Перейти к содержимому

Барои чӣ мақомоти амниятӣ даст ба ин кори палид мезананд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке-ду сол аст, ки сойтҳои ба зоҳир мустақил, вале вобаста ба ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, наворҳоеро пушти сари ҳам пахш мекунанд, ки ҳам ғайриқонунӣ ҳастанд, ҳам ғайриахлоқӣ ва ҳам ба лиҳози шариат, комилан ғайримашрӯъ. Наворҳое бо ин муҳтаво, ки гӯӣ зане ё духтаре, дар манзилаш ё дар ҷойе, бо як марди бегона машғули робитаи ғайримашрӯъ будааст, ва якдафъа, афроде пайдо мешаванд ва бо наворбардории он саҳнаҳо, шурӯъ мекунанд ба латукӯби он ду. Дар бештари маворид, ин афрод аз наздикону бастагони он зан — бародараш, хоҳараш ё модаршавҳараш — будаанд.

Бо қотеият намегӯям, аммо аз нашр шудани ин гуна наворҳо танҳо дар сойтҳои мазкур, чунин ба назар мерасад, ки ҷиҳате, ки иқдом ба нашри ин наворҳо мекунад, ҳам ӯст, ки бо як ҳадафи муайян, ин гуна саҳнаҳоро ба навор бармедорад ва сипас мунташир мекунад.

Намедонам, ҳадафи онҳо аз ин кор чист; оё ба хотири саргармӣ ин корро мекунанд, ё ҳадафашон масалан ифшогарӣ аст ва бо ин кор мехоҳанд ҷилави ин аъмолро бигиранд, ё ин ки шаҳрвандонро бо ин кор мехоҳанд аз мушкилоти аслӣ андармон кунанд, инро намедонам, вале ҳадафашон ҳар чи ҳаст, аммо бояд бидонанд, ки ин кор аввалан, тибқи қонунгузории мавҷуд, як амали ғайриқонунӣ аст, ва сониян, тибқи меъёрҳои ахлоқӣ комилан ғайриахлоқӣ ва ҳатто бар мабнои омӯзаҳои шаръӣ, як амали ғайримашрӯъ мебошад.

Пештар, дар мақолае мутаъарризи ин мавзӯъ шуда ва хотирнишон карда будам, ки агар амали он зану марди бегона зишт аст, аммо интишори навори ин саҳна, ба маротиб зишттару нописандтар аст ва паёмадҳои бас манфӣ дорад. Зеро, вақте як инсон муртакиби гуноҳе мешавад, агар касе ба он огоҳ гардид (ба ҳар далел) ва хост гуноҳкорро аз кораш боздорад, дар ин сурат, ҳам урфан ва ҳам шаръан, бояд бе он ки сирру асрори он бандаи Худоро ифшо намояду миёни мардум обрӯяшро бирезад, ба худаш тазаккур бидиҳад. Зеро ки гуноҳи ифшои асрор ва обрӯрезӣ, бадтар аз гуноҳи зиност. Ба баёни дигар, касоне, ки обрӯрезӣ роҳ меандозанд, муртакиби гуноҳе шудаанд бадтар аз зино. Вақте одам обрӯяш дар ҷомеа бирезад, баъид нест даст ба худкушӣ бизанад.

Як вақт суитафоҳум пеш наояд. Банда ба ҳеч ваҷҳ амали он зану мардро тавҷеҳ намекунам, балки ҳарфам ин аст, ки роҳи боздоштани як инсони хатокор аз хатояш, ин нест. Ба Худо савганд ин нест! Роҳаш ифшо ва обрӯрезӣ нест. Одам вақте бибинад, обрӯяш миёни мардум рехтааст ва ангуштнамо гардидааст, ӯ ба ҳар коре даст мезанад, то марзи худкушӣ меравад. Ба илова, ин марду зан агар фарзандоне доранд, оё ифшокорон фикри ин баччаҳои бегуноҳро мекунанд?! Шояд то охири умр бар руҳу равони ин баччаҳо таъсири ин кор боқӣ бимонад ва дар ҷомеа сарашон хам бимонад.

* * *

Ҳамон тавр ки арз шуд, ин кор аз назари шариат ҳам як кори ҳаром аст. Ислом аз таҷассус наҳй кардааст. Таҷассус яъне “вориди ҳарими хусусии афрод” шудан. Афроде, ки пушти ин корҳо ҳастанд, агар худро мусалмон медонанд, ба ин ривояти саҳеҳ лутфан таваҷҷӯҳ кунанд:

عَنِ الْمِسْوَرِ بْنِ مَخْرَمَةَ عَنْ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ عَوْفٍ : أَنَّهُ حَرَسَ مَعَ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ رَضِىَ اللَّهُ عَنْهُمَا لَيْلَةً بِالْمَدِينَةِ فَبَيْنَا هُمْ يَمْشُونَ شَبَّ لَهُمْ سِرَاجٌ فِى بَيْتٍ فَانْطَلَقُوا يَؤُمُّونَهُ حَتَّى إِذَا دَنَوْا مِنْهُ إِذَا بَابٌ مُجَافٍ عَلَى قَوْمٍ لَهُمْ فِيهِ أَصْوَاتٌ مُرْتَفِعَةٌ وَلَغَطٌ فَقَالَ عُمَرُ رَضِىَ اللَّهِ عَنْهُ وَأَخَذَ بِيَدِ عَبْدِ الرَّحْمَنِ فَقَالَ : أَتَدْرِى بَيْتُ مَنْ هَذَا؟ قُلْتُ : لاَ. قَالَ : هَذَا بَيْتُ رَبِيعَةَ بْنِ أُمَيَّةَ بْنِ خَلَفٍ وَهُمُ الآنَ شُرَّبٌ فَما تَرَى. قَالَ عَبْدُ الرَّحْمَنِ : أَرَى قَدْ أَتَيْنَا مَا نَهَى اللَّهُ عَنْهُ فَقَالَ (وَلاَ تَجَسَّسُوا) فَقَدْ تَجَسَّسْنَا فَانْصَرَفَ عَنْهُمْ عُمَرُ رَضِىَ اللَّهُ عَنْهُ وَتَرَكَهُمْ

Абдурраҳмон ибни Авф мегӯяд, ки ӯ шабонгоҳҳо халифаи вақт Умар ибни Хаттоб (р)-ро дар ҳифозату ҳиросати мардуми Мадина (ва таъмини амнияти онҳо) ҳамроҳӣ мекард. Рӯзе он ду ба ҳамин манзур роҳ мерафтанд, ки диданд, чароғе дар як манзил равшан аст; рафтанд, то бибинанд чӣ хабар аст? Наздики он хона, ки шуданд, диданд гурӯҳе дар он ҷамъ шудаанд ва садоҳояшон баланд аст. Умар ибни Хаттоб (р) дар ҳоле, ки дасти Абдурраҳмонро гирифта буд, гуфт: оё медонӣ ин манзил манзили кист? Арз кард: намедонам. Халифа фармуд: ин хона хонаи Рабиъа ибни Умайя ибни Халаф аст ва онҳо алъон машғули шаробнӯшӣ ҳастанд, назарат чист? (Яъне чӣ кор кунем?) Абдурраҳмон арз кард: назарам ин аст, ки мо вориди ҳариме шудаем, ки Худованд аз вуруд ба он манъамон карда ва фармуда: “Таҷассус макунед!…” аммо ману ту бо ин корамон муртакиби таҷассус шудем. Халифа инро, ки шунид мунсариф шуда ва аҳли хонаро ба ҳолашон вогузошт ва рафт. (Сунани Куброи Байҳақӣ, 8/333, ривоят ривояти саҳеҳ аст.)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: