Перейти к содержимому

Чаро адабиёти мо ҳанӯз ҳамон “навин” аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар арсаи адабиёт, пас аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон дар зимни Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР), адабиёти моро ба ду давра тақсим карданд: килосик ва навин. Он вақт, Устод Рӯдакӣ ба унвони “сардафтари адабиёти килосик” ва Устод Айнӣ ҳам ба унвони “сардафтари адабиёти навин” муаррифӣ шуданд.

Бешак, ин тақсимбандӣ як тақсимбандии қарордодӣ ва эътиборӣ буд. Бинобар ин, вожаи “навин”, беш аз ҳар чизи дигар, ишора буд ба интиқол аз як марҳила дар арсаи сиёсат ба як марҳилаи дигар аз он. Яъне Аморати Бухоро сарнагун ва сипас як қисмати кучаки он, ба унвони Ҷумҳурии Тоҷикистон — ва он ҳам дар зимни СССР ва комилан вобаста ба он ва бо як идеулужии хосс (кумунистӣ) — барпо гардид.

Хуб, Шӯравӣ пош хӯрд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба истиқлол даст ёфт, ва Худоро шукр!

Ҳол, пурсиш ин аст, ки агар интиқол аз як марҳила ба як марҳилаи дигар дар арсаи сиёсат, мӯҷиби зеру рӯ шудани адабиёт гардида (ки бешак чунин ҳам шуд), пас чаро пас аз эълони истиқлол, адабиёти мо ҳанӯз идомаи ҳамон “адабиёти навин”-и қаблӣ талаққӣ ва муаррифӣ мешавад?! Оё истиқлоли кишвари мо, ҳеч таъсире дар адабиёти мо нагузошт?!

Намедонам, манзурам барои хонанда мафҳум шуд ё на. Ҳоло, ба баёне дигар арз кунам: тардиде нест, ки бо таъсиси низоми кумунистӣ дар сарзамини мо, рангу бӯи адабиёти мо ҳам иваз шуд ва муҳтаво ва мазомини ашъору осори шоирону нависандагонамон дар он марҳила аз ҳаёти сиёсии кишвар, бештар рангу бӯи “кумунистӣ” ба худ гирифт ва “ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори” мӯяшон “коммунист” гардид. Дар ин шакке нест. Ва замоне ки Шӯравӣ пош хӯрд ва Тоҷикистон мустақил гардид, қоъидатан интизор ин буд, ки адабиёти мо низ ба унвони адабиёте мустақил, вориди як марҳилаи ҷадид бишавад, на идомаи ҳамон “адабиёти навин”-и пешин, ки ба хотири тағйири хатт, агар нагӯем адабиётамон тақрибан масх шуд, лоақал метавон гуфт, ки дар он, таҳрифҳои густурдае рух дод.

Барои исботи ин муддао, аз хонандаи азиз мехоҳам, нигоҳе биандозад ба маводди омӯзишӣ дар риштаи забону адабиёт, ки имрӯз дар мадорису донишгоҳҳоямон тадрис мешавад, сипас онҳоро бо маводди омӯзишии даврони Шӯравӣ, дар ҳамин ришта, муқоиса кунад ва он гоҳ бигӯяд, оё ҳеч тағйиру дигаргуние эҳсос мекунад?! Оё эҳсос мекунад, ки маводди омӯзишӣ, дар 27 соли ахир, яъне дар даврони истиқлол, рангу бӯе дигар доранд ғайр аз рангу бӯе, ки дар даврони Шӯравӣ доштанд?

Маводди омӯзишии имрӯза (дар риштаи забону адабиёт) агар нагӯем копӣ ва нусхаи адабиёти даврони Шӯравӣ ҳастанд, бешак дар 70-80 дарсад мисли ҳаманд, шумо ҳеч тағйире дар онҳо эҳсос намекунед, ба гунае, ки агар кишвари мо ҳамчун як кишвари мустақил шинохта набошад, эҳсос мекунед, ки ингор мо ҳанӯз дар ҳамон “Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон” зиндагӣ мекунем ва аз истиқлол хабаре нест.

Ва на танҳо дар риштаи забону адабиёт, балки ҳатто мутаассифона дар риштаи таърих ҳам чунин аст. Гӯӣ ниҳоди фарҳангии давлати Тоҷикистон розӣ нест бо мероси даврони Шӯравӣ падруд гӯяд, балки мехоҳад камокон ҳамон фазо дар арсаи адабиёту таърих сояафкан бошад.

* * *

Дар арсаи улуми таҷрибӣ, мисли физик ё шимӣ, интизор намеравад рангу бӯи маводди омӯзишӣ иваз бишавад, ва аслан матлуб ҳам нест ва маъно ҳам надорад, зеро физику шимӣ улуме нестанд, ки бо тағйиру дигаргуниҳо дар арсаи сиёсат, рангу бӯ иваз кунанд. Вале улуми инсонӣ, мисли адабиёт ва таърих, чунин нестанд, ҳисобашон ҷудост. Ба сухани дигар, дар улуми таҷрибӣ баҳси таҳрифу тағйири муҳтавои омӯзишӣ аслан матраҳ нестанд ва имконаш ҳам вуҷуд надорад. Аммо дар адабиёту таърих чаро, системи сиёсии ҳоким метавонад як шоирро, ки бо “кумунизм” ҳеч миёнае надорад, ба унвони як “кумунисти дуоташа” муаррифӣ кунад, ва як донишмандро, ки Худопараст аст, ба унвони як “атеист” ба намоиш бигузорад, ҳамон тавр ки дар даврони Шӯравӣ сурат мегирифт, ҳоло тағйиру таҳрифи осору ашъори онҳо, ки ҷойи худаш.

* * *

Ба назар мерасад, иллати аслии ин “дунболаравӣ”, дар тасмими сиёсии давлатмардони кунунии Тоҷикистон нуҳуфтааст; тасмиме, ки бар ниҳодҳои фарҳангӣ таҳмил мешавад. Ба сухани дигар, дастгоҳи ҳокима намехоҳад рангу бӯи адабиёти мо пас аз истиқлол иваз ва аз адабиёти ба истилоҳ “навин” гусаста шавад. Чаро? Зеро, гушудани боби бознигарӣ ва таҷдиди назар дар ин арса, дар дараҷаи аввал бо хатт гиреҳ мехӯрад; хатте, ки дар замони Шӯравӣ ва давраи ба истилоҳ “адабиёти навин” бар мо таҳмил шудааст. Чаро ки дар сурати бознигарӣ, нахустин гом дар ин арса ин хоҳад буд, ки бояд хаттамон ба ҳамон ҷойгоҳи аслиаш баргардад.

Бо ин ҳама аммо гурезе аз бознигарӣ ва таҷдиди назар нест, ҳаракати таърихро наметавон мутаваққиф сохт, лизо бояд дер ё зуд ин таҷдиди назар сурат бигирад. Ва то замоне ки сояи хатти бегона бар сари адабиёти мо побарҷост, вориди марҳилаи ҷадид – марҳилаи адабиёти мустақил – нахоҳад шуд ва “ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори” мӯяш “вобаста” боқӣ хоҳад монд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: