Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (380)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (1)

* * *

Бишнав алфози ҳакими пардаӣ:

Сар ҳамон ҷо неҳ, ки бода х(в)ардаӣ.

Суханони ҳакими пардаиро гӯш кун, ки мегӯяд: розу сирратро ҳамонҷо қарор бидеҳ, ки бода нӯшидаӣ. Яъне розу асрори ҳақоиқро танҳо ба аҳли бодаи ҳақиқат бигӯ ва ҳаргиз онро барои аҳли сурату зоҳирбинон бозгӯ макун.

Нукта: Ҳакими пардаӣ ҳамоно Ҳаким Саноӣ аст, зеро ӯ аз дидагони идроки мардум дар пардаву ҳиҷоб мастур буд. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1246) Агар пардаро ба маънои нағма бигирем, дар инҷо ба маънии нағмадони асрор аст, ки боз манзур ҳамон Ҳаким Саноӣ аст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.270)

Маст аз майхонае чун зол шуд,

Тасхуру бозичаи атфол шуд.

Вақте ки масалан як нафар маст аз майхона берун ояд ва беҳадаф ба роҳ афтад ва роҳи хонаро гум кунад, асбоби масхараи кӯдакон мешавад.

Зол: гумроҳ, дар инҷо касе, ки роҳи манзилашро гум карда бошад.

Нукта: Мастони бодаи ҳақиқат ҳамвора аз сӯи ақлҳои тифлгунаи авом масхара мешаванд ва такфиру тафсиқ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.981)

Мефитад ин сӯву он сӯ ҳар раҳе

Дар гилу механдадаш ҳар аблаҳе.

Одами маст дар миёни роҳҳо ба ҳар сӯ меафтад ва дар миёни гилу лой фурӯ меравад, ба тавре ки ҳар одами нодону кавдане, ки ӯро бибинад, хандааш мегирад ва ӯро масхара мекунад.

Ӯ чунину кӯдакон андар паяш,

Бехабар аз мастиву завқи маяш.

Маст бо чунин ҳоле аст ва кӯдакон ба дунболи ӯ роҳ афтодаанд, бе он ки аз олами мастӣ ва хоссияти бодаи ӯ хабар дошта бошанд.

Нукта: Паёмбарони илоҳӣ ва авлиёуллоҳ низ дар миёни мардум ин гуна будаанд, яъне чун ҳақиқати ҳоли онон бар эшон мастур буд, ононро гумроҳу девона қаламдод мекарданд ва ба тамасхури онон мепардохтанд, чунонки дар ояти 30 сураи Ёсин омадааст:

يَا حَسْرَةً عَلَى الْعِبَادِ مَا يَأْتِيهِمْ مِنْ رَسُولٍ إِلا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ

Дареғо бар ин бандагон, ки ҳеч расуле намёмадашон магар ки ба истеҳзои ӯ пардохтанд.”

Дар ин ҷо “май” дар маънии маҷозии он ба кор рафта шуда ва манзур аз он ғалабаи раббонӣ аст, Мавлоно гӯяд:

Аллаҳ, Аллаҳ чунки ориф гуфт: май

Пеши ориф кай бувад маъдум шай?

Фаҳми ту чун бодаи шайтон бувад,

Кай туро ваҳми майи раҳмон бувад?

* * *

Халқ атфоланд ҷуз масти Худо,

Нест болиғ ҷуз раҳида аз ҳаво.

Ба ҷуз мастони бодаи Ҳақ, ҳамаи мардум кӯдаку тифл ҳастанд, зеро болиғ касе аст, ки аз банди ҳавову ҳавас раҳида бошад.

Нукта: Булуғ бар ду навъ аст: булуғи ҷисмонӣ, булуғи руҳонӣ. Булуғи ҷисмонӣ дар духтару писар дар синне муайян ҳосил мешавад. Ва ин навъ булуғ ҷабрӣ ва ҷанбаи таквинӣ дорад. Вале булуғи руҳонӣ булуғе аст, ки бар асари таҳзиби нафс ва камолоти ахлоқӣ ҳосил мешавад. Ва ин ба ихтиёру ҷаҳду риёзат сурат бандад. Эй басо солхӯрдагоне, ки то поёни умр низ ба ин булуғ нарасанд ва ҳамчунон дар зумраи атфол бошанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.982)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: