Ардуғон мехоҳад байни Эрон ва Омрико миёнҷигарӣ кунад
Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, пас аз сафари худ ба Жопун ва Чин дирӯз дар як нишасти хабарӣ дар Онкоро гуфт, дар ҷараёни дидорам бо Обе Шинзу, нахуствазири Жопун, ӯ аз ман дархости ҳамкорӣ барои миёнҷигарӣ байни Эрон ва Омрико кард ва ман ҳам мувофиқат кардам.
Ба гузориши CNN турк, ӯ гуфт: “Дар дидорам бо нахуствазири Жопун ӯ ба ман гуфт, ки барои коҳиши таниш байни Эрон ва Омрико оё метавонем бо ҳам ҳамкорӣ кунем? Ман ҳам посух додам, чаро ки на. Ман метавонам ҳам бо Ҳасани Руҳонӣ ва ҳам бо Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин бора дидор дошта бошам. Агар мехоҳед дидори муштарак дошта бошем, барои он ҳам ҳозирам.”
Ӯ афзуд: “Албатта, ин ки миёнҷигариро аз куҷо бояд оғоз кунем ва чӣ масиреро тай кунем ва дар ниҳоят ба куҷо бирасонем, мавзӯи баҳс аст. Аҷамҳо зарбулмасале доранд, мегӯянд: “Нишастанд, сӯҳбат карданд ва баъд рафтанд.” Агар қарор аст чунин шавад, ҳеч маъное надорад, фақат вақт талаф кардан аст.”
Ардуғон дар идома гуфт: “Мо бояд ба дунболи натиҷа бошем. Ман аз ҷаноби нахуствазир Шинзу пурсидам: шумо, ки ба дидори мақомоти Эрон рафтед, авзоъро чӣ тавр мебинед? Ӯ дар посух гуфт, ки ба натоиҷи мусбате нарасидааст. Ман ҳам гуфтам, аз ин ба баъд бояд барномарезӣ дасти худи мо бошад ва қадамҳои баъдиро бо машварату ҳамкории якдигар бардорем.”
Изҳори назарҳо