Перейти к содержимому

“Мусодира ба матлуб”-и намояндагони ҳукумат дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари СММ

Акс аз Родию Озодӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Посухҳои намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти дирӯзу имрӯзи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба пурсишҳои коршиносони ин кумита, аҷибу ғариб аст. Онҳо дар посухи пурсишҳои коршиносон, дақиқан ҳамон хузаъбалотеро такрор мекунанд, ки ҳама шунидаем ва қатъан ба гӯши маҷомеи байналмилалӣ ҳам расидааст. Намояндагони ҳукумат гӯӣ ин ки мутаваҷҷеҳ нестанд, ё худро ба надонистан мезананд, ки пурсишҳо ва шакку шубаҳоте, ки коршиносон дар ин нишаст матраҳ мекунанд, дар воқеъ пас аз қонеъ нагардидани Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз гузоришҳои расмии ҳукумат дар гузашта аст.

Дар истилоҳ, ин рафтори намояндагони ҳукуматро “мусодира ба матлуб” (Begging the question) мегӯянд. “Мусодира ба матлуб” ин аст, ки вақте шумо иддаое бикунед ва аз шумо бипурсанд далели ин иддаои ту чист, шумо дар посух ҳамон иддаои мавриди назари худро ба унвони “далел” биёваред, дуруст мисли он чи дар ин шеър омада, ки:

Донӣ кафи даст аз чӣ бемӯст?

Зеро кафи даст мӯ надорад.

Мепурсад, оё медонед чаро кафи даст бемӯст ва далели бемӯ будани он чист? Дар посух ин гуна “далел” меоварад ва посух медиҳад, ки даст ба ин далел бемӯст, ки чун “кафи даст мӯ надорад”.

Дар ҷаласаи дирӯз, коршиноси Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ин суолро дар робита бо қазияи Зайд Саидов матраҳ карда буд, ки иттиҳомоте, ки бар асоси онҳо додгоҳи Тоҷикистон ӯро маҳкум ба 26 сол зиндон кардааст, қонеъкунанда нестанд ва ниёз ба барпоии додгоҳи муҷаддад вуҷуд дорад. Яъне мо ҳамаи он иттиҳомотро мавриди баррасӣ қарор додаем ва ба ин натиҷа расидаем, ки онҳо қонеъкунанда нестанд. Аммо ҷаноби додситони кулл, дар посух, ба ҷойи ин ки масалан бигӯяд, додгоҳи таҷдиди назар баргузор шуд ва бо ин ё он далели мувассақ иттиҳомот собит шуданд, ба ҷойи ин, айни иддаои аввалиро такрор мекунад ва мегӯяд, додгоҳ ҳамаи иттиҳомоти вай, аз ҷумла сирқати пули давлат, таҷовуз ба номус ва тақаллубкориҳоро собит кард, ва ба ҳамин “далоил”, ӯ ба зиндон маҳкум гардида. Ин аст намунаи боризи “мусодира ба матлуб”.

Дар робита бо марги машкуки зиндониён Қурбон Маннонов ва Нозим Тошев, ки дирӯз коршиноси Кумитаи ҳуқуқи башари СММ тавзеҳ хоста буд, намояндаи ҳукумат, бидуни овардани “далеле”, иддао кард, марги онҳо бар асари “беморӣ” будааст. Ин ҳам як намунаи дигар аз “мусодира ба матлуб”.

Дар робита бо парвандаи Муҳаммадалӣ Ҳаит низ агар коршиноси Кумитаи ҳуқуқи башари СММ масъалаи “шиканҷа шудан”-и ӯро ба миён овард ва дар ин хусус аз намояндаи ҳукумат тавзеҳ хост, ба ин далел буд, ки зарфи се-чаҳор соли ахир гузоришҳои мувассақ ва мустанад ҳамроҳ бо филми гуфтугӯи худи Ҳаит бо вакилаш (Ҷамшед Ёров), ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ироа шуда буд. Аммо додситони кулл дар посух ба ҷойи овардани “далел”, бо тамоми пуррӯӣ иддао мекунад, ки ҳеч навъ шиканҷае рӯи Ҳаит сурат нагирифтааст ва вакили дифои ӯ ҳам дар ин бора ҳеч шикояте накардааст (!)

Намунаи дигари “мусодира ба матлуб”-и намояндагони ҳукумат дар посух ба пурсишҳои коршиносони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, дар парвандаи вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров таҷассум пайдо кард. Додситони кулл дар посухи тавзеҳи коршинос, ба ҷойи зикри лоақал яке-ду далели қонеъкунанда, ҳамон ҳарфу хузаъбалоти гузаштаро такрор кард ва гуфт, Бузургмеҳр на ба далели мавозеъи сиёсиаш, балки ба хотири ҷиноёте, ки муртакиб шудааст, маҳкум ба зиндон гардида.

Донӣ кафи даст аз чӣ бемӯст?

Зеро кафи даст мӯ надорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: