Перейти к содержимому

Муъзале бузург дар Тоҷикистон ба номи «худкушӣ»

Дар чанд соли ахир, ҳафтае набудааст, ки хабар аз худкушӣ аз Тоҷикистон мунташир нашавад. Тибқи он чи дар расонаҳо омадааст, умдаи сабаб дар ин худкушиҳо ду чиз аст: яке, иқтисодӣ, ва дигар, саҳлангории мардоне, ки ҳамсару хонаводаву фарзандонро роҳат раҳо карда ва рафтаанд суроғи “пайдо кардани як зиндагии хубу хуш” барои худ, масалан дар Русия.

Бале, ин ҳам ғайриқобили инкор аст, ки мардон дар Тоҷикистон, бештар ба хотири кор ба Русия мераванд ва воқеан чорае ҳам надоранд. Агар фурсати кор дар дохил мебуд, ҳаргиз кишварро тарк намекарданд. Инро касе наметавонад инкор кунад. Вале ин ҳам ғайриқобили инкор аст, ки шуморе ҳам ҳастанд, ки ба хотири “фирор аз мушкилот” ва ё “пайдо кардани як зиндагии идеол”, ба Русия мераванд. Масалан, дар хусуси ҳодисаи ахир (худкушии Фарзонаи Қиндил аз Тоҷикобод), дар бораи сабаби худкушии ӯ омадааст, ки падари ӯ ба хотири ин ки ҳамсараш пайи ҳам 5 духтар таваллуд карда ва барои ӯ писар назоидааст, ҳамаро раҳо карда ва рафта Русия. Намедонам, оё ин одам шоистаи “падар” унвон кардан ҳаст ё нест, вале қатъан сазовор нест “одам” номида шавад.

Духтар, як раҳмати илоҳӣ аст ва як неъмати бебаҳои илоҳӣ аст. Ин чӣ бадбахтӣ ва шақоват аст, ки ба хотири ин ки ҳамсарат писар назоида ӯро ҳамроҳ бо духтарони нозанинат раҳо кунӣ ва биравӣ?! Сониян, оё дар ин миён, ҳамсарат муқассир аст, ки ту “қаҳр” кунӣ ва ба ӯ пушт кунӣ?! Воқеан забон лол мемонад аз тавсифи ин ҳолат ва одам ҳеч калимае пайдо намекунад, то ин ҳолати асафангезро тавсиф кунад.

Хонавода ниёз ба ҳузури падар дорад ҳамон тавр ки ниёз ба ҳузури модар дорад. На танҳо ба хотири масоили иқтисодӣ, балки бештар ба хотири масоили отифӣ. Равони як инсон, ба хусус дар авони кӯдакӣ ва навҷавонӣ, танҳо бо ҳузури падар оромиш пайдо мекунад. Ба назари ман, ин худкушиҳо, бештар далелҳои равонӣ доранд, то чизе дигар.

* * *

Ба ҳар ҳол, дар ҳар ду маврид, тақсиру кӯтоҳӣ ба дӯши ҳукумат аст. Ҳукумат аввалан бояд барои шаҳрвандон фурсатҳои корӣ дар дохили кишвар фароҳам созад ва коре кунад, то онҳо битавонанд дар канори хонавода ва зану фарзандонашон бимонанд. Ва сониян, ва аз ҳама муҳим, ба ҷойи сохтани коху қасрҳо ва таваҷҷӯҳи беш аз андоза ба пойтахт ва ҷалолу шукӯҳи он, ба ҷойи ин, ҳамин пулҳоро барои беҳбуд ёфтани вазъияти маъишатӣ ва иқтисодии мардум дар саросари кишвар сарф кунад. Яке аз муҳимтарин ва асоситарин барномаҳои ҳукумат, ин таъмини амнияти иҷтимоӣ ва равонӣ ва иқтисодии шаҳрвандон аст, ки мутаассифона дар Тоҷикистон дида намешавад.

Ин худкушиҳои мусалсал дар кишвари мо дар чанд соли ахир, на фоҷеа, ки болотар аз фоҷеа аст. Бояд ҳама даст рӯи дасти якдигар гузоранд – ҳукумат, пулдорон, руҳониҳо ва хулоса ҳама – ва дар пайи ёфтани роҳи ҳал барои ин муъзал афтанд. Қатъан роҳи ҳал дорад, фақат бояд ирода намуд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: