Перейти к содержимому

Масъули ҷадиди сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо кӣ хоҳад буд ва чаро “Исроил” аз ӯ нигарон аст?

Расонаҳои ҳомии “Исроил” тайи рӯзҳои гузашта нисбат ба интихоби номзади ҷадиди мақоми масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо (вазири умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо) ҳассос шуда ва аз номзадии ӯ барои ин симат ибрози нигаронӣ мекунанд.

Сойти Jewish Journal бо интишори гузорише дар бораи Ҷузеф Бурел (Josep Borrell) — сиёсатмадори чапгаро ва вазири умури хориҷаи Испониё ва номзад барои тасаддии мақоми масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо (ҷойгузини Федерико Мугеринӣ) ва дидгоҳҳои ӯ дар бораи Эрон ва “Исроил”, ин диплумот ва сиёсатмадори испониёиро пуштибони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва душмани “Исроил” донистааст.

Ин сойт навиштааст:

Ҷузеф Бурел дар мусоҳибае бо сойти омрикоии Politiko дар моҳи феврали соли ҷорӣ гуфтааст: “Дунё бояд бо орзуи Эрон барои нобудии “Исроил” канор биёяд…” Ӯ дар посух ба суоле дар бораи хуруҷи Омрико аз Барҷом ва мавзеъи Урупо дар ин бора гуфтааст: “Мо чашмандоз, манофеъ ва истротежии (стратегияи) худамонро дорем ва мо бо Эрон ҳамкорӣ хоҳем кард. Албатта ҳаракати Эрон ба самти тавлиди силоҳи ҳастаӣ барои мо бисёр бад хоҳад буд… Аммо ин ки Эрон мехоҳад Исроилро аз байн бибарад, мавзӯи ҷадиде нест ва бояд бо он канор омад.»

Ҳамчунин бино бар ин гузориш, Бурел дар гузашта баёнияҳои интиқодии пуршуморе алайҳи “Исроил” мунташир кардааст. Аз ҷумла ӯ дар моҷарои танишҳои марзӣ байни Ғазза ва “Исроил”, ки аз майи соли 2018 оғоз шуда (тазоҳуроти ҳаққи бозгашти фаластиниҳо), борҳо аз “Исроил” интиқод карда ва Телавивро ба куштори созмонёфтаи фаластиниҳо муттаҳам кардааст. Ӯ ҳамчунин борҳо аз “бомбборонҳои ваҳшатноки Исроил” алайҳи навори Ғазза интиқод кардааст.

Бурел ҳамчунин дар твитте дар феврали 2019 дар 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон, аз дастовардҳои Инқилоби Эрон таҷлил карда ва навиштааст: “Имрӯз 40-умин солгарди вуқӯи Инқилоби Исломӣ дар Эрон аст. Ин қудрати минтақаӣ дар 40 соли гузашта бисёр тағйир ёфтааст. Дар соли 1976 (дар даврони шоҳ) дарсади босаводӣ дар Эрон 35 дарсад буд. Алъон ин рақам ба 84 дарсад расидааст. Дар даҳаи 1980 танҳо 5 дарсади занони шоғил таҳсилоти донишгоҳӣ доштанд, аммо алъон ин рақам 47 дарсад аст…

Ӯ ҳамчунин дар твитте Омрикоро ба уқдагушоӣ аз Эрон ба василаи таҳримҳо муттаҳам карда ва навиштааст: “Эрон метавонад то интихоботи 2020-и Омрико дар баробари таҳримҳои давлати Тромп муқовамат кунад.”

Бисёре аз созмонҳои ҳомии “Исроил” дар Омрико ва низ дар худи “Исроил” бо ибрози нигаронӣ аз мавозеъи Бурел дар заминаи сиёсати Эрон, аз ӯ хостаанд пеш аз тасаддии симати ҷадиди худ, дар бораи бархе изҳори назарҳои собиқи худ ба вежа дар бораи “канор омадани дунё бо хостаи нобудии “Исроил” тавзеҳ бидиҳад.

Ҷузеф Бурел барои тасаддии симати масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо бояд раъйи мусбати порлумони Урупоро бигирад. Бисёре аз нозирон мӯътақиданд, ки порлумони Урупо ба эҳтимоли бисёр зиёд ба ӯ раъйи мусбат хоҳад дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: