Перейти к содержимому

Замони бисёр сахт барои мӯъминон

Ҳазрати Расули Акрам (Дуруду саломи Худо бар ӯ!) фармояд:

يِأْتِي عَلَى النَّاسِ زَمَانٌ الْقَابِضُ عَلَى دينه كالقابض على الجمر

Замоне бар мардум ояд, ки нигаҳ доштани дин барои як диндор, монанди нигаҳ доштани ахгари оташ дар дастонаш аст.” (Ривояти Тирмизӣ аз Анас (р))

Абӯҳурайра (р) низ ба ҳамин мазмун аз Расули Акрам (с) ривоят кардааст:

وَيْلٌ لِلْعَرَبِ مِنْ شَرٍّ قَدِ اقْتَرَبَ، فِتَنٌ كَقِطَعِ اللَّيْلِ الْمُظْلِمِ، يُصْبِحُ الرَّجُلُ فِيهَا مُؤْمِنًا وَيُمْسِي كَافِرًا، يَبِيعُ دِينَهُ بِعَرَضٍ مِنَ الدُّنْيَا قَلِيلٍ، الْمُمْسِكُ مِنْهُمْ يَوْمَئِذٍ عَلَى دِينِهِ كَالْقَابِضِ عَلَى خَبَطِ الشَّوْكِ

Вой бар араб аз шарре, ки наздик шуда! Фитнаҳо зоҳир мешаванд монанди лаҳзаҳои шаби торик. Дар он замон, мард субҳ мӯъмин аст, вале шаб кофир; динашро дар баробари моле андак аз дунё мефурӯшад. Дар он рӯзгор, нигаҳ доштани дин барои як диндор, монанди нигаҳ доштани хор дар дастонаш аст.”

* * *

Ин ки ҳазраташ (с) мефармояд, нигаҳ доштани дин барои мӯъмин мисли нигаҳ доштани ахгари оташ ё хор дар дастонаш аст, бад-ин маъност, ки устувор мондан бар дин — яъне амал ба дастуроти илоҳӣ ва худдорӣ аз корҳое, ки Худованд наҳй карда – барои ӯ бисёр сахту душвор аст, мисли ин аст, ки як ахгари оташ дар дастони худ бардошта; зеро муҳит хароб аст, ҳама ҷоро фисқу фуҷуру фаҳшо фаро гирифта, сарашро наметавонад боло бардорад.

Аз тарафе ҳам, мӯъмин бояд дар ҳамин ҷомеаи олуда зиндагӣ кунад. Яъне, дар айни будан дар васати якчунин ҷомеае, ту бояд динатро ҳифз кунӣ, ба номаҳрам нигоҳ накунӣ, даст ба гуноҳ назанӣ, вақте вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мешавӣ, ҳамин ки бо тасовири мустаҳҷан мувоҷеҳ шудӣ, бояд хештандорӣ кунӣ… Хуб, ин кор мисли ин аст, ки ахгари оташ дар дастони худ бардоштаӣ. Ва бо ин ки дастонат месӯзанд, аммо набояд ин оташро ба замин биандозӣ. Ин кор, дар айни он ки сахту душвор аст, аммо бузугтарин чиҳод аст! Ҷиҳоди акбар, ки мегӯянд, ҳамин аст.

Ва бадтар аз ҳама, дар ин замон, арзишҳо иваз шудаанд. Мункар маъруф гардида, ва маъруф мункар. Мункар яъне зишту қабеҳу нописанд, ва маъруф зидди он, яъне некӯ ва писандида. Яъне, як хислат ва ё амал, ки “маъруф” аст — мисли хештандорӣ, ғайрат, иффат, ғаззи басар (чашмпӯшӣ аз номаҳрам), садоқат, ихлос ва ғайра… — инҳо дигар “мункар” талаққӣ шудаанд, масалан ғайрату иффат таъассуб талаққӣ мешавад, садоқат содда будан талаққӣ мешавад, ғаззи басар “нодида” қаламдод мешавад, ва ҳоказо…

Ва аз ин ҳам бадтар ва зишттар, “нухбагоне” пайдо шудаанд, ки корашон асосан мункарро маъруф ҷилва додан ва маъруфро мункар нишон додан аст, ва ба ҷойи тарвиҷи маъруф, корашон тарвиҷи мункар шуда, чунонки Қуръони Карим мефармояд:

يَأْمُرُونَ بِالْمُنكَرِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ

Ба сӯйи мункар мехонанд ва аз маъруф бозмедоранд…” (Сураи Тавба, ояти 67)

Ва зишттар аз ҳамаи он чи гуфта шуд ин аст, ки дигар “тоҳир ва пок будан” дар якчунин ҷомеае, ғайримақбул магардад ва ҷомеа таҳаммули афроди покро надорад. Намунааш дар Қуръони Карим омада. Яъне, қавми ҳазрати Лут (а). Вақте ҳазрати Лут (а) хитоб ба қавмаш мегӯяд, шумо ба ҷойи занон ба мардон наздикӣ мекунед, ва ин зишт аст, вале қавмаш мегӯянд, ин мард (Лут (а)) марди пок аст, ва поконро дигар берун биронед, бибинед Қуръон чӣ мегӯяд:

وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِّن الْعَالَمِينَ. إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ شَهْوَةً مِّن دُونِ النِّسَاء بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ مُّسْرِفُونَ. وَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلاَّ أَن قَالُواْ أَخْرِجُوهُم مِّن قَرْيَتِكُمْ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ

«Ва Лутро (фиристодем). Ҳангоме, ки ӯ ба қавми худ гуфт: оё ин кори зиштро (яъне ҳамҷинсгароиро) муртакиб мешавед, дар ҳоле ки ҳеч кас аз ҷаҳониён дар он бар шумо пешӣ нагирифтаанд (яъне собиқае надошт ин амали зишт)? Шумо аз рӯи шаҳват ба ҷойи занон, бо мардон меомезед, шумо гурӯҳе таҷовузкоред!..

Ҳоло ҷавоби он қавмро бибинед:

Вале посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: ононро (яъне Лут ва ҳамроҳонашро) аз шаҳратон берун кунед, зеро онон инсонҳои поканд.” (Сураи Аъроф, оятҳои 80-82)

Худоё! Дар ин замони фитна, ҷуз ту дигар паноҳгоҳе надорем, худат нигаҳамон дорӣ!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: