Перейти к содержимому

Оё миёнҷигарии раисиҷумҳури Фаронса натиҷа хоҳад дод?

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Соатҳое қабл аз эъломи гоми дуввуми Эрон барои коҳиши пойбандиҳояш ба Барҷом (барномаи тавофуқи ҳастии ин кишвар бо 5+1), ки ба мӯҷиби он, Эрон эълом кард, ки дигар ба сақфи ғанисозии 3.67 дарсад пойбанд нахоҳад буд, Эмонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, телефонӣ гуфтугӯ гард. Муколимаи телефонии онҳо беш аз як соат ба тӯл анҷомид. Ба гуфтаи Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон — ки ба ҳамроҳи Алӣ Рабиъӣ, сухангӯи давлат ва Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон дар конфронси матбуотӣ бо хабарнигорон ширкат карда буд – гуфтугӯҳои ду тараф бисёр хуб буда ва тарафи эронӣ ин гуфтугӯҳоро “мусбат ва муфид” арзёбӣ мекунад.

Раисиҷумҳури Фаронса дар ин тамоси телефонӣ гуфтааст: “Мепазирем, ки иқдомоти Урупо барои ҷуброни таҳримҳои Омрико муваффақ ва коромад набудааст, аммо ҳамаи талоши худро барои ҷуброни ин мавзӯъ ба кор мегирем.”

Эмонуил Мокрун дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки бояд авзоъро таҳти контрол гирифт ва барнома ва иқдомоти ҷадиде барои ҳифзи Барҷом анҷом дод. Вай гуфтааст: “Поёни Барҷом ба маънои иқрор ба шикасти дастаҷамъӣ ва иқдоме таассуфбор хоҳад буд ва бинобар ин, масири дуввумро бояд интихоб кард, то Барҷом ҳифз ва ба танишзудоӣ кӯмак шавад. Фаронса низ омодааст дар ин масир талошҳояшро ба вежа дар масири хости Эрон, ки оташбас дар ин ҷанги иқтисодӣ аст, дучандон кунад.”

Аммо нуктаи муҳимме, ки дар гуфтугӯҳои Руҳонӣ бо Мокрун гуфта шуда сӯҳбат аз 1+5 аст. Руҳонӣ барои нахустин бор баъд аз хуруҷи Омрико аз Барҷом, аз имкони гуфтугӯҳои 1+5 сухан гуфтааст. Ироқчӣ дар тавзеҳи ин масъала ба хабарнигорон гуфт: “Омрико аз Барҷом хориҷ шуда ва хуруҷаш қатъӣ аст. Аммо мо дар шароите, ки Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро лағв кунад, метавонад муҷаддадан ба музокирот баргардад.”

Ироқчӣ таъкид кард, ки авлавияти мо рафъи таҳримҳои нафтӣ ва бонкӣ аст. Омрико агар таҳримҳоро лағв кунад, метавонад дар музокирот ширкат кунад.

Дар ин робита Irdiplomacy иттилоъ ёфта, ки Мокрун ба Руҳонӣ гуфта тамоми талоши худро мекунад, ки зарфи 9 рӯзи оянда иқдомоти муассире дар коҳиши таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон анҷом диҳад. Руҳонӣ таъкид кардааст, ки Эрон бояд битавонад нафт бифурӯшад ва пули ҳосил аз фурӯши нафтро ба даст оварад.

Дар сурате, ки Эрон битавонад нафт бифурӯшад, он гоҳ пули ҳосил аз он метавонад ба Инстекс (Сомонаи ҳимоят аз мубодилоти тиҷорӣ, ки дар январи соли 2019 тавассути Фаронса, Олмон ва Бритониё барои тасҳили тиҷорати ғайри дулорӣ бо Эрон эҷод шуд) тазриқ шавад ва ба ин тартиб ин созукори урупоӣ низ фаъол мешавад.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар охирин конфронси матбуотии худ гуфта буд, ки Эрон сафари фиристодаи раисиҷумҳури Фаронса ба Теҳронро мусбат арзёбӣ мекунад. Мӯсавӣ таъкид карда буд, тарафи фаронсавӣ мавозеъи сареҳи моро шунид ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки мо ба ҳеч ваҷҳ аз вазъияти феълӣ розӣ нестем ва аз урупоиҳо гила дорем, ки баъд аз хуруҷи Омрико аз Барҷом, то кунун натавонистаанд ба таъаҳҳудоти худ амал кунанд. Тарафи фаронсавӣ гилояҳои Эронро саҳеҳу баҷо арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки Урупо талош мекунад хостаи Эронро, ки машрӯъ ва қонунӣ аст бароварда кунад. Вай натоиҷи гуфтугӯҳои фиристодаи Мокрун ба Теҳронро мусбат ва мутафовит аз гуфтугӯҳои дигари мақомоти урупоӣ, ки ахиран ба Теҳрон сафар кардаанд, арзёбӣ карда буд.

Irdiplomacy ҳамчунин иттилоъ ёфтааст, ки фиристодаи Мокрун дар сафари худ ба Теҳрон, ки ҳудуди ду ҳафта пеш анҷом шуд, паёми катбӣ ба раисиҷумҳури Эрон дод ва иброз дошт, ки кишвараш ҳамаи талоши худро ба кор мегирад, то битавонад хостаҳои Эронро дар Барҷом таъмин ва ин тавофуқро ҳифз кунад.

Irdiplomacy ҳамчунин мутталеъ шудааст, ки Эрон ба тарафҳои урупоӣ гуфтааст, ки Эрон ба ҳеч ваҷҳ адабиёте, ки тарафи омрикоӣ пеш гирифтаро қабул намекунад ва ҳозир нест бо ин адабиёт пушти мизи музокира бо он биншинад. Омрикоиҳо бояд адабиёти худро нисбат ба Эрон тағйир диҳанд ва назокатро риоят ва шаъни Эронро ҳифз кунанд. Теҳрон таъкид карда, ки ин мавозеъ таъоруф нест, балки шарти Эрон барои тарафи омрикоӣ дар сурати оғози ҳар гуна гуфтугӯе аст.

Эрон ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, ки таҳти фишор ба ҳеч ваҷҳ ҳозир ба музокира нест.

Пеш аз ин ва дар остонаи нишасти Гурӯҳи-20 дар Жопун, Мокрун гуфта буд, ки талош мекунад Дунолд Тромпро розӣ кунад, то бархе аз таҳримҳои Эронро лағв кунад. Баъд аз он, Тромп гуфт, ки раисиҷумҳури Фаронса ба ӯ гуфтааст, ки қасд дорад ба Эрон сафар кунад ва ӯ монеъ аз анҷоми сафараш намешавад. Тромп гуфт, ки медонад фаронсавиҳо бо Эрон равобити тиҷорӣ доранд ва мехоҳанд бо Теҳрон гуфтугӯ кунанд. Мокрун низ баъд аз гуфтугӯяш бо Тромп гуфт: “Ҳамон гуна ки дар мавзӯи Куреи шимолӣ гуфтугӯҳо ба коҳиши таниш мунтаҳӣ шуда, Фаронса умедвор аст бо ифои нақши худ дар мавзӯи тавофуқи ҳастаии Эрон (Барҷом) низ битавонад оғозгари коҳиши танишҳо бошад.”

Мокрун ба Тромп гуфтааст, ки қасд дорад ба Эрон сафар кунад ва интизор дорад музокироташ дар Теҳрон созанда бошад.

Обе Шинзу, нахуствазири Жопун гуфта, ки талошҳои Мокрун дар идомаи музокироти ӯ миёни ду тарафи эронӣ ва омрикоӣ барои коҳиши таниш аст. Жопун ҳамчунин аз Туркия даъват карда ба ин ҷамъ бипайвандад, то аз ташдиди таниш дар минтақаи халиҷи Форс, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр ҳаётӣ аст, коста шавад. Ардуғон дар ҳошияи нишасти 20 ба хабарнигорон гуфт, ки нахуствазири Жопун дар бораи имкони миёнҷигарӣ миёни Эрон ва Омрико бо ӯ гуфтугӯ кардааст. Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин аз тамоюли худ барои дидор бо раҳбари Эрон сухан гуфтааст.

Пеш аз ин Обе Шинзу, нахуствазири Жопун ба Теҳрон сафар карда буд, ки ба далели тағйири ногаҳонии мавозеъи Кохи сафед, ки Irdiplomacy гузориши муфассале дар бораи он рафт, он сафар ноком монд. Ҳоло Мокрун талош дорад ҳамон талошҳоро ба шеваи худ идома диҳад ва умедвор аст битавонад иттифоқи мусбате дар ин замина рақам бизанад. Мокрун таъкид дорад, ки ҳифзи Барҷом барои Фаронса ва Урупо ҳаётӣ аст, барои ҳамин ҳамаи талоши худро барои ҳифзи он ва ҳамчунин коҳиши таниш миёни Эрон ва Омрико анҷом медиҳад. Ҳоло бояд дид Мокрун метавонад он чи Обе оғоз кардаро идома диҳад ва ба саранҷом бирасонад?

Ба қалами Мӯсавии Халхолӣ дар Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: