Перейти к содержимому

Чаро Тромп Эронро ба самти ҷанг мекашонад?

Ба қалами Пол Пилор (Paul R. Pillar), устоди донишгоҳ ва узви собиқи Ожонси иттилооти Омрико (CIA) дар нашрияи National Interest

Баёнияи Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Омрико, дар бораи охирин ҳодисаи нафткашҳо дар дарёи Уммонро аз бисёре ҷиҳот метавон баҳсбарангез хонд. Ин баёния бо муқассир донистани Эрон шурӯъ шуд дар ҳоле, ки ҳанӯз маншаи оташсӯзӣ ва инфиҷор дар тонкерҳои нафткаш маълум нашуда буд. Ширкати жопунӣ, молики яке аз нафткашҳо, эълом кард, ки гузориши коркунони он дар бораи он чи дар киштӣ рух дод, бо гузориши аввалии Иёлоти Муттаҳида аз ҳодиса, ҳамхонӣ надоштааст. Аз ҳама муҳимтар ин ки ҳеч кас наметавонад бигӯяд Эрон дақиқан чаро бояд то ин андоза барои хиҷолатзада кардани Обе Шинзу, нахуствазири Жопун, ки дар замони ҳодиса дар Теҳрон ба сар мебурд, талош карда бошад?!

Пол Пилор (Paul R. Pillar), устоди донишгоҳ ва узви собиқи Ожонси иттилооти Омрико (CIA)

Феҳристи Помпео аз далоили он чи ӯ “арзёбии давлати Иёлоти Муттаҳида” аз даст доштани Эрон дар ин ҳодиса хонд, аз бисёре ҷиҳот суолбарангез аст. Яке аз далоиле, ки Помпео ба он ишора кард, “ҳамалоти мушобеҳи ахири Эрон ба киштиҳо” буд, ки ишорае мустақим ба ҳодисаи моҳи май дар иртибот бо чаҳор нафткаш дар соҳили Амороти Муттаҳидаи Арабӣ маҳсуб мешуд. Агарчи Иёлоти Муттаҳида билофосила пас аз он ҳодиса ангушти иттиҳомро рӯ ба Эрон дароз кард, аммо ҳанӯз ҳам шакку тардидҳои зиёде дар бораи он вуҷуд дорад. Далели дигари матраҳшуда аз сӯи Помпео ин буд: “Ҳеч як аз гурӯҳҳои шибҳинизомии фаъол дар минтақа, манобеъ ва тавоноии лозим барои анҷоми чунин амалиёти дақиқеро надоштанд”. Аммо суол ин аст, ки чаро ӯ танҳо ба “гурӯҳҳои ниёбатӣ” ишора мекунад ва дигар кишварҳои минтақаро мадди назар қарор намедиҳад? Ба вежа ки кишварҳои зиёде дар минтақа ҳастанд, ки аз ташдиди танишҳо байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида бисёр хушнуд хоҳанд шуд.

Аммо ба ҳар ҳол, Иёлоти Муттаҳида Эронро мазнуни шумораи як дар ҳамла ба нафткашҳо медонад. Он чи дар баёнияи Помпео ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, истифода аз вожаи “таҳрик” дар бораи иқдомоти Эрон аст. Давлати Тромп беш аз як сол пеш ба таъаҳҳудоти Иёлоти Муттаҳида ба Барҷом — тавофуқи чандҷонибае, ки барномаи ҳастаии Эронро маҳдуд ва ҳамаи масирҳои мумкин барои дастёбии он ба як силоҳи ҳастаиро баста буд — пушт кард. Ба рағми он ки Эрон ҳамчунон ба таъаҳҳудоти худ ба Барҷом пойбанд монда буд, давлати Тромп як ҷанги иқтисодӣ алайҳи ин кишвар оғоз кард ва дар талошҳои бевақфа барои фалаҷ кардани иқтисоди Эрон, мудом бар шиддати таҳримҳои эъмолшуда алайҳи ин кишвар афзуд ва зиндагиро барои эрониҳо ба фоҷеа табдил ва Эронро аз ҳар ҷиҳати мумкин тазъиф кард. Омрико ҳамаи кишварҳои саросари ҷаҳонро барои қатъи равобити тиҷориашон бо Эрон таҳти фишор қарор дод ва ин кампинро бо хусумати номаҳдуд, таҳдид ба ҳамлаи низомӣ ва кашидани шамшер аз рӯ аз ҷумла эъзоми нерӯи низомӣ ба ҳаёти хилвати Эрон, ҳамроҳ кард. Агар ҳеч як аз ин иқдомот, таҳрик кардани Эрон ба шумор наёянд, вожаи “таҳрик” ҳамаи маънои худро аз даст додааст.

Танишҳои ахири пешомада аз ҷумла ҳамалот ба нафткашҳо, натиҷаи мустақим ва қобили пешбинии кампини номуваффақи “эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ”-и Тромп ҳастанд. Ҳатто бар фарзи ин ки тасаввур шавад иттиҳомоти давлати Тромп мабнӣ бар муқассир будани Эрон дар ҳамла ба нафткашҳо дуруст буда бошад, боз ҳам ҳеч шавоҳиду мадраке вуҷуд надорад, ки нишон диҳад агар Иёлоти Муттаҳида ба таъаҳҳудоти худ пойбанд мемонд ва аз диплумосӣ барои ҳалли мушкилот байни ду кишвар истифода мекард, Эрон ба фикри харобкорӣ дар нафткашҳои як кишвари дигар меафтод. Ҳеҷ кас дар Вошингтун дӯст надорад, ки изҳороти мақомот дар Теҳронро таъйид кунад, аммо вақте эрониҳо ба ин масъала ишора мекунанд, ки ҳеч гоҳ аз нерӯҳои низомӣ барои таҷовуз ба яке аз кишварҳои ҳамсояи худ истифода накардаанд, наметавон онро таъйид накард. Ин дақиқан чизе аст, ки дар бораи шумори дигаре аз кишварҳои минтақа ба ҳеч ваҷҳ сидқ намекунад.

Ҳатто агар Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи иқтисодӣ алайҳи ин кишвар, иқдом ба харобкорӣ дар нафткашҳо карда бошад, боз ҳам ин иқдом ҳамонанди боқии фаъолиятҳои Эрон дар минтақа, вокунишӣ будааст. Масалан, вақте Ироқ ба Эрон ҳамла кард, Эрон маҷбур ба ҷанг бо он шуд. Эрон замоне ба Ҳизбуллоҳ кӯмак кард, ки Исроил ба Лубнон ҳамла карда буд. Эрон замоне аз Ҳусиҳо ҳимоят кард, ки Яман аз сӯи Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифта буд. Эрон замоне ба Ироқ ва Сурия кӯмаки низомӣ кард, ки ин ду кишвар аз сӯи ДОЪИШ ва дигар шӯришиҳо мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Интизори ин ки Эрон боз ҳам дар вокуниш ба ҳамалоти низомӣ ё иқтисодӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида иқдоме анҷом диҳад, чандон дур аз зеҳн нест. Наметавон аз Эрон интизор дошт пас аз сабре, ки дар як соли гузашта нишон дода, ҳамчунон даст рӯи даст бигузорад ва ҳама чизро таҳаммул кунад.

Нерӯҳои ҳомии ҷанг дар дохили давлати Тромп акнун маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд, чун зоҳиран сабри раисиҷумҳуре, ки ҷанг бо Эронро намехоҳад, лабрез шудааст. Аммо масъала ин ҷост, ки агар Тромп воқеан хоҳони ҷанг нест, бояд дарк кунад, ки диплумосӣ маънои дархост аз сӯи як тараф ва қабули дархост аз сӯи тарафи дигарро намедиҳад. Ӯ ҳамчунин бояд мутаваҷҷеҳ шавад, ки кампини эъмоли фишори ҳаддиаксарии ӯ дар дастёбӣ ба як “тавофуқи беҳтар”, тағйири рафтори Эрон дар ҷиҳати беҳтар, ё осеб ба низоми Эрон бештар аз мардуми ин кишвар, шикаст хӯрдааст. Кампини ӯ яке аз муҳимтарин дастовардҳои манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ дар солҳои ахирро ба нобудӣ кашонда ва вокунишҳоеро дар пай дошта, ки ҷангро беш аз ҳар замони дигаре наздик кардааст.

National Interest

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: