Перейти к содержимому

Помпео: “Эрониҳо аз даврони бостон дунболи куштори яҳудиён буданд”

Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико дар як конфронс дар Вошингтун, зимни такрори анвоъи иттиҳомзаниҳо алайҳи Эрон, ба таҳрифи таърих мутавассил шуд ва иддао кард, ки шиори “Марг бар Исроил!” нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамонанди давраи Имперотурии Порс ба дунболи аз байн бурдани “яҳудиён” аст.

Ба навиштаи сойти Вазорати хориҷаи Омрико, вазири хориҷаи давлати Дунолд Тромп, дар конфронси солонаи “Масеҳиёни муттаҳид барои Исроил” бидуни ишора ба зиндагии ақаллиятҳои динӣ дар Эрон, муддаӣ шуд, ки “Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дигар адён ситез дорад” ва ақаллиятҳои диниро “мушкили амнияти миллӣ”-и худ медонад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, иддаои вазири хориҷаи Омрико дар бораи ситезаҷӯӣ бо ақаллиятҳои динӣ дар Эрон дар ҳоле матраҳ шуда, ки адёни илоҳӣ аз қабили масеҳият, яҳудият ва зартушт дар Эрон бо камоли озодӣ ба парастиши дини худ идома медиҳанд. Тибқи ин гузориш, дар Қонуни асосии Эрон зимни ба расмият шинохтани ҷойгоҳи ақаллиятҳо, ба онҳо барои ҳузур дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон (порлумон) курсӣ додааст.

Помпео дар ишора ба шиори “Марг бар Исроил!” дар Эрон, ба таҳрифи таърих пардохт ва бо тавассул ба “Китоб Эстер” иддаои пешини худ дар бораи “яҳудситезӣ”-и Эрон дар даврони бостонии ин кишварро такрор кард.

Ривояти китоби Эстерро бархе ба даврони Хашоёршои ҳахоманишӣ нисбат медиҳанд. Китобе, ки дар бахше аз он, ба “Иди Пурим”-и яҳудиён ҳам ишора шудааст.

Вазири хориҷаи Омрико бо истинод ба ин китоб, ки муаррихон дар бораи асолати он тардидҳои ҷиддӣ ворид карда ва онро “афсона” хондаанд, муддаӣ шуд, ки “як дуктурини мунҳариф” сабаб шуда, ки беш аз чаҳор даҳаи ахир аз Эрон садои “Марг бар Исроил!” шунида шавад.

Помпео гуфт: “Китоби Эстер ба мо мегӯяд, ки қарни панҷуми қабл аз мелод, замони подшоҳии Хашоёршо, як мушовири шарур ба номи Ҳомон дар садади тавтиъа барои куштани тамоми яҳудиёни Имперотурии Порс буд ва ӯ номае маҳрамона бо мӯҳри подшоҳ ба волиёни манотиқ навишт ва дастури ҳамлаи яҳудиёнро содир кард, аммо ба лутфи дахолати шуҷоъонаи Малика Эстер тавтиъаи Ҳомон ифшо шуд ва дар ниҳоят яҳудиён ҷони солим ба дар бурданд. Имрӯза дар Иди Пурим ба муносибати ҳамин мӯъҷизаи хориқулъода, ҷашн гирифта мешавад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, изҳороти вазири хориҷаи Омрико дар бораи Китоби Эстер дар ҳоле матраҳ шуда, ки Донишкадаи Бритонико дар ин бора навиштааст: “Ҳақиқати таърихии ин воқеа маъмулан мавриди суол аст. Дар мавриди Иди Пурим низ ҳарчанд мушаххас аст, ки Иди Пурим то ҳудуди қарни дуввуми мелодӣ ба як суннати тасбитшуда дар миёни яҳудиён табдил шуда буда, аммо решаи таърихии ин ҷашн ношинохтааст.”

Дар ин донишнома омада, ки моҷарои Пурим аз Китоби Эстер дар воқеъ яке аз қиссаҳои эронӣ дар мавриди найрангҳои шаҳбонуҳои эронӣ дар даруни подшоҳон аст ва худи Иди Пурим низ ба навъе иқтибоси яҳудиён аз Иди Наврӯз аст.

Помпео дар идомаи конфронс бори дигар ба иддаоҳои матраҳшуда дар Китоби Эстер мутавассил шуд ва иддао кард, ки: “Имрӯза ҳам мардуми яҳуд бо таҳдидоти мушобеҳе мувоҷеҳ ҳастанд. Нобудии Уршалим тавассути Имперотурии Рум ва барномаҳои шарурона дар саросари таърихи Урупо ва Ҳулукостро ба хотир дошта бошед.”

Вазири хориҷаи Омрико, ки чанде қабл Дунолд Тромпро “фиристодаи Худованд барои наҷоти яҳудиён” хонда буд, бори дигар ин иддаоро такрор кард.

Помпео дар ин бора ба як расонаи омрикоӣ гуфта буд: “Ба унвони як масеҳӣ, ба яқин бар ин боварам, ки ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Тромп дар ин бурҳа, аз сӯи Худованд ҳамчун Малика Эстер барои кӯмак ба наҷоти яҳудиён аз таҳдиди Эрон ба замин фиристода шуда бошад.”

Вазири хориҷаи Омрико дар изҳороти тозаи худ низ гуфт: “Худоро шукр, ки мо раҳбаре чун раисиҷумҳур Тромп дорем, ӯ як дӯсти собитқадами Исроил аст. Таъаҳҳуди ӯ мустаҳкамтарин таъаҳҳуд дар таърих буда ва ин таъаҳҳудро ба амали воқеӣ табдил кардааст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: