Перейти к содержимому

Чаро ҳамсару духтарони ҳокими Дубай аз дасташ фирор мекунанд?

Расонаҳо чанд рӯз аст, ки дар мавриди Ҳаё бинт Ҳусайн менависанд; яке аз ҳамсарони ҳокими Дубай, ки аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гурехтааст.

Муҳаммад бен Рошид Оли Мактум, ҳокими Дубай ҳамроҳи ҳамсараш Ҳаё бинт Ҳусайн. Акс аз хабаргузории Олмон

Ба гузориши хабаргузории Олмон, Ҳаё бинт Ҳусайн аз Олмон тақозои паноҳандагӣ кардааст, аммо дар ҳоли ҳозир дар Ангилис ба сар мебарад. Ҳаё бинт Ҳусайн барномаи фирорашро бо кӯмаки як диплумоти олмонӣ рехтааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Олмон дар конфронси хабарӣ таъкид кард, ки наметавонад гузоришҳоеро, ки дар ин робита мунташир шудаанд таъйид кунад. Аммо як вакил бо номи Дэвид Ҳи (David Haigh) рӯзи душанбе (1 июл) дар гуфтугӯ бо хабаргузории Олмон таъйид кардааст, ки Ҳаё дар Ангилис аст. Ин вакил дар гурӯҳе фаъолият мекунад, ки барои озодии Латифа Оли Мактум — яке аз духтарони ҳамсари Муҳаммад бен Рошид Оли Мактум талош мекунанд.

Ҳаё бинт Ҳусайн духтари подшоҳи пешини Ӯрдун ва хоҳари нотании подшоҳи кунунии Ӯрдун аст, ки дар соли 2004 бо ҳокими Дубай издивоҷ кард. Ҳаё дар Донишгоҳи Оксфурд дар риштаи улуми сиёсӣ, фалсафа ва иқтисод таҳсил кардааст. Ӯ ҳатто дар варзиш ҳам ҳарфе барои гуфтан дорад ва дар соли 2000 дар риштаи париш бо асб, намояндаи Ӯрдун дар бозиҳои олимпии Сидней буд.

Муҳаммад бен Рошид Оли Мактум ҳанӯз дар мавриди фирори ҳамсараш изҳори назаре накардааст. Аммо дар сафҳаи Инстогроми мансуб ба ӯ, як шеър мунташир шуда, ки гуфта мешавад дар иртибот бо нопадид шудани ҳамсараш аст.

Дар ин шеър бо унвони: “Зинда будӣ ва мурдӣ” ба “бадаҳдӣ, хиёнат, бевафоӣ ва убур аз марзҳои таърифшуда” ишора шудааст. Дар ин шеър мухотаб муттаҳам аст, ки “аз эътимод суистифода кардааст”. Дар поёни шеър омадааст: “Рафтори шайтониат кӯмаке ба ту нахоҳад кард // Барои ман фарқе намекунад, ки ту мурдаӣ ё зинда”.

* * *

Духтарони ҳокими Дубай, ки фирор карданд

Ҳамсари Муҳаммад бен Рошид Оли Мактум нахустин зане нест, ки ҳокими Дубайро тарк мекунад. Дар августи соли 2000 яке аз духтарони Мактум ба номи Шамса Оли Мактум даст ба фирор зад, ки чанд ҳафта баъд дар Кембриҷ рубуда шуд ва гуфта мешавад, ки рӯзи баъд аз рабуда шудан, ба Дубай баргардонда шудааст. Ӯ 8 сол дар Дубай зиндонӣ буд.

Латифа духтари дигари ҳокими Дубай аст, ки дар моҳи марти соли гузашта қасди фирор дошт. Дар филми мустанаде, ки дар ин бора дар телевизиюни ВВС соли гузашта пахш шуд, гуфта мешавад, Латифа 7 соли тамом нақшаи фирор аз Дубайро мекашидааст. Ин фирор ҳам бенатиҷа буд ва Латифа Оли Мактумро горди соҳилии Ҳинд дар ҳоле, ки ӯ қасд дошт бо кӯмаки як тоҷири фаронсавӣ-омрикоӣ фирор кунад, дастгир кард.

Акс аз хабаргузории Олмон

Каме пас аз ин иттифоқ, афроди хориҷӣ, ки ба ӯ кӯмак карда буданд то фирор кунад, озод шуданд, аммо аз Латифа хабаре набуд.

Дар видеое, ки Латифа пеш аз фирораш аз Аморот забт кардааст, аз вазъияташ мегӯяд; аз зиндагии бошукӯҳ аммо бидуни озодӣ. Ӯ дар ин видео ҳамчунин мегӯяд, ки ба хотири шӯриш алайҳи системи ҳоким, шиканҷа шуда ва ба ӯ маводди мухаддир додаанд. Ба гуфтаи ӯ дар ин видео, пас аз нахустин талошаш дар 16-солагӣ барои фирор аз Дубай, борҳо ва борҳо кӯтак хӯрда ва зиндонӣ шудааст. Дар ин видео, Латифа вазъияти хоҳари бузургтараш Шамсаро ҳам мушобеҳи ҳамин вазъият тавсиф мекунад ва мегӯяд, ба Шамса ҳам пас аз талош барои фирор дору хӯрондаанд ва бидуни вақфа зери назар аст.

Дар декабри соли 2018 тасовире мунташир шуд, ки Латифаро дар канори Мерӣ Робинсун, кумисери олии пешин дар умури ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад. Мерӣ Робинсун барои ин сафар бо интиқодҳои фаровоне рӯ ба рӯ шуд. Дэвид Ҳи сафари Мерӣ Робинсун ба Дубайро ба ин иллат, ки ин сафар кӯмаке ба машрӯъ ҷилва додани низоми ҳоким будааст, як иштибоҳ медонад. Ин вакили фаъол дар ҳавзаи ҳуқуқи башар мӯътақид аст, ки акнун бо фирори ҳамсари ҳокими Дубай, барои Мерӣ Робинсун мавқеияти мунҳасир ба фарде барои ҷуброни сафари муноқишаангези моҳи декабри ӯ ба Дубай пеш омадааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: