Перейти к содержимому

Агар ҳукумат мухолифони худро “теруристу экстремист” мешуморад…

Оё ҳукумати Тоҷикистон ҳозир аст сари як миз бо намояндаҳои мухолифонаш, ки онҳоро “теруристу экстремист” мехонад биншинад, ё ба унвони эътироз, ҷаласаро тарк хоҳад кард?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳеч унвони зишту нописанд дар дунё боқӣ намонда магар ин ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон рӯи мухолифони худ ба вежа ҲНИТ он ановину алқобро ниҳода, аз “теруристу экстремист” бигир, то “одамкушу доъишиву ифротию тундрав” ва фақат ин монда, ки бигӯяд, мухолифонаш “одамхӯр” ҳам ҳастанд. Аммо бо ин ҳама, рафтору мавозеъи ин ҳукумат дар маҷомеи байналмилалӣ, бар хилофи ин унвонгузориҳост.

Тавзеҳ ин ки: маъмулан, ҳукуматҳое, ки барои худ эҳтиром қоил ҳастанд, агар касеро ва ё ҷиҳатеро “терурист” шуморанд — чӣ як ҳизби сиёсӣ бошад он ҷиҳат ва ё чӣ як давлат — ҳаргиз омода нестанд бо онҳо сари як миз биншинанд. Ин як равиши маъмулу роиҷ дар дунёст. Ва агар ҷойе чунин иттифоқе биафтад, он ҳукумат эътироз мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки бояд “теруристҳо” ихроҷ бишаванд, вагарна онҳо худ ҷаласаро тарк хоҳанд кард.

Ҳол, суол ин аст, ки оё ҳукумати Тоҷикистон низ чунин хоҳад кард?! Пеш аз пардохтан ба ин масъала, иҷоза бидиҳед аввал андаке аз иттифоқоти дирӯзу имрӯз дар Женев бинависам.

Дирӯз (1 июл) дар Женев 126-умин нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оғоз ба кор намуд ва имрӯз (2 июл) ба кори худ идома медиҳад. Дар ин нишаст, ҳам намоядагони ҳукумати кунунии Тоҷикистон ширкат доранд ва ҳам намояндагони опозисиюни тоҷик. Аз сӯи ҳукумат, аз ҷумла Юсуф Раҳмон — додситони кулл, Абдуҷаббор Сатторзода — раиси Шӯъбаи ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Умед Бобозода — ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Шаҳноза Нодирӣ — муовини вазири адлия, ва аз тарафи опозисиюн намояндагони Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ — раиси ин эътилоф, Темур Варқӣ — узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ), Ҷамшед Ёров – узви Шӯрои раҳбарии АОТ ва намояндаи Human Rihts Vision Fondation, Муҳаммадҷон Кабиров — раҳбари Eurasian Dialogue ва низ намояндагоне аз “Гурӯҳи 24” аз ҷумла Нуриддин Ризоӣ, дар ин нишаст ширкат доранд.

Ба гузориши сойти Ахбор, дирӯз (1 июл), дар ифтитоҳияи ин ҷаласа, намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба мизбон гуфтаанд, ки ҳузури онҳо дар як толор бо намояндаҳои мухолифон “ба амнияти онҳо дар Тоҷикистон хатар эҷод мекунад”, ва аз ин рӯ, баргузоркунандагон аз намояндаҳои мухолифон хоҳиш мекунанд, ки то феълан дар ҷаласа ҳузур пайдо накунанд. Дар ин робита, бо Темур Варқӣ сӯҳбат кардем.

Варқӣ дар тавзеҳи ин рухдод, бо баёни ин ки “ин ҳодиса баръакс кори моро бисёр осон кард” гуфт: “Дар толор, дар ҳангоми ифтитоҳия, фақат ман ва Ҷамшед Ёров ҳузур доштем. Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадҷон Кабиров аслан ҳузур надоштанд, ҳанӯз аз роҳ нарасида буданд. Вақте мизбон ба ману Ҷамшед масъаларо фаҳмонд, худамон, ба эҳтироми намояндагони НПО-и дохилӣ, ҷаласаро тарк кардем. Аммо як матлабро бояд бигӯям. Агар мо 10 соат дар ин ҷаласа суханронӣ мекардем ва барои ҷаҳониён аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегуфтем, то барояшон бифаҳмонем, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон вахим аст, шояд наметавонистем ҳақиқати ҳолро ҳамон тавр ки ҳаст ба онҳо бирасонем. Аммо вақте намояндагони созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башари дохил, ба баргузоркунанда (Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид) мегӯянд, ки агар бо намояндагони мухолифон дар як толор ҳузур пайдо кунанд, ба амнияти онҳо дар Тоҷикистон хатар эҷод мекунад, медонед ин яъне чӣ? Ин ба он маъност, ки дар Тоҷикистон фишору хафақон ба ҳадде аст, ки ҳатто намояндаҳои НПО-и дохилӣ, ки сару корашон бо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст, аз ҳукумат ҳарос доранд, ки агар онҳо бо намояндагони мухолифон дар як толор ҳузур ёбанд, амнияти онҳо ба хатар меафтад.”

Варқӣ афзуд: “Баъд аз ин иттифоқ, баргузоркунандаҳо (Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид) зимни сӯҳбат бо мо, гуфтанд, ки агар вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон то ба ин ҳадд вахим аст, дигар ҳатто ниёзе ба шарҳу тавзеҳи изофӣ нест.”

* * *

Ҳоло ба асли қазия бармегардем. Имрӯз, ва то соатҳое дигар, қарор аст намояндагони ҳукумат яъне Юсуф Раҳмон — додситони кулл, Абдуҷаббор Сатторзода — раиси Шӯъбаи ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Умед Бобозода — ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Шаҳноза Нодирӣ, дар як ҷаласаи кории Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ба пурсишҳои аъзои ин кумита посух бидиҳанд. Дар ин ҷаласа, ҳамаи намояндагони опозисиюн ширкат хоҳанд намуд.

Инак, пурсиш ин аст, ки оё намояндагони ҳукумат ҳозиранд дар як толор ва сари як миз, бо намояндагони опозисиюн, ки онҳоро “теруристу эктремисту доъишиву одамкуш” мешуморанд, биншинанд? Ба гуфтаи намояндагони опозисиюн, ширкати онҳо, ва он ҳам ба хоҳиши мизбон (Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид), қатъист. Намояндагони ҳукумат чӣ хоҳанд кард? Оё ба унвони ҳукумате, ки барои худаш эҳтиром қоил аст, ҷаласаро ба унвони эътироз тарк хоҳанд кард?

Темур Варқӣ, узви боризи ПМТ, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо ба чолиш кашидани ҳукумат, дар ин хусус навиштааст:

Дар ҳоли ҳозир, мо, намояндагони опозитсияи тоҷик шомили Муҳиддин Кабирӣ — раиси ПМТ, Муҳаммадҷон Кабиров — раҳбари “Евразия диалог”, Ҷамшед Ёров – узви Шӯрои Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва намояндаи Human Rihts Vision Fondation ва банда, Темур Варқӣ, узви Шӯрои Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар 126-умин нишасти Комитети Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар дар Женева қарор дорем. Аз тарафи ҳукумат дар ин нишаст, 7 нафар иштирок доранд аз ҷумла Юсуф Раҳмон, додситони кулл, Абдуҷаббор Сатторзода, раиси Шӯъбаи ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири адлия.

Қарор аст, то чанд соати дигар, намояндагони ҳукумат, дар ҳузури мо ба чанд саволи Комитет ҷавоб диҳанд.

Аҷиб аст! Режим мухолифони худро, яъне моро, “террористу экстремист” эълон кардааст. Вале розӣ шудааст дар канори мо нишаста ба саволҳои Комитети СММ оид ба ҳуқуқи башар ҷавоб диҳад. Агар мо “террорист” бошем, барои чӣ розӣ шудед, дар канорамон бишинед?

Ҷавоби ин саволро бояд худашон диҳанд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: