Перейти к содержимому

Шамсуддини Самарқандӣ; риёзидон, ахтаршинос ва мантиқдони бузург

Шамсуддин Муҳаммад ибни Ашрафи Ҳусайнии Самарқандӣ (638 ҳ.қ — 722 ҳ.қ) — риёзидон, ахтаршинос, файласуф ва мантиқдони бузург, яке дигар донишмандони гумноми мост. Ӯ муосири андешмандони бузурге монанди Хоҷа Насири Тӯcӣ, Наҷмуддини Котибӣ, Сироҷуддини Армавӣ ва Қутбуддини Шерозӣ аст.

Шамсуддини Самарқандӣ дар осори худ, аз бархе аз ин бузургон ном мебарад ва орои бархе дигарро бидуни ном меоварад ва баррасиву нақд мекунад. Ӯ яке аз таъсиргузорон бар андешаҳои мантиқии Қутбуддини Розӣ дар китоби “Шарҳи матолеъ” аст. Ҳарчанд Қутби Розӣ ҳаргиз аз ӯ номе намебарад, аммо ба муносибат андешаҳои ӯро тарҳу нақду баррасӣ мекунад. Ҳамакнун нусхае аз китоби “Шарҳул-қистос”-и Самарқандӣ ба хатти Қутби Розӣ, ки дар соли 711 ҳиҷрии қамарӣ китобат шудааст, дар китобхонаи Наҷибпошшо дар Туркия мавҷуд аст, ки нишондиҳандаи аҳаммияти Самарқандӣ аз дидгоҳи Розӣ аст.

Самарқандӣ, чунонки аз номаш пайдост, зодаи Самарқанд аст. Дар бораи зиндагонии Самарқандӣ иттилооти бисёр андаке дар даст аст ва ҳатто дар бораи таърихи даргузашти ӯ ихтилофи бисёре вуҷуд дорад. Ғуломризо Додхоҳ — муҳаққиқ ва пажӯҳишгари эронӣ, дар муқаддимае, ки бар китоби “Илмул-офоқи вал-анфус”-и Шамсуддини Самарқандӣ нигоштааст, дар беш аз 6 сафҳа ин таърихҳоро баррасӣ карда ва бо истинод ба нусхаи хаттии яке аз китобҳои Самарқандӣ дар китобхонаи Сулаймония дар Туркия, таърихи даргузашти ӯро ба сурати қатъӣ 22 шаволи 722 ҳиҷрии қамарӣ дониста ва далоили мутаъаддиде бар нодурустии таърихҳои дигар овардааст.

Шамсуддини Самарқандӣ дар бархе аз осораш аз ҳузури худ дар Табрез дар соли 688 ҳиҷрии қамарӣ ва дидани ҳолае рангинкамонӣ ба даври хуршед ёд кардааст. Ӯ ҳамчунин аз ҳузур дар шаҳри Хуҷанд дар соли 712 ҳиҷрии қамарӣ ёд карда ва аз дидани ҳолае ба даври моҳ ба рангҳои рангинкамон хабар додааст.

Ягона устоде, ки барои Шамсудини Самарқандӣ ном бурдаанд, Бурҳонуддини Насафӣ аст, ки аҳли Насаф буда ва китобҳои “Шарҳу асосил-киёса” ва “Шарҳул-ишорот”-и Ибни Сино ва “Муқаддиматун фил-ҷадали вал-хилофи ван-назар” аз ӯ аст. Аз шогирдони Самарқандӣ дар ҷойе ёд нашудааст ҳарчанд Ҷаъфари Зоҳидӣ, пажӯҳишгари эронӣ, ба иштибоҳ Котибии Қазвиниро, ки аз назари синнӣ дар ҳукми устоди Самарқандӣ аст, аз шогирдони ӯ баршумурдааст.

Ғуломризо Додхоҳ барои Шамсуддини Самарқандӣ 30 китобу рисола гузориш кардааст, ки нусхаҳои хаттии он дар китобхонаҳои ҷаҳон парокандааст. Муҳимтарини онҳо бад-ин шарҳ аст:

а) Китобҳои мантиқӣ:

1) Башоротул-ишорот (Албашороту фи шарҳил-ишорот) (таълиф дар соли 680 ҳ.қ);

2) Қистосул-афкор фи таҳқиқил-асрор (таълиф дар соли 683 ҳ.қ);

3) Шарҳул-қистос фил-мантиқ (таълиф дар соли 692 ҳ.қ);

4) Шарҳу одобил-баҳс;

5) Мифтоҳун-назар фи шарҳи муқаддиматин фил-ҷадали вал-хилофи ван-назари (таълиф дар соли 690 ҳ.қ);

6) Рисолатун фи одобил-баҳси вал-мунозара;

7) Алмуня вал-амал фи илмил-ҷадал;

8) Айнун-назари фи илмил-ҷадал;

9) Ғайбун-назар… ва ғайра.

б) Китобҳои фалсафӣ:

1) Аланворул-илоҳия;

2) Шарҳул анворил-илоҳия;

3) Ассаҳоифул-илоҳия;

4) Баёну мазоҳиби аҳлис-сунна… ва ғайра.

б) Китобҳои риёзӣ ва нуҷумӣ:

1) Анвоъус-саҳоб фи анвоъил-ҳисоб;

2) Аттазкира фил-ҳайъа;

3) Ашколут-таъсис фил-ҳандаса… ва ғайра.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: