Перейти к содержимому

Мушкили мо, надидани решаи мушкилот аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Мушкили ҷомеаи мо ин аст, ки ҳар кас дар паи ҳалли мушкили худаш аст, вале ҳеч кас дар паи ҳалли решаи ин мушкилот нест. Бинобар ин ҳам мебинем, ки ҳаргиз мушкили ҳеч кас ҳал намешавад.

Ба хотири ҳалли мушкили иқтисодӣ, мо фарзандони худро ба муҳоҷирати корӣ мефиристем. Вале муҳоҷират то ҳоло на танҳо мушкили иқтисодии моро ҳал накарда, ки ҳазору як мушкили дигар бар он афзудааст.

Иддаи зиёде аз ҷавонони бетаҷрибаи мо ба хотири дурӣ аз фарҳанги диниву миллии худ, дар муҳоҷират дучори бӯҳрони ҳувият мешаванд. Дар натиҷа бо камтарин ъишваи кадом русдухтар шефтаи ӯ гашта, зану фарзанду хонаву дари худро билкул фаромӯш мекунанд.

Иддаи дигар ҳаррӯза аз ҷониби аҷнабиён таҳқиру тавҳин гашта ғурурашон шикаста мешавад. Дар натиҷа ҳисси интиқому танаффур дар вуҷудашон шӯълавар гашта, бо камтарин баҳона ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд ва сар аз Алқоъидаву Доъишу ким-кадом заҳриморҳо дармеоварданд.

Иддаи дигар бошад, ба хотири фишорҳои сахти иқтисодӣ аз як тараф ва таъсири бади муҳити носолими Русия аз тарафи дигар, даст ба ҷиноят мезананду сар аз зиндонҳо дамеоварданд.

Иддаи дигар, ки нагунбахттар аз ҳама ҳастанд, бо ҳазору як умед ба Русия мераванд, вале бо ҳазорон афсӯс ҳаррӯза тани беҷонашон ба кишвар бармегардад.

Ин фақат як тарафи бадбахтӣ аст. Тарафи дигари он, ҳарсола ҳазорон хонаи вайрони тоҷик, ҳазорон кӯдаки ятими тоҷик, ҳазорон ҳамсари беваи тоҷик ва ҳазорон модари гирёну фиғони тоҷик мебошад. Эй кош ин бадбахтӣ дар ҳамин ҳадд боқӣ мемонад, вале мутаассифона чунин нест. Ҳар кадом аз ин мусибатҳо барои саломати равонии ҷомеа, ҳамчун заҳри кушанда асар дорад, ки ин хеле хатарнок аст.

Тамоми ин ҳодисаҳои дилхарош, ки ҳар рӯза аз гӯшаву канори кишвар мешунавем, ҳама ва ҳама ҳосили ҳамин барҳам хӯрдани саломати равонии ҷомеа мебошад. Дар торихи тоҷикон кай мо шоҳиди ин ҳама худкушии навҷавонону ҷавонон, наварӯсону модарон будем?

Кай ва дар куҷо дидед, ки модари ҷавоне худро бо кӯдакони нозанонаш ба об ондохта бошад?

Дар куҷо хондед, ки се чаҳор кӯдак, як кӯдаки дигареро ба оташ кашида бошанд?

Мутаассифона, ин ҳодисаҳои гӯшношунид, ҳар рӯз дар ҷомеаи худи мо рух дода истодааст.

То замоне ки ҳар кадом аз мо фақат ба фикри ҳалли мушкили худ бошем, мумтаин бошед, ҳар рӯз ҳоламон бадтар шудан мегирад.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: