Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (379)

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд (3)

* * *

Гарчи Ҳорутеду Моруту фузун,

Аз ҳама бар боми наҳнуссоффун.

Бар бадиҳои бадон раҳмат кунед,

Бар маниву хешбинӣ кам танед.

Агарчи шумо Ҳоруту Морут ҳастед ва дар олитарин мартибаи малакутӣ қарор доред, нисбат ба бадиҳое, ки аз мардум сар мезанад меҳрубониву эҳсон кунед ва худписандиву такаббурро пешаи худ масозед.

Танидан: дар асл ба маънои бофтан аст, аммо дар инҷо ба маънои ба коре пардохтан аст.

Нукта: Уҷбу худбинӣ бадтарин офати аҳли имон аст. Онон ки ба тоату ибодати худ мағрур мешаванд, аз сироти ҳидоят хориҷ шудаанд ва худ намедонанд.

Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 163-165 сураи Соффот:

وَمَا مِنَّا إِلا لَهُ مَقَامٌ مَعْلُومٌ. وَإِنَّا لَنَحْنُ الصَّافُّونَ. وَإِنَّا لَنَحْنُ الْمُسَبِّحُونَ

Касе аз мо (фариштаҳо) нест ҷуз он ки мақоме муайян дорад. Мо дар парастиши Худо сафф оростаем. Моем ситоишгари Худованд.”

Ҳин, мабодо ғайрат ояд аз камин,

Сарнагун афтед дар қаъри замин.

Огоҳ бошед, ки мабодо ғайрати илоҳӣ аз камингоҳ ба дар ояд, он вақт аст, ки сарнагун дар жарфои замин биафтед.

Ҳар ду гуфтанд: эй Худо, фармон турост,

Бе амони ту амоне худ куҷост?

Ҳар ду (Ҳоруту Морут) гуфтанд: эй Худо! Фармон фармони туст, ва бе он ки ту амону ҳифозат диҳӣ, аммо куҷо пайдо мешавад? Яъне пайдо намешавад.

Ин ҳамегуфтанду дилшон метапид:

Бад куҷо ояд зи мо? Неъмал-ъабид.

Ҳоруту Морут ин ҳарфро заданд, вале қалбашон ба сӯи олами башарияту моддият моил буд ва барои ҳукмронӣ қалбашон метапид ва зери лаб мегуфтанд: аз мо бадӣ кай сар мезанад? Мо, ки некӯбандагонем.

Хор-хори ду фаришта ҳам наҳишт,

То ки тухми хешбиниро накишт.

Хоҳишҳову васвасаҳои дарунии он ду, то тухми худбиниро дар ниҳодашон накошт, роҳату осудаашон нагузошт.

Хор-хор: дағдаға, изтироб, дилвопасӣ, ки бар асари тамоюлу ҳавас ба чизе, дар инсон пайдо мешавад. Наҳишт: фурӯ наниҳод, тарк накард.

Пас ҳамегуфтанд, к-эй аркониён!

Бехабар аз покии руҳониён.

Мо бар ин гардун тутуқҳо метанем,

Бар замин ойему шодурвон занем.

Пас Ҳоруту Морут аз сари худбинӣ мегуфтанд: эй касоне, ки аз аҷсому аносури моддӣ офарида шудаед! Эй касоне, ки аз қадосату таҳорати мавҷудоти руҳонӣ бехабаред! Мо касоне ҳастем, ки бар ин сипеҳри гардун пардаҳое нуронӣ аз тоату ибодат мебофему падид меоварем ва чун ба замин меойем, шодурвон мезанем, яъне басоти адлу дод мегустаронем.

Аркониён: аркон ҷамъи рукн ба маънои поя ва сутун аст, ва ин истилоҳ дар Маснавӣ ба маънои ҷисмониён муқобили руҳониён аст. Тутуқ: саропарда. Шодрувон: соябон, саропарда.

Адл тӯзему ибодат оварем,

Боз ҳар шаб сӯйи гардун барпарем.

То шавем аъҷубаи даври замон,

То ниҳем андар замин амну амон.

Дар замин дод мегустарем ва ибодату тоат баҷо меоварем, ва ҳар шаб ба сӯи осмон парвоз мекунем, то ин ки уъҷубаи даврон шавем ва мояи шигифтии рӯзгор, ва то ин ки дар рӯи замин амону оромиш падид оварем.

Тӯзидан: сурати дигари тӯхтан аст ба маънои андӯхтан ва гузордан, “адл тӯзем” яъне адолатро иҷро мекунем ва онро дар замин мегустарем.

Он қиёси ҳоли гардун бар замин,

Рост н-ояд, фарқ дорад дар камин.

Вале он ду (Ҳоруту Морут) аз ин нукта ғофил буданд, ки вазъу ҳоли осмон бо авзоъу аҳволи замин қобили муқоиса нест ва чигунагӣ ва кайфияти он ду бо ҳам хеле фарқ дорад ва ин тафовут дар камин аст.

Нукта: Ҳоруту Морут қиёси маъалфориқ карда буданд, бад-ин гуна ки ҳамон тавр ки дар осмон мавҷудоти осмонӣ амри Ҳақро исён намекунанд, пас лузуман ҳоли инсони сокин дар замин ва муқайяд ба шаҳавоту амёл низ ҳамин тавр аст; дар ҳоле, ки чунин нет. Ҷоҳилону мубтадиён низ гоҳе кори поконро қиёс аз худ мегиранд ва ба бероҳа мераванд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.980)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: