимому

Ҳикмат, фалсафа ва илм

Ба қалами дуктур Ғуломризо Аъвонӣ, устоди фалсафа ва узви ҳайъати илмии Фарҳангистони улуми Эрон

Дуктур Ғуломризо Аъвонӣ, устоди фалсафа ва узви ҳайъати илмии Фарҳангистони улуми Эрон

Барои баҳс дар хусуси “ҷойгоҳи ҳикмат дар Эрони имрӯз” бояд нахуст мушаххас кард, ки ҳикмат ба чӣ маъност? Дар чӣ нисбате бо фалсафа ва улуми дигар қарор мегирад? Ва аз чӣ замоне дар Эрон қувват гирифт ва имрӯз вазъияти мо дар тарбияти ҳаким чӣ гуна аст?

* * *

Чистии ҳикмат

Аз таърифи “ҳикмат” метавон ба таърифи “инсон” расид. Ба иборати дигар, дар таърифи инсон “ҳикмат” нуҳуфтааст. Қудамо инсонро ҳайвони нотиқ ё оқил мехонданд; ба ин маъно, ки инсон ҳайвонест, ки фикр, фаҳм ва ақл дорад. Ба гумони қудамо, “фаҳм” сароғози ақл, ва “ақл” камоли фаҳм аст.

Бинобар ин, инсон метавонад ҳама чизро бишносад; ба ҳамин хотир, тамоми улуму фунун дар миёни анвоъи мавҷудот сирфан ба инсон ихтисос дода шудааст.

Аммо бархе ҳамчун Афлотун ҳикматро ба шеваи дигаре таъриф мекунанд ва бар ин боваранд, ки ҳикмат ташаббуҳ ба Худованд аст; ба ин маъно, ки инсон мазҳари тамоми асмо ва сифоти худоӣ аст, ба ҳамин ҷиҳат ин шоистагиро пайдо карда, ки халифаи Худованд бошад ва Худованд ин қудратро дода, то мо ҳама чизро бишносем.

Бино бар ин таъриф, ҳикмат таъаллуқ аст, ва таъаллуқ яъне худогуна шудан. Худованд ҳамаи сифоти худро ба сурати билқувва ба мо додааст ва мо бояд сифоти худамонро ба сифоти илоҳӣ баргардонем ва илоҳӣ шавем.

Як таърифи дигар аз ҳикмат, таърифе аст, ки Мулло Садро эълом мекунад, ва он, “таваллуди сонӣ” аст. Мо ду навъ таваллуд дорем: яке, “таваллуди ҷисм”, ва дигаре “таваллуди руҳ”, ки таваллуди руҳ кори ҳикмат аст.

* * *

Тафовути ҳикмат ва фалсафа

Дар ин фазо, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки асосан, тафовути фалсафа ва ҳикмат чист? Воқеият ин аст, ки қудамо бештар фалсафа ва ҳикматро яке мегирифтанд ва ҳикматро дараҷаи олии фалсафа талаққӣ мекарданд. Аммо ба назар мерасад, ки имрӯз бо ин ки фалсафа ҳамчунон аҳаммияти волое дорад ва ба масоили муҳимме мепардозад, аммо аз мабодии ҳикмат қадре фосила гирифтааст ва наметавон фалсафа ва ҳикматро ба як маъно ба кор бурд.

Фориғ аз тафовути ҳикмат ва фалсафа, бояд ба тафовути “илм” ва “ҳикмат” низ таваҷҷӯҳ дошт. Воқеият ин аст, ки ҳар илме аз дараҷоте аз ҳикмат бархӯрдор аст; чун инсонро аз ҷаҳл раҳоӣ медиҳад, аммо бо ин ҳол, он чи “илм” ва “ҳикмат”-ро аз ҳам мутамойиз мекунад, ин аст, ки ҳикмат мавзӯе фаротар аз улуми дигар дорад. Улуми дигар ҳама ба мавҷуди хоссе таваҷҷӯҳ доранд, аммо ҳикмат ба масоили куллӣ мепардозад ва мекӯшад, то ба “маърифати ҳақиқии ашё” бирасад; ин ки ҳақиқати инсон чист? Хубӣ ва бадӣ ба чӣ маъност? Рафтор чӣ гуна бояд бошад? Чӣ гуна рафторе инсонро ба саодат мерасонад ва ғайра.. Ҳамаи инҳо ниёз ба ҳикмат дорад, то посух дода шавад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ҳикмат, “илм ба мутлақ” ва “мутлақи илм” аст. Ин дар ҳолест, ки улуми дигар, улуми муқайяд ҳастанд.

* * *

Ҷойгоҳи ҳикмат дар Эрон

Ҳол, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки ҳикмат дар Эрон, аз чӣ ҷойгоҳе бархӯрдор аст?

Воқеият ин аст, ки Эрон, чӣ қабл ва чӣ баъд аз ислом, “сарзамини ҳикмат” будааст ва эрониён ҳамвора ба ҳикмат шӯҳра буданд то он ҷо, ки метавон муддаӣ шуд бузургони ҳикмати исломӣ бештар эронӣ ҳастанд ва аз он ҷумла метавон ба Форобӣ, Кендӣ, Абулҳасани Омирӣ, Ибни Сино ва ғайра… ишора кард, ки ҳар як китобҳои бисёре дар ҳикмат ба риштаи таҳрир даровардаанд.

Баъд аз ислом ҳам аз он ҷо, ки Қуръони Карим худро ба ҳикмат муаррифӣ мекунад, ҳикмати эронӣ қуввати бештаре гирифт. Албатта, зикри ин нукта зарурӣ аст, ки ҳикмат мунҳасир ба Қуръон нест, балки васфи ҳамаи китобҳои илоҳӣ ва васфи ҳамаи паёмбарон аст, ва ислом сирфан аз ин ҷиҳат, ки мураввиҷи ҳикмат буд ва мардумро ба омӯхтани он даъвату ташвиқ мекард, дар ҳикмат пешӣ гирифтааст.

Аз ин рӯ, дар Эрон ҳар ҷо, ки маркази қудрати сиёсӣ мешуд, ба маркази ҳикмат низ бадал мешуд. Дар ин росто метавон аз шаҳрҳое ҳамчун Бухоро, Самарқанд, Табрез, Ҳирот ва куллан Хуросон, Исфаҳон, Шероз, Қум, Теҳрон (шаҳри ҳазор ҳаким) ном бурд.

Воқеият ин аст, ки ҳикмат дар Эрон аз як ҳаёти мустамирру пойдоре бархӯрдор будааст, ҳарчанд ки бузургтарини мухолифони фалсафа ҳам дар Эрон будаанд, амсоли Ғаззолӣ, Шаҳристонӣ ва Фахри Розӣ аз ин ҷумла ҳастанд, аммо ҳамин нақдҳо ва ишколот боиси рушди фалсафа ва ҳикмат дар Эрон шуд. Ин нақдҳо ағлаб аз ҷониби фуқаҳо, мутакаллимони мӯътазилӣ ва урафо низ матраҳ мешуд.

Эрон танҳо кишварест, ки як суннати фалсафии пайваста дорад, инро дар кишварҳои дигар наметавон ёфт. Дар кишварҳои дигар усули ақоид ба ҷойи фалсафа хонда мешавад, ва агар ҳам фалсафа бихонанд, онро аз дидгоҳи мусташриқон мехонанд.

* * *

Чаро имрӯза ҳаким надорем?

Ба назар мерасад, ки ҳикмат дар Эрон имрӯз равнақи гузаштаи худро аз даст додааст ва мо ҳамчун гузашта ҳаким надорем ва шояд чароии онро битавон дар дугонагии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб радгирӣ кард.

Ин дугонагӣ бо омадани “донишгоҳ” дар Эрон калид хӯрд. Дар гузашта, ба маънои имрӯзӣ “донишгоҳ” надоштем ва фалсафаи исломӣ дар мактабхонаҳо таълим дода мешуд. Бо омадани донишгоҳҳо буд, ки ба тадриҷ фалсафаи ғарб ҳам матраҳ шуд. Аммо бо ин ҳол, теъдоди каме ба донишгоҳ омаданд ва ба ҳамин хотир натавонистем диолуге миёни “фалсафаи исломӣ” ва “фалсафаи ғарб” эҷод кунем ва бо нигоҳе интиқодӣ ба фалсафаи ғарб, раҳёфтҳое барои имрӯзамон биёбем.

Аз тарафе дигар, фалсафаи исломӣ ҳам равнақу шукӯҳеро, ки қабл аз омадани донишгоҳ дошт, аз даст дод. Бинобар ин, ниёзи имрӯзи мо, як диолуги ҷиддӣ миёни фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб аст ва модоме, ки натавонем ин дугонагиро ба як ваҳдат бадал кунем, наметавонем ҳамчун гузашта “ҳаким” тарбият кунем.

Манбаъ: Рӯзномаи Эрон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: