Перейти к содержимому

Вақте ҷони инсон қадру қимате надорад…

Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова, узви Шӯрои Олии ПМТ ва Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушд”

Пас аз фоҷеаи зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат ҳанӯз мардум ба худ наомада ва шӯълаи умед дар дили модарон аз зинда будани фарзандонашон, ки номи онҳо дар рӯихати мурдаҳост, вале ҷасадҳояшон ғоибанд, хомӯш нашуда, хабари марги машкуки 14 нафар маҳбус дар роҳи “пулакӣ”-и Хуҷанд—Душанбе ҳамаро такон дод. Маҳбусоне, ки аксар ҷавон буданд; ҷавононе, ки аз сад гулашон як гулашон ҳам нашукуфта; ҷавононе, ки ҳамсинну соли истиқлоли кишвар ва аз он ҳам камсинтар буданд.

Баъзеи ин ҷавонон ҳамзамон бо истиқлол ба дунё омаданд, вале аз меваи озодӣ ва зиндагии орому осуда дар Ватан чизе начашиданд. Онҳо, ба ҷуз қатлу куштор ва ҳукмронии як “оила”, чизе надиданд. Бо ба сари қудрат омадани ин “оила” ҳатто шиори шӯравии “Ҳама чизи беҳтарин барои кӯдакон!” дар кишвари мо аз байн рафт. Ва ин ҷавонон дар офтоби сӯзону зимистони сард бо “пешвозу гусел” ва “маршировка” бузург шуданд. На касбе омӯхтану на ҳунаре. Ва ин дар ҳолест, ки соҳибмансабон барои фарзандони худ дарҳои донишгоҳҳои бузурги дунёро кушоданд. Хидмати Ватан ҳам моли бачаи камбағал шуд. Дигар ӯ бояд бо шиками гурусна шабро дар сарҳад рӯз кунаду фарзандони соҳибмансабон шабро дар клубҳои дилхушӣ. Ҳатто ҷиноятро фарзанди мансабдор мекунаду ба зиндон фарзанди камбағал мешинад. Ҷавонеро, ки шояд агар камтарак шароиту имконият барояш муҳайё мекарданд, аз ин фарзандони “тиллоӣ” хубтару бештар ба ин Ватан хидмат мекард.

Бешак, байни ин маҳбусон буданд ҷавононе, ки бо ҷурмҳои сохтаву бофта зиндонӣ шудаанд. Масалан, сокини ноҳияи Варзоб Некқадам Солеҳовро барои он равонаи зиндон кардаанд, ки ба занги телефонии пораи ҷигараш, фарзанди падараш, посух додааст ва бародар ҳам аз он ҷо ба он хотир занг задааст, ки аз ҳоли пайвандону хешу табори худ огоҳ шавад. Ҳоло, бародаре, ки дар Сурия буд ва шояд аз нофаҳмӣ ё фиреби касе ба ин давлат сафар кардаст, вақте бародарашро барои ин тамоси телефонӣ ба зиндон мебаранд, оё баъди ин амали мақомоти Тоҷикистон, нафраташ нисбат ба мақомот бештар нашуд? Хашму ғазабаш бештар нашуд? Ба ҷойи аз карда пушаймон шудан, дар дилаш ҳисси интиқом аланга назад?

Хуб, ин мавзӯъро ҳаминҷо мегузорем, ҳарчанд мисли Некқадам Солеҳов ҳазорон нафар шояд бегуноҳ пушти панҷараи зиндон рафтанд; зиндоне, ки дар Тоҷикистон ба он “муассисаи ислоҳӣ” мегӯянд. Муассисаи ислоҳӣ! Чунин муассисаҳо дар Тоҷикистон, бино ба иттилои Вазорати адлияи кишвар, 12 -тоянд, ки дар онҳо ҳудуди 9 ҳазор маҳбус ба сар мебаранд. Аз ин 9 ҳазор бандӣ, 35 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ва дар ин муассисаҳои ислоҳӣ ба ҷойи ислоҳ кардан, мекушанду маъюбу бемори равонӣ мекунанд. Пас, ин чӣ муассисаи ислоҳист?

Тибқи омор ва таҳлилҳои коршиносон, 54 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва агар 35 дарсадро ба 54 дарсад дар муқоиса гузорем, касро даҳшат зер мекунад. Вақте ҳукуматдорони мо мегӯянд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст, боз ҳам суоле мағзамро мехарошад, кадом ҷавонон? Онҳое, ки барои ночизтарин гуноҳ ё бегуноҳ барои “ислоҳ шудан” ба зиндон мефиристед ва ҷавонияшонро медуздед? Ё онҳое, ки ҳанӯз бӯи шир аз даҳонашон нарафта, ба ҷойи бозӣ ва шӯхиҳои наврасӣ, дар фикри хӯрондану пӯшонидани хонаводаашон ҳастанд ва дар ҷустуҷӯи “қишлоқи тиллоӣ” тарки Ватан мекунанд. Ва рӯзе нест, ки мурдаи ҷавонеро, ки ҳатто ҷомаи домодӣ ба бар накардаст, аз Русия наоранд. Ва боз ҳам сарварони ин кишвар аз минбарҳои баланд дар бораи ба терроризму ифротгароӣ гаравидани ҷавонон ҳарф мезананд. Барои мубориза бо ин омил аз созмонҳои ҷаҳонӣ маблағҳои ҳангуфтеро дарёфт мекунанд. Ин маблағҳоро барои кисаи худашон мегиранд. Ва барои пинҳон кардани фасодкорияшон фарзандони мардуми камбизоатро ба “муассисаҳои ислоҳӣ” мефиристанд. Чӣ қадаре, ки барои терроризм бештар маблағ дарёфт кунанд, ҳамон қадар зиндонҳо аз мардум лабрез мегардад. Чунки бояд нишон диҳанд, ки “кор мекунанд!”

Ва албатта “кор” ҳам карданд. Дар зарфи 8 моҳ, бо роҳҳои гуногун куштани беш аз 100 нафар зиндонӣ, магар “кор” нест?! Барои дигар давлатҳо ин фоҷеаи гӯшношунид аст, аммо мақомдорони тоҷик кушта шудани маҳбусро як амри маъмулӣ медонанд. Аз ин бармеояд, ки агар фишори ҷомеаи байналмиллалӣ намебуд, ба ҳукми қатл “монитория” эълон намекарданд. Алъон ангушти пушаймонӣ мегазанд, ки чаро ҳукми қатлро бекор карданд, шабҳо барои ин ором хоб намераванд. Кош, ҳукми қатл мебуд! Бо ин миллат чизе, ки бикунӣ қабул мекунад ва боз ҳам аз ту ташаккур мекунад. Дар зиндон барои фурӯ нишондани “ошӯб” ба муқобили мардуми бесилоҳ, силоҳро равона месозанд. Инҳо чӣ будани заҳматро намедонанд. Роҳи гуфтугӯи мусолиматомезро намедонанд. Вақте ки шиорат “Мо метавонем”, бошад, албатта ҳама чиро метавонӣ, махсусан ба тарафи мардуми бесилоҳ тир холӣ карданро, бе гуноҳ ба зиндон шинонданро, миллатро ба қабила табдил доданро. Агар дар як кунҷи сайёра имрӯз қабилае орзуи миллат шуданро дар дил мепарварида бошад, дар Тоҷикистон “мо метавонем” гуфта миллатеро ба қабила табдил доданд. Бале, қабила. Қабила аст, ки 128 маҳбусро дар се”автозак” меғунҷонад ва 8 зани бандиро бо 120 мард дар ин мошинҳо мебарад, ки мухолифи тамоми меъёрҳои чӣ байналмилалӣ ва чӣ исломӣ ва инсонист.

Дар кишварҳои аврупоӣ агар паноҳҷӯро аз як камп ба кампи дигар интиқол доданӣ шаванд, барояш маводди ғизоӣ, мева ва об медиҳанд. Чунки барои бехатарияш ҷавобгаранд. Ҳатто намегузоранд, ки дору ё маводди дигареро як нафар ба нафари дигар диҳад. Тоҷикистон аъзои бисёре аз паймонҳои байналмилалӣ аст. Чанд сол боз дар кишвар ислоҳоти милиса ҷараён дорад. Вазорати адлия ҳам зери ҳуҷҷатҳои зиёди байналмилалӣ имзо гузошта, ки масъулияти ин ниҳодҳоро дар назди мардум на кам, балки бештар мекунад. Маҳбусон ҳам ҷузъе аз ин миллат ҳастанд ва дар шиносномаашон ба ин ишора ҳам шуда. Ва фаротар аз миллат, одам ҳастанд ва онҳоро низ Худованд халқ карда. Баъди муроҷиати як гурӯҳи зиндониён ба Мансур Умаров, роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъул гуфт, ки вазъи зиндониёнро меомӯзад ва гӯё баъди омӯхтан ба хабарнигорон гуфт, ки баъзе ҳарфҳое, ки муроҷиаткунандагон гуфтанд, тасдиқи худро наёфтанд. Шиканҷа дар зиндон қариб, ки нест ва хурду хӯроки зиндониён ҳам ба меъёрҳо ҷавобгӯ аст.

Чун сухан атрофи ғизои маҳбусон рафт, фоҷеаи зиндони “Кирпичний”-ро бори дигар ба хотир меорем. Умаров гуфт, ки маҳбусон аз ғизо танқисӣ намекашанд. Дар ин ҳол далели аввали норасоии ғизоро дар фоҷеаи зиндони “Кирпичний” дидан мумкин аст. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки як гурӯҳи кучак — онҳое, ки “криша” доштанд, барои худ ошхонаи алоҳида доштанд. Ва мӯҷиби сар задани ин ошӯб ҳам ҳамин “ошхонаи ДОЪИШиён” буд. (Ишора ба баъди як ҳафта ба дӯш гирифтани ошӯб дар ин зиндон.)

Шикваи пай дар пайи хешу табори маҳбусон дар бораи нарасидани маводди ғизоии овардаашон ба маҳбус ҳам Умаровро мутақоъид насохт. Албатта Умаров, на мардум, балки бародари замоне зиндонияшро пурсидагист, оне ки дар зиндон ҳам зиндагии шоҳона дошт. Ва модари Умаров ҳам шояд ҳар бор аз писараш талаб менамуд, ки бародараш дар зиндон гушнаву ташна набошад. Кош, 9 ҳазор маҳбуси дигар ҳам чунин “бародар” медоштанд ва “нони пупанакзада” намехӯрданд!

Ба унвони як модар, акнун тасаввур мекунам ҳоли модар, ҳамсар ва фарзанди он маҳбуси аз нон ҳалокшударо. Ҳар боре, ки модар дар сари танӯр нон мебандад, дастурхонҳои пури нон дар ид, туйу маъракаҳо мебинад… ва ту гушна нестӣ!, гуфта хитоб кардани падареро ба писараш.

Аммо воқеаҳои моҳҳои охир нишон додан, ки гушнаи воқеӣ киҳоянд. Гушнаҳое, ки бо макидани хуни ҳалқ ҳам сер нашуданд ва нисфи зиёди мардумро бехонаву дар ва дар ҷустуҷӯи нон сарсону саргардон карданд.

Аҷаб ҳукумате! Аз ин амали худ шарм надошта эълон мекунад, ки аз хӯрдани нони пупанакбаста маҳбусон ҳалок шуданд. Шарм аст ба Худо. Ҳаддиақал мегуфтанд, ки аз нони заҳролудшуда. Нони “пупанакбастаро” нафаре мехӯрад, ки чанд рӯз рӯи нонро надидааст ва серӣ нон нахӯрдааст.

Чун маргу мири асроромези маҳбусон аксаран тафтиш нашуда боқӣ мемонад, масъулин чунин тахминҳоро, ки аз забони нафари “дӯсти” ин миллат садо медиҳад, зуд қабул мекунанд. Масалан, як масъули дигар низ чанде пештар иброз дошт, ки шароити нигоҳдории маҳбусони Тоҷикистон дар қиёс бо бархе аз кишварҳо беҳтар аст, яъне маҳбусон вобаста ба имконоти Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Пас истеъмоли нони “пупанакзада” ва бурдани 128 маҳбус дар се “автозак”, бори дигар маълум кард, ки Тоҷикистон дар кадом шароит қарор дорад. Оне ки аз шароити маҳбусон сирри давлатӣ месозанд ва ҳатто кормандони “Салиби Сурх” иҷозати ворид шудан ба зиндонро надорад, воқеияти дигареро ба ҷаҳониён мекушояд. Воқеияти даҳшатнок ва мардумӣ набудани ин ҳукуматро. Ҳукумате, ки оддитарин меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар он риоя намешавад, махсусан ҳукуқи маҳбус.

Вақте ки нақшаи интиқоли маҳбусон аз як зиндон ба зиндони дигарро рӯи мизи кории Вазири адлия барои имзо ва тасдиқ кардан мегузоранд, магар вазир ё муовини аввалаш намебинанд, ки чанд мошин бояд ҷудо намуд, масъалаи бехатарӣ, ғизо, мошини ёрии таъҷилӣ, духтурони касбиро аз ҳама пеш бояд мувофиқа кард. Бубинед, 50—100 нафар “Авангард”-ро, ки барои тамошо ба яке аз минтақаҳои кишвар мебаранд. “Колонияи” онҳоро ҳатман мошини ёрии таъҷилӣ ҳамроҳӣ мекунад. Ва то имрӯз надидаам, колонияе, ки бе мошини ёрии таъҷилӣ ё духтур ҳаракат карда бошад. Дар ин ҷо кам ҳам беш аз 120 маҳбус будаанд. Гирем, 120 маҳбусро дар се “автозак” ғунҷонида тавонистанд, то сӯзишвориро сарфа кунанд ва барои мошини ёрии таъҷилӣ низ нахостанд сӯзишворӣ харҷ кунанд, аммо оё имкон набуд, ки як ё ду духтурро дар мошинҳои ҳамроҳ ҷой кунанд?

Албатта, иин суол дар сурате матраҳ аст, ки акси ҷасади яке аз “заҳролудшудагон” дастраси мардум намегардид!

Оре, агар мардум акси он ҷасадро намедиданд, онгоҳ суолҳо барои “нони пупанакзада” идома пайдо мекард.

Аммо дар бораи “нони пупанакзада!”

Се дона “хлеб”-и пупанакзада, ки онро 16 (шонздаҳ) нафар хӯрдаанд, наметавонад онҳоро ба андозаи марги фаврӣ заҳролуд созад!

Нони пупанакзадаро ҳама дидаву медонанд.

Агар ин гуна нон каме пупанак задаву хушк шуда бошад, аслан кушанда нест!

Агар комилан пупанак задаву сиёҳ шуда бошад, он қадар бӯю таъми бад дорад, ки онро на танҳо саг ҳатто одами дар ҳоли марг ҳам намехӯрад!

Агар ба “нони пупаканакзада” бовар кунем, пас, ин нонҳо аз тарафи касе ё касоне ва ҳатман бо супориш заҳролуд карда шудаанд. Заҳри қавие, ки шояд бӯй ҳам надошта бошад ва фаврӣ ҷони зиндаро мемиронад!

Дар ин маврид бояд комиссияи байналмилалӣ, бо пизишкони саршиноси бетараф ҷасадҳоро муоина мекарданд ва хулосаи дақиқи тиббиро пешкаш менамуданд!

Чунин накарданд ва нахоҳанд кард, зеро ин афрод кушта шудаанд!

Аммо, чун акси дастрашуда нишон медиҳад, ки чеҳраи мақтул пур аз ҷароҳатҳои вазнин аст, лабу чашм кафидаву варам аст ва даври сар пур аз пахта асту пахта барои хун гузошта шудааст, мерасонад, ки маҳбусон ба таври даҳшатноке бо зарби мушту лагад ба ҳалокат расонида шудаанд!

Суол мешавад, ки чӣ зарурат буд, ки ин 16 нафар, ки шояд на доъишӣ, на ҳнитӣ, на терурист… буданд, бояд кушта шаванд?

Посух ин аст: “Пешво”-и худхонда, ҳангоми шикаст хӯрданаш дар интихобот дар баробари Абдумалик Абдуллоҷонов, ба такрор, аз ҷумла дар Кохи “Борбад” баромад кардаву бо хашм, дар ҳадде, ки овозаш медарид, гуфта буд: “Ин хонаро ман сохтам, намемонам!!! Бо хун омадам, бо хун меравам!!!” Ин таҳдиди ошкори ҷинояткори рақами 1-и кишвар тавассути телевизион борҳо намоиш дода шуда буд! Сабти онро мо низ дорем!

Рад шудани таклифи “додани мансаби президентӣ ба писар” аз тарафи Путин, бефоида будани миёнравии Лукашенко барои ин кор, ба ҷон омадани мардум, тарс аз соҳибони ҳамаи кушташудаҳои дасти режими хунхор, тарс аз ҳазорон зиндонӣ ва хонаводаҳои онҳо, тарс аз мухолифин, ки дар берун аз кишвар ва дохил садҳо ҳазор нафаранду бисёрашон хомӯш ва интизори пайти муносибанд, режими хуношомро водор мекунад, ки барои иҷрои шиори “Бо хун омадам – бо хун меравам!” омода созад!

Бештари қотилону одамкушҳои ин режим, яъне боевикҳои он бо дасти худаш ё бо ҳар василае кушта шуданд. Инҳое, ки шабу рӯз “ҷаноби олӣ”, “пешво”, “яккаву ягона”… ӯро меноманд, соҳиби сарвату корхонаҳову пулҳои калонанд ва ҳеч гоҳ ин чизҳоро гузошта ба даст силоҳ намегиранд то Раҳмонову Ятимову Раҳимову Озодаву Таҳминаву Парвинаву Шамсуллоҳоро пуштибониву посбонӣ кунанд. На! Бо маҳзи расидани бӯи хатар хабар инҳоро ё Дубай мешунавед ё аз Чин. Чун худи Раҳмонову Раҳимову Ятимов!

Аммо дар он ҳол, агар фаро расад, “авангард”-ҳо, милисаҳо, амниятиҳо ва ҳамроҳ бо инҳо бо истифодаи ҳисси маҳалгароии пуштибонӣ аз “ҳукумати ҷануб” ҷавонони зиёди ноогоҳу бехабару ниқорталабу ҷангталаб барои куштори миллат ба даст силоҳ хоҳанд гирифт.

Раҳмонову командааш медонанд, ки “дастаҳо”-и нави омодакардаашон одам накуштаанду шояд аз куштан ибо кунанд, аз ин рӯ, то рӯзи амалӣ кардани шиори раҳмоновии “Бо хун омадем – бо хун меравем!”, дасти кормандони амниятӣ, милиса ва дигар ниҳодҳоро бо куштани зиндониёни богуноҳу бегуноҳ “рост” мекунанд!

Бале, хулосаи ниҳоии ман аз қатли дастаҷамъии зиндониён дар Суғд, дар “Кирпичний” ва куштори ин 16 зиндонӣ дар роҳи интиқол пеш аз ҳама ё ақаллан дар мавриде маҳз бо ҳамин ҳадаф сурат гирифтааст!

Баъд аз ин ҳам куштори зиндониён идома меёбад. Даҳҳо роҳҳоро дар идораи амният ва дар идораи ВКД нишаста кор мекунанд, чораҳои “беҳангома” куштани зиндониён, мухолифон ва ҳар касеро, ки муқобили вабои воқеъии миллӣ Раҳмонов ва меросхӯри саримардумхӯри ӯ садо баланд мекунад ё норозист, бо роҳҳои гуногун меҷӯянд.

Аз ин рӯ, бо ҳар ҷиноят, ки онро мехоҳанд ё бори “Доъиш” кунанд ё кори ҲНИТ донанд ё кори Эрон донанд ё “нони пупанакзада” гӯянд, сиррашон фош мегардад, чунонки дар ин ҳодиса ҳам бо акси мақтулони “заҳролӯдшуда” сиррашон ифшо гардид!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: