Перейти к содержимому

Оқибати ҳимояти масеҳиёни мавъудгаро аз Тромп фоҷеаомез хоҳад буд

Ба қалами Питер Венер (Peter Wehner), мушовири сардабири маҷаллаи Atlantic

Питер Венер (Peter Wehner), мушовири сардабири маҷаллаи Atlantic

Ҳафтаи гузашта Ролф Рид (Ralph Reed), муассиси эътилофи Озодӣ ва Имон ва раиси евангелистҳо, ба аъзои созмонаш гуфт: “То кунун собиқа надошт, ки касе ин гуна аз мо дифоъ кунад ва барои мо биҷангад. Ҳеч вақт касе монанди Дунолд Тромп набудааст, ки ин ҳама моро дӯст дошта бошад.”

Рид то ҳадде дуруст мегӯяд; барои евангелистҳо то кунун собиқа надошта касе монанди Тромп ин ҳама дӯсташон дошта бошад. Ман ахиран бо яке аз тарафдорони сарсахти Тромп, ки дар корзори интихоботиаш дар таърихи 18 июн дар Урлондои Флуридо ҳузур дошт, табодули емайлӣ доштаам. (Ин фард ба шарти ношинос мондан, ҳозир ба гуфтугӯ бо ман шуд.)

Ин шахс бо бисёре аз афроде, ки дар онҷо ҳузур доштанд, ба вежа бо евангелистҳо, мусоҳиба карда буд. Ӯ ба ман гуфт: “Дар тамоми умрам, то кунун шоҳиди ин ҳама шӯру шавқ ба як чеҳраи сиёсӣ дар Омрико набудаам.”

Ман содиқона бигӯям, наметавонистам ин ҳама иштиёқу ҳимояти қотеъеро, ки доштанд, бовар кунам. Барои онҳо ҳама чиз дар як “мубориза” хулоса мешавад. Як эҳсоси бисёр қавӣ вуҷуд дорад, ки дар мавриди Тромп ҳама ба хато рафтаанд; Мулер хато мекунад, расонаҳо дар мавриди вай иштибоҳ мегӯянд ва нерӯҳои мухолифи Тромп ҳам дар бораи ӯ хато мекунанд. Ин ҳисс вуҷуд дорад, ки ӯ аз ҳеч кас барои расидан ба инҷо (мақоми иёсати ҷумҳурӣ) чизе дарёфт накардааст. Касоне, ки ба корзорҳои интихоботиаш мераванд, бар ин боваранд, ки як нерӯи мовароӣ асри Тромпро рақам задааст. Ин фард ба ман гуфт: “Вақте аз якеашон пурсидам, ки бар ин бовар аст, ки дасти Худо дар кор будааст, то Тромп рӯи кор биёяд, ӯ бедиранг ба ман гуфт, ки бале ва иддае аз мардум мегӯянд, ки ҳеч далели дигаре барои пирӯзии вай наметавон пайдо кард. Вақте дар мавриди оғози интихобот ва таҳқиқи Мулер сӯҳбат кардам, онҳо ба ман гуфтанд, ки худи Худо ӯро интихоб карда ва аз ӯ ҳам муҳофизат хоҳад кард.”

Додаҳо низ чунин назарияеро собит мекунад. Мизони маҳбубияти Тромп дар миёни прутестонҳои сафедпӯсти евангелист 25 дарсад болотар аз миёнгини миллӣ буд ва мутобиқи Маркази таҳқиқоти Pew, Тромп дар назди прутестонҳои сафедпӯсти евангелисте, ки мураттаб ба калисо мераванд (дастикам ҳафтае як бор дар калисо ҳузур пайдо мекунанд) маҳбубияти бештаре дорад, то прутестонҳои сафедпӯсти евангелисте, ки камтар ба калисо мераванд.

Дар воқеъ аз июли 2018 то январи 2019, ки ин назарсанҷӣ сурат гирифт, маҳбубияти Тромп дар назди прутестонҳои сафедпӯсти евангелисте, ки дастикам ҳафтае як бор ба калисо мераванд, ба 70 дарсад мерасад. Ин дар ҳолест, ки ин рақам барои прутестонҳои сафедпӯсти евангелисте, ки камтар ба калисо мераванд, ба 65 дарсад мерасад.

Шӯру шавқу ба оғӯш кашидани бечунучарои Дунолд Тромп тавассути евангелистҳои сафедпӯст рушди девонакунанда доштааст. Чӣ гуна гурӯҳе, ки барои даҳаҳо рӯи вежагии шахсиятии раисони ҷумҳури Омрико барои интихоб кардан таъкид доштанд, аммо ҳоло чашмони худро рӯи масоили ахлоқии Дунолд Тромп на танҳо бастаанд, балки аз вай дифоъ ҳам мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки арзишҳои ахлоқии хонавода дар назди ин даста аз масеҳиён аҳаммияти шоёне дорад. Бахше аз посух ба ин суол, ба талошҳои евангелистҳои сафедпӯст дар як ҷумла хулоса мешавад: “Тромп душмани душмани онҳост.” Албатта, душмани онҳо Русия, Куреи шимолӣ ё Эрон нест, душмани онҳо либеролҳо ва чапҳои Омрико ҳастанд.

Агар ба суханони тарафдорони Тромп гӯш диҳед, ки евангелист ҳастанд, мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд онҳо чапҳоро бо як сифат мешиносанд: “режими истолинӣ”. Дар ин миён хуб аст, ки ин суол матраҳ шавад, ки то кунун чанд евангелист ошкоро Тромпро ба далели дӯстӣ бо Ким Ҷунг Ун, ки бераҳмтарин ҳокими дунё ва душмантарин фард бо масеҳиён аст, мавриди интиқод қарор додааст?!

Бисёре аз евангелистҳо амиқан аз бохти Тромп (дар интихоботи 2020) тарс доранд ва ин бохт барои онҳо ба маънои бохт дар арсаи фарҳангии Омрико ва масеҳияти омрикоӣ аст. Агар як демукрот ба унвони раисиҷумҳур интихоб шавад, онҳо бар ин боваранд, ки сохторҳои Омрико аз ҳам фурӯ хоҳад пошид.

Барои мисол, дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2016, нависандаи бонуфуз ва муҷрии родиюи евангелистҳо, яъне Эрик Метоксос (Eric Metaxas) гуфт: “Дар тамоми ин солҳо бо ҳама навъ кашмакаше рӯ ба рӯ будем, вале ин кашмакашеро, ки барои бақо доштаем то кунун фақат дар ҷангҳои дохилӣ ва инқилобиамон мушоҳида кардаем. Мо бар лабаи партгоҳ истодаем ва дар остонаи як ҷанги дохилӣ қарор гирифтаем.

Бисёре аз евангелистҳои масеҳии пур аз хашму ғазаб низ ҳастанд; чаро ки эҳсос мекунанд аз сӯи нухбагони фарҳангӣ дар тайи ин солҳо мавриди таҳқир, беэҳтиромӣ ва истеҳзо қарор гирифтаанд. Албатта бархе аз ин эҳсосот қобили дарк аст. Барои онҳо Тромп марде аст, ки на танҳо барномаи (фарҳангии) либеролҳоро, ба унвони мисол дар мавзӯи сиқти ҷанин, пас задааст, балки ӯ нисбат ба касоне, ки метавонанд барои арзишҳояшон ва касонеро, ки дӯст доранд хатарофарин бошад, бераҳм аст.

Ҷери Фолвел (Jerry Falwell), раиси Донишгоҳи Либертӣ — яке аз бузургтарин донишгоҳҳои масеҳиён дар дунё – ин гуна сухан мегӯяд: “Муҳофизакорон ва масеҳиён бояд интихоби фарди аслаҳро мутаваққиф кунанд. Шояд онҳо раҳбарони бузурги динӣ бошанд, аммо Иёлоти Муттаҳида ниёз ба як ҷангҷӯ монанди Дунолд Тромп дорад, ки дар ҳамаи сатҳҳои ҳукуматӣ бо демукротҳои фошист мубориза кунад. Бисёре аз раҳбарони ҷумҳурихоҳ кӯдаконе заъиф ҳастанд.

* * *

Мо барои интихоби раҳбаре бо сабку сиёқи Тромп ҳазина хоҳем дод, аммо чизе, ки барои ман, ба унвони як масеҳӣ бо имони бештар, таассуфбарангез аст, ҳазинае аст, ки масеҳиён медиҳанд. Интихоби раҳбари сиёсие, ки гароишҳои доманадоре аз Тросимохус (Thrasymachus, яке аз суфистҳои мавриди ишора дар китоби “Ҷумҳурии Афлотун”) то Ничеро дорад, дарди сарсоз аст.

Аммо ин масъала ҳам қобили инкор нест, ки бархе аз афрод дурӯ ҳастанд, ба вежа касоне, ки аз зарурати ахлоқи хуби шахсии раисони ҷумҳурӣ дифоъ мекарданд, ҳоло касеро дар оғӯши худ гирифтаанд, ки машҳур ба бебандубории ҷинсӣ ва анвоъу ақсоми фасодҳост.

Фаромӯш накунед, ки Тромп ҳаққуссукут ба зани бозигари филмҳои мустаҳҷан додааст; чаро ки ин зан, бо вай иртиботи ҷинсӣ дошта, он ҳам замоне, ки зани севвуми вай ҳомила будааст, то фарзанди писари худро ба дунё биёварад.

Ман ҳафтаи гузашта дар яке аз савоҳили уқёнуси Ором бо Корел Купок (Karel Coppock), ки барои солиёни сол мешиносам, қарори ноҳор доштам. Ӯ касе аст, ки нақши зиёде дар бовари ман ба масеҳият дошт. Бо вай дар мавриди тавсиъаи рӯзафзуни маҳбубияти Тромп дар назди евангелистҳо сӯҳбат мекардам.

Ин нуктаро ҳам қабл аз он бигӯям, ки ӯ аз манзари динӣ ортудукс аст ва алоқа бо муҳофизакорон ҳам дорад. Ӯ мегуфт: “Ин шоуи тарсноке, ки ба роҳ афтодааст, дар ниҳоят рӯи насли ҷавон таъсир хоҳад гузошт.” Ӯ тасреҳ кард, ки бо як шӯру шавқи беҳисобу китоб, мо як насли комилро аз даст хоҳем дод.

Ӯ бар ин бовар аст, ки ин рафторҳо мӯҷиб шуда ҷавонони омрикоиро аз даст бидиҳанд ва ин яке аз бадтарин иттифоқоте аст, ки барои калисо афтодааст. Евангелистҳо ба як раҳбари фарҳангӣ ва сиёсии дигар ниёз доранд ва яке аз беҳтарин касонеро, ки мешиносам Мокуту Фуҷимуру аст, ки дар мавриди “муроқибаи фарҳангӣ” ба ҷои “ҷанги фарҳангӣ” сӯҳбат мекунад.

Бино ба гуфтаи Фуҷимуру, дар муроқибаи фарҳангӣ дунё маҳалли низоъ ба далели камбуди манобеъ нест, балки дунё маҳалле саршор аз фурсатҳо ва ваъдаҳост. Чизе, ки Фуҷимуру аз он сӯҳбат мекунад, дар тазодди комил бо дидгоҳи раҳбарони сафедпӯстони евангелистӣ аст, ки мудом дар мавриди сиёсату фарҳанг сӯҳбат мекунанд. Эҳсосот ва рафторҳое, ки Фуҷимуру тавсиф мекунад, мубтанӣ бар таъаҳҳуд, фазилат ва халлоқият аст, на нафрат ва иҳонат ва хашм.

Бинобар ин мавзӯъ, Морк Лебертун (Mark Labberton), яке аз ҳамкорони Фуҷимуру ва раиси Донишкадаи илоҳиёти Фулер, дар як суханронӣ ҳуҷҷатро тамом кардааст: як роҳи мутамойизкунанда дар масеҳиён ин аст, ки бипиндоранд, ки қарор аст дар сарзамини мавъуд зиндагӣ кунанд ё ин ки як зиндагии мӯъминона дар сарзамини табъидӣ дошта бошанд. Лебуртун дар боби маънои ин ки касе дар табъид зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки ин афрод ошиқи пайдо кардани роҳҳои ғайримунтазира ҳастанд, дӯст доранд душманон, хориҷиҳо ва ғарибаҳоро бибинанд ва тарҷеҳ медиҳанд, ки самташон бираванд, то аз онҳо дурӣ кунанд.

Ӯ мепурсад, зиндагии мӯъминона дар дунёе, ки пур аз тарс буда ва ҳаст, чӣ шакле аст? Ӯ изофа мекунад, ки калисо дар бӯҳронитарин замони мумкин ба сар мебарад, на ба хотири баргузории як интихобот, балки калисо дигар қодир нест, то зарфиятҳоро бибинад ва аз ишқ баҳра бибарад ва ба интизори мардудиаш нишастааст.

Иқдомоти бисёре вуҷуд дорад, ки бояд дар монифести масеҳиён лиҳоз кард. Аммо нуқтаи оғозини он ин аст, ки масеҳиёни евангелистӣ бояд бидонанд, ки умқи осебе, ки ба неҳзаташон тавассути раҳбари сиёсие, ки интихоб кардаанд, зада мешавад, бисёр болост. То замоне, ки ин бӯҳрони ғайриқобили инкор вуҷуд дошта бошад, бар умқу шиддати он осеб афзуда хоҳад шуд.

Дар ин нуқта ман наметавонам кӯмаки зиёде бикунам, аммо ҳанӯз дар шигифтам, ки чӣ чизе мӯҷиби шефтагии евангелистҳо ба Дунолд Тромп шудааст?

Atlantic

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: