Перейти к содержимому

Се насли занони як хонавода зери фишори мақомоти қудратии Тоҷикистон

Мавҷуда Соҳибназарова, узви Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва сухангӯи ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ӯ, мақомотҳои қудратии Тоҷикистон модари 70 сола ва духтари 28 солаашро зери фишори ҳамешагӣ қарор додаанд. 

Ба гузориши сойти Паём, се насли занони як хонаводаи тоҷик ду сол аст, ки аз бедодиҳои Вазорати коҳои дохилӣ, ки вазифааш ҳифзи тартибот аст ва Кумитаи амнияти миллии кишвар, ки вазифаш таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзу буми кишвар бояд бошад, на фишору таҳдиди мардум, ранҷ мебаранд.

Фишор болои хонаводаи Соҳибназарова аввалин нест ва охирин ҳам нахоҳад буд. Аммо ин фишор аз дигар фишорҳо ба хонаводаҳои мухолифин фарқ дорад. Ин фишорест, ки дар ҳар кишваре, агар 5 дарсади мардумаш бедоранд, ҳади ақал тазоҳурот бармеангехт: фишори як вазорати мардона ба як хонаводаи иборат танҳо аз занон ба хотири фаъолияти сиёсии яке аз ин занон.

Як зан-модар ба сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумати кишвараш розӣ нест ва ин ҳукумат, ки худро демократӣ ва ҳуқуқбунёд медонад, ба пулис дастур додааст, духтари ҷавони ӯ ва модари пири муштипарашро бо фишору таҳқир маҷбур ба садо баланд кардан алайҳи модару духтарашон кунад. Пулис ҳам бидуни кадом истиҳолае ба хонае зада ворид мешавад, ки онҷо ҳамагӣ ду зан — кампиру наберадухтар зиндагӣ мекунанд ва гуноҳашон ҳам ин аст, ки модару духтарашон ҷуръат карда алайҳи сиёсатҳои “пешво”-и инҳо садо баланд кунад.

Паём: Ин фишорҳо бо чӣ шакл анҷом мешаванд ва фосилаашон чӣ миқдор аст?

Мавҷуда Соҳибназарова: Фишорҳо ба хонаводаи ман аз он рӯзе, ки ман Тоҷикистонро тарк кардаму дар конфронси Варшава иштирок доштам, аниқтараш аз он соате шурӯъ шуд, ки паноҳҷӯёни тоҷик берун аз конфронс бахшида ба рӯзи истиқлолияти миллии Тоҷикистон ҷашне доир намуданд. Дар ин ҷашн ман иттифоқан дар паҳлӯи Муҳиддин Кабирӣ нишастам. Ва чун кадоме ин нишастро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн намуд, ҳанӯз аз толор берун нашуда таҳдиду фишорҳо ба ман ва хонаводаам шурӯъ шуд.

Баъди ин духтарамро чандин бор ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват карданд. Чун даъватҳо шифоӣ буданд ва кормандони ин ниҳод ҳуҷҷате пешниҳод нанамуда буданд, духтарам даъватро рад карда, намерафт. Баъдан ба воситаи «повестка» -ҳое, ки мӯҳр надоштанд, духтарамро чанд бори дигар даъват намуданд. Ва ҳушдор доданд, ки ба модарат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ту бояд дар ин парванда чун шоҳид иштирок кунӣ. Вакте ки парвандаро барои шиносоӣ наздаш гузоштаанд дар он ҷуз чанд акс аз конфронси Варшава ва аксҳои дигар чизе набудааст. Аксҳое, ки ман дар Аврупо бо ду се зани тоҷик гирифтаам.

Даъво ҳам он будааст, ки ин занҳо аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи ҲНИТ мебошанд. Хуб, тоҷике дар Аврупо нохост дар хиёбоне як ҳамватани тоҷики худро вомехӯрад, магар гуноҳ аст, ки бо он ҳамватани худ салом кунад ё дар қаҳвахонаи сарироҳие нишаставу бо ҳам чой ё қаҳва нӯшанд? Ин дар кадом қонуни Тоҷикистон навишта шудааст, ки аксгирӣ ва дар паҳлӯи як ҳамватанат нишастан ё ба меҳмонӣ рафтан ба хонаи як ҳамватанат ҷиноят аст?

Баъдтар ҳангоме, ки чанд нафар ба ватан баргаштанду дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатҳои видеоӣ барои ба ватан баргаштан ва мавриди авфи умум аз ҷониби раисиҷумҳур қарор гирифтан шурӯъ шуд, фишорҳо нисбати хонаводаҳо бештар шуданд. Зангҳои пайопайи мақомот ба хонаи мо ҳам афзуданд ва дар яке аз ин даъватҳо ба Кумитаи амнияти миллӣ аз духтарам талаб карданд, ки муроҷиати видеоӣ карда, маро ба Ватан даъват кунад. Агар ман рад кунам, хоҳ нохоҳ маро дуздида ба Ватан бармегардонанд. Гуфтаанд, ки барои ин кор дасташон ба ҳама ҷо мерасад. Ҳатто гуфтанд, ки агар пули баргашт надошта бошад, мо худамон барояш билет мехарем. Духтарам дар посух гуфтааст; — Чӣ гуна билет мехаред, вақте ки барои модарам дар Ватан имкони кор кардан надодеду супориши боло гуфта, корхонае ӯро ба кор намегирифт. Агар ин қадар маблағ дошта бошед, онро барои мардум дар ин ҷо ҳарҷ кунед, то касе тарки ватан накунад. Ман ба модарам занг намезанам ва ҳатто агар занг ҳам занам мегӯям, ки то он вақте ки вазъият ва муносибат чунин аст, барнагард.

Паём: Чаро танҳо бо гузашти ду сол тасмим гирифтед аз фишор ҳарф занед?

М.С.: Ҳамаи дӯстон, хешу табор аз ман хоҳиш менамуданд, ки расонаӣ накун, хомӯш бош, то бадтар накунанд. Ҳатто духтарам борҳову борҳо таъкид мекард, “Очаҷон чизе нанавис. Инҳо маро таъкид мекунанд, ки ба модарат бигӯ хомӯш бошад». Аммо маълум шуд ҳарчӣ сокиттар шудӣ, фишорашон бештар мешавад.

— Оё фишорҳо таъсире ба вазъи равонии модару духтаратон расонида? Ҳама гуна фишор ва таҳдид на фақат ба ҳолати инсон таъсири бад мерасонад, одамро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад, хаставу дилшикаста мекунад. Аммо як чизро набояд фаромӯш кард, ки бо ҳар фишору таҳдид сафи норозиён аз ҳукумат бештар мешавад ва дигар касе ба ин ҳукумат бовар нахоҳад кард, чӣ ҷавон бошаду чӣ пир. Масалан, ман ду сол хомӯш истодам. аз ин пештар дар Ватан чор сол пештар ба хомӯш будан маҷбурам карданд. Имрӯз дарк кардам, ки хатогии бузурге кардам. Дар қиболи ноадолатии ин ҳукумат, таҳдиду фишор хомӯш биистӣ инро нишонаи тарс меҳисобидаанд. Худи ман ҳам ҳарчӣ фишору тахдид ба хонаводам зиёд шавад, ҳамон кадар дар мубориза қавитар мешавам ва қадамҳоям устувортар мешаванд.

Ман муҳоҷиратро ба ин хотир интихоб накардаам, ки мисли баъзеҳо баъди гирифтани ҳуҷҷати паноҳандагӣ мушкилам ҳал шуд, гуфта аз мардум фаромӯш кунам, дар баробари ноадолатӣ хомӯш бошам ва санг ба ҷониби мардум занам. Мақсад аз ин муҳоҷират бояд шикастани решаи ҳама қонуншиканиҳо дар Ватан бошад. Намефаҳмам, агар онҳо аз ин режим розӣ буданд, чаро тарки Тоҷикистон кардаанд? Агар дар Тоҷикистон ҳама гул бошаду онҳо ва хонаводаашон таҳти фишор қарор надорад, чаро барнамегарданд ва чаро онҳо хоин шуморида намешаванду мо хоин? Ва пуле, ки онҳо мегиранд, пули хоҷагони хориҷӣ ҳисоб намеёфтаасту аз онҳое, ки ба хурдтарин ноадолати овоз баланд мекунанд, маблағи хоҷаи хориҷӣ.

Паём: Худи шумо чӣ таъсир мебардоред, вақте мешунавед ду нафари наздиктаринатон боз зери фишори мардони низомӣ қарор гирифтаанд.

М.С.: Ман зан ҳастам, модар ҳастам ва вақте ки мешунавам духтарам ва модарам таҳти фишор қарор доранд, албатта хеле рӯҳияам ҳароб мешавад, асабонӣ мешавам. Аммо боз чун мешунавам, ки мурдаи муҳоҷирбачаи тоҷикеро ба Ватан интиқол доданд, нафареро бо иттиҳоми бофтаву сохта зиндонӣ кардаанд, фасод ба ҷойи кам шудан бештар мешавад, маҳаллчигӣ ва хешу таборчигӣ бештар шуда, эҳсоси адолатхоҳи дар ман бештар мешавад. Ҳазорон муҳочири берун аз Ватан чун ман модар доранд, фарзанд доранд, ҳазорон зиндониёни бегуноҳ модар ва фарзанд доранд? Барои онҳо ман ва чанд нафари чун ман овоз баланд накунем, кӣ мекунад? Киро интизор мешавем? Худамон барои фарзандонамон бо дарёфти адолат зиндагии беҳтар насозем, ки месозад? Ман худамро ҷойи ҳар як муҳоҷири ғариб тасаввур мекунам, тасаввур мекунам, ки ӯ шабро бо чӣ сахти рӯз мекунад. Дигар тарс аз он надорам, ки барои амалам фаъолиятам хонаводаамро таҳти фишор қарор медиҳанд,чунки медонам дар роҳи ҳақ ҳастам.

Зиёд дӯстонам аз Ватан менависанд, “ба ту чӣ, зиндагии худат ва фарзандонатро фикр кун”. Вале рӯзи дигар боз чун сӯҳбат мекунем, лаб ба шиква мекушоянд, ки “ҳоламон бад аст”. Оё ба ҷойи лаб ба шиква кушодан, тарсу ваҳмро як сӯ гузорем, беҳтар нест? Барои ҳақиқатро гуфтан, барои адолат ва ҳимоя аз ҳуқуқи нафаре имрӯз агар фарзанди маро қурбон кунанд, ман розиям. Чунки фардо фарзанди нафари дигаре дар фазои осоишта зиндагӣ мекунад. Ман аз ин ҳарос надорам ва бо ин маро шикаста наметавонанд, баръакс мо бештар талош мекунем, ки занҷири ғуломиро шиканем.

Паём: Шумо дар як постатон ба вазири дохила ишора кардед. Фикр мекунед фармони фишор аз тарафи ӯст? 

М.С.: Зоҳиран, бале. Милисаҳо ҳамон рӯзе, ки хонаамон омадаанд, ба духтарам гуфтанд, хоҳарҷон мо ҳам маҷбурем, супориш гирифтаем, агар не дар ҳамин гармӣ пиёда ба нӯҳум ошёна баромадан осон аст? Амниятиҳо ҳам ҳаминро мегуфтанд, чӣ кор кунем, моро ҳам маҷбур мекунанд, ки ба сари шумо равем. Ҳар гоҳ касе аз мақомот амали ғайриқонуние содир кард мегӯяд фармон аз болост.

Ҳайронам, агар боло Раҳмон бошад, пас бекортарин ва бемасъулияттарин шахс дар ҳукумат будааст, чун корҳои муҳими сиёсати кишварро як тараф монда, фақат бо ҳар як мухолиф дар алоҳидагӣ ҷангидан… ва он ҳам мухолифе, ки мехоҳад воқеияти кишварро ба гӯши кишвардор расонад. Раҳмон ба ҷойи ба ин кори беҳуда машгул шудан, як бор ба дари он корхонае равад, ки чанд вақт пештар лентаашро бурида буд. Ё талаб гузорад, ки ҳар субҳ рӯи мизаш роҳбарони корхонаҳо бизнес-планҳои худро гузоранд, ки кадом намуди маҳсулотро истеҳсол карда метавонанд, барояшон кадом ашёи хоми ватанӣ лозим аст ва ғайраву ҳоказо. Агар Раҳмон ин корро накунаду фақат бо пиру кампирҳо биҷангад, фардо ҳатто барои таъмири пояҳои курсияш мутахассис намеёбаду ин курси сарғалтонаш мекунад.

Кишвардор бояд сари ин масъалаҳо фикр кунад, ҷиҳати бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо дигар давлатҳо шабу рӯз андеша кунад. Андеша кунад, ки кадом намуди молро дар шароити имрӯза метавонад аз Тоҷикистон берун барорад ва бо он ифтихор кунад, бо гирду дегу коса гаштан на кишвардоре ва на давлаташ обрӯ нагирифтааст ва пояи давлаташ мустаҳкам нашудааст.

Манбаъ: Паём

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: