Перейти к содержимому

Идомаи посух ба пурсиш дар бораи худшиносӣ

Дар мақолаи пешин, ба қисмате аз пурсиши бародари азизамон дар бораи худшиносӣ посух дода шуд ва ваъда дода будем, ки дар фурсати муносиб, посухро такмил хоҳем намуд. Аввал пурсишро ёдовар бишавам. Пурсиш ин буд:

Дуруд. Устод мехостам, то худшиносиро тавзеҳ диҳед, хеле содда ва фаҳмо намуда. Хоҳишан хеле содда карда тавзеҳ диҳед, на аз нуқта назари фалсафа. Фарз кунед, ки як мактабхони синфи 8 аз Шумо суол карда истодааст. Пешопеш ташаккур!

А.Қ.”

Дар навиштори қаблӣ, баҳси мо рӯи “худшиносӣ” дар сатҳи фард буд. Ҳоло мепардозем ба баҳси “худшиносӣ” дар сатҳи ҷомеа.

Тавзеҳ он аст, ки: “худшиносӣ”, ҳамон тавр ки дар сатҳи фард матраҳ аст, дар сатҳи ҷомеа низ матраҳ аст. Ба баёне дигар, ҳамон тавр ки як-яки мо, инсонҳо, “худ”-е дорем (“ман”), ҳамин тавр, “мо” ҳам дорем. Боз ба сухане дигар, маҷмӯае аз афроди инсонӣ, ки бо ҳам зиндагии муштарак доранд, барои ин маҷмӯа метавон як “руҳи воҳид” қоил шуд.

Барои фаҳми матлаб, аз зикри ин муқаддима ногузорам. Ва он ин ки: аз қадим миёни донишмандон ин масъала матраҳ будааст, ки оё инсон иҷтимоӣ офарида шудааст ё на? Яъне, оё инсон табиатан ба сурати “ҷузъе аз кулл” офарида шудааст ва дар ниҳоди ӯ гаройиш ба пайвастан ба “кулл” ҳаст, ва ё ин ки иҷтимоӣ офарида нашуда, балки зиндагии иҷтимоӣ бар ӯ таҳмил шудааст? Феълан, мақом мақоми баёни так-таки оро ва назариёти донишмандон дар ин хусус нест. Ҳамин андоза арз кунам, ки дидгоҳи дуруст, дидгоҳи донишмандоне аст, ки мӯътақиданд инсон фитратан иҷтимоӣ офарида шуда. Яъне иҷтимоӣ будан, дар ниҳоди инсон гузошта шудааст ва зиндагии иҷтимоии инсон як амри табиӣ аст, на сирфан қарордодӣ ва таҳмилӣ.

Ҷомеа таркибе аз афрод аст яъне ман, ту, вай, ва хулоса ҳамаи мо. Ва ин таркиб, таркиби руҳҳо, андешаҳо, отифаҳо, хостҳо, иродаҳо, ва хулоса таркиби фарҳангҳост. Афрод, ки ҳар кадом як воҳиди мустақил ҳастанд, вақте вориди зиндагии иҷтимоӣ мешаванд, ҳувияти руҳии ҷадиде меёбанд, ки аз он ба “руҳи ҷамъӣ” таъбир мешавад.

Ойини ислом, дар айни он ки барои фард истиқлолу асолат қоил аст, барои ҷомеа низ як “руҳи воҳид» қоил аст. Ислом барои ҷомеаҳо сарнавишти муштарак қоил аст. Дар ояти 34 сураи Аъроф мефармояд:

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلا يَسْتَقْدِمُونَ

Ҳар уммате (ҳар ҷомеае) муддат ва поёне дорад, марге дорад; пас он гоҳ ки поёни корашон фаро расид, соате ақибтар ё ҷилавтар намеуфтад.” Ба далели сарнавишти муштарак доштани афроди ҷомеа аст, ки агар як нафар бихоҳад гуноҳе муртакиб шавад, бар дигарон лозим аст монеъи ӯ гарданд. Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) таъсири гуноҳи фардро бар ҷомеа зимни масали бисёр зебое баён кардаанд. Мефармоянд: гурӯҳе савори киштӣ буданд ва киштӣ дар дарё ҳаракат мекард. Яке аз мусофирон, дар ҷойе, ки нишаста буд, машғули сӯрох кардани киштӣ шуд. Дигарон, ба узри ин, ки ӯ ҷойи худашро сӯрох мекунад (ва ба истилоҳ, Исо ба динаш ва Мӯсо ба динаш), ба ӯ чизе нагуфтанд ва дар натиҷа киштӣ ғарқ шуд ва ҳама ҳалок гардиданд. Агар дигарон дасти ӯро гирифта ва монеъи кораш мешуданд, ҳам худ ҷон ба саломат мебурданд ва ҳам ӯро наҷот медоданд.

Пас, ҷомеа низ мисли фард дорои “руҳи ҷамъӣ” ва як “худ” аст. Ин “руҳи ҷамъӣ” як вақт ба сурати “як миллат” зуҳур пайдо мекунад, як вақт ҳам ба сурати “инсон” ва як вақти дигар низ паёмбарон онро барои мо ба намоиш мегузоранд.

1) Миллатгароӣ:

Инсон дар асари зиндагии муштарак бо гурӯҳе аз мардум бо одобу русуми муштарак, таърихи муштарак, пирӯзиҳову шикастҳои муштарак, забони муштарак ва билохира фарҳанги муштарак, навъе ягонагӣ бо онҳо пайдо мекунад ва ҳамон тавр ки як фард дорои як “худ” аст, як қавм ва як миллат ба иллати доштани фарҳанги муштарак, як “худ”-и миллӣ пайдо мекунад. Яъне як миллат, як “мо” мешавад, ки аҳёнан барои ин “мо”, фидокорӣ мекунад, аз пирӯзии “мо” эҳсоси ғурур ва аз шикасти он эҳсоси сарафкандагӣ мекунад.

Дар ин навъ “руҳи ҷамъӣ”, ҳама чиз — арзёбиҳо, эҳсосҳо, довариҳо, ҷиҳатгириҳо — ҷанбаи миллӣ дорад ва бо ақрабаи миллият мечархад.

Худшиносӣ дар ин навъ “руҳи ҷамъӣ” яъне шинохти таърих, фарҳанг, сунану одот, забон ва ғайра аст. Миллатгароӣ агарчӣ нажодпарастӣ нест ва бо он тафовут дорад, вале агар дар назди миллате бар мабнои бартар дидани “худ” яъне бартар дидани “мо” аз дигар қавмиятҳо ва миллиятҳо устувор бишавад ва “миллият” меъёри арзёбиҳо ва довариҳояш гардад, ин қатъан нописанду мазмум аст, ва дар воқеъ навъе худхоҳӣ ва худписандӣ аст, ки фоқиди ҷанбаи ахлоқӣ аст. Ин нажодпарастӣ аст.

2) Инсонгароӣ:

Инсонгароӣ бар ин аслу асос устувор аст, ки инсонҳо маҷмӯан як воҳиди воқеӣ ба шумор мераванд ва аз як “виҷдони муштараки инсонӣ” баҳраманданд. Фалосифае монанди Огуст Канти фаронсавӣ, ки дар ҷустуҷӯи “дини инсоният” буданд, мураввиҷи ҳамин андеша буданд. Умонизм (Humanism= Гуманизм), ки худаш як фалсафа аст, ҳамин аст. Умонизм инсонро дар моварои табақот, миллиятҳо, фарҳангҳо, мазҳабҳо, рангҳо, нажодҳо ва хунҳо ба сурати як воҳид мебинад ва ҳар гуна табъизу тафовутеро нафй мекунад. Эъломияи “Ҳуқуқи башар” бар ҳамин фалсафа такя дорад.

Худшиносӣ дар ин навъ “руҳи ҷамъӣ” яъне шинохт ба инсон дар робитааш бо инсонҳои дигар. Инсонгаро, дағдағааш “инсон” аст, қатъи назар аз ранг, миллият, нажод ва ойинаш, ва ба қавли Саъдӣ:

Бани Одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз миҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

3) Инсонгароии паёмбарона:

Инсонгароии паёмбарона фарқаш бо инсонгароие, ки дар боло гуфта омад, яъне умонизм, дар ин аст, ки дағдағааш танҳо саодату рифоҳи инсон дар ин дунё нест, ин фақат қисме аз дағдағаи ӯст. Инсон дар назари ӯ, мавҷудест, ки “буданаш” дар ин дунё, фақат як марҳила аз мароҳили зиндагии ӯст ва пас аз ин дунё, ба дунёе дигар мунтақил ва дар он ба зиндагии худ идома хоҳад дод ва аз ин рӯ як инсони хушбахту босаодат, инсонест, ки дар дунёву охират, ҳар ду, ба саодат ноил ояд. Ба сухани дигар, ҳадафи паёмбарон ва фиристодаҳои илоҳӣ, на танҳо расондани инсон ба саодати дунявӣ аст, балки мехоҳанд инсонро, илова бар дунё, дар охират ҳам ба саодат бирасонанд.

Дар инсонгароии паёмбарона, меҳвар, на “миллият” аст ва на ҳатто худи “инсон”, балки меҳвар Худост. Вақте Худо меҳвари тамоми ҳаракоту саканоти инсон мегарданд, дар ин сурат, инсон “худ” намебинад, ӯ фақат Худо мебинад. Агар бино бар назари дигар макотиб мисли умонизм, дағдағаи инсон инсон аст ва дарди ӯ дарди инсонҳо, ин “дағдаға” тавҷеҳ мешавад ба ин ки саодати ту ба унвони як фард дар ҷомеа, дар гарави саодати ҳамнавъони туст. Яъне дар инҷо, “ман” матраҳ аст. Аммо дар инсонгароии паёмбарона, аслан ҳеч ману манияте дар миён нест, ҳама Худост.

Бинобар ин, “худшиносӣ” аз манзари ин нигоҳ, яъне шинохтани мабдаъу маъод, шинохтани аслу реша.

Ба ҳамин андоза басанда мекунам, тӯлонӣ шуд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: