Перейти к содержимому

Тромп: Сафири Ангилис дар Омрико “аҳмақ” аст // Терезо Мэй ҳарфамро гӯш надод ва ба сиёсати “аҳмақона”-и худ пофишорӣ кард

Дунолд Тромп дирӯз ба ифшои емейлҳои ҷанҷолии сафири Бритониё дар Вошингтун вокуниш нишон дод.

Нашрияи англисии Mail On Sunday емейлҳои ҷанҷолии Ким Доруш (Kim Darroch) — сафири Бритониё дар Вошингтунро ифшо кард. Сафири Бритониё дар ин емейлҳо давлати Тромпро “мутазалзил, нокоромад ва бемантиқ” тавсиф намуда ва сиёсати ӯ дар қиболи Эронро “сардаргуму мутаноқиз” унвон карда буд.

Тромп рӯзи сешанбе (9 июл) бо навиштани чанд твитт ба он вокуниш нишон дод; вокунише, ки аз Терезо Мэй, нахуствазири Бритониё гирифта то сафири ин кишвар дар Вошингтунро шомил мешавад.

Тромп дар бораи Терезо Мэй бо лаҳне асабонӣ навишт: “Пештар ба ӯ (Терезо Мэй) роҳу чора дар ин бора (тавофуқи хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо = Брексит)-ро нишон додам, аммо ӯ бар сиёсатҳои аҳмақонаи худ исрор кард ва ба ин тартиб натавонист коре аз пеш бибарад. Як фоҷеа!

Тромп ҳамчунин дар идома ба шиддат ба Ким Доруш, сафири Бритониё дар Вошингтун тохт ва ӯро фарде аҳмақ тавсиф кард. Тромп навишт: “Ман сафирро намешиносам, аммо ба ман гуфтаанд, ки як аҳмақ ба тамоми маъност. Ба ӯ бигӯед, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳамакнун беҳтарин иқтисод ва нерӯи низомии дунёро дорад. Бо фосилае бисёр зиёд аз дигар кишварҳо…

Тромп дар твитте дигар дар бораи сафири Бритониё навишт: “Сафири гиҷе, ки Ангилис ба Иёлоти Муттаҳида фиристода тӯҳфае нест, ки мо аз ӯ хушамон биёяд, одами бисёр аҳмақе аст. Ӯ беҳтар аст бо кишвараш ва нахуствазир Терезо Мэй дар бораи музокироти шикастхӯрдаи Брегсит сӯҳбат кунад ва хеле аз интиқодоти ман аз наҳваи мудирияти он нороҳат набошад.”

Бисёре аз нозирон ва таҳлилгарон дар Бритониё твиттҳои Тромп дар бораи Терезо Мэй ва сафири Бритониёро тавҳиномез дониста ва лаҳни онро мутаносиб бо ду кишвари муттаҳиди суннатӣ надонистаанд.

Ҷереми Ҳонт (Jeremy Hunt), вазири умури хориҷаи Бритониё, дар твитте изҳороти Тромп дар бораи нахуствазири Бритониё ва сафири ин кишвар дар Вошингтунро тавҳиномез тавсиф карда ва навишт: “Дӯстон бо ҳам сареҳ сӯҳбат мекунанд, ман ҳам ҳамин корро анҷом диҳам: ин изҳорот дар бораи нахуствазири мо ва кишвари ман тавҳиномез ва нодуруст ҳастанд. Диплумотҳои шумо назароти маҳрамонаи худашонро ба вазири хориҷа Помпео ироа медиҳанд, диплумотҳои мо ҳам ҳамин корро анҷом медиҳанд… Шумо гуфтаед, ки байни Омрико ва Ангилис олитарин эътилоф барқарор аст, ман ҳам бо шумо мувофиқам, аммо муттаҳидон бояд бо эҳтиром бо якдигар сӯҳбат кунанд, ҳамон равияе, ки Терезо Мэй ҳамеша дар қиболи шумо пеш гирифтааст. Сафирон тавассути давлати Ангилис мансуб мешаванд ва агар ман нахуствазир шавам, сафирамон дар симаташ боқӣ хоҳад монд.”

Гуфтанист Ким Доруш, ки як диплумоти олирутба ва бособиқаи бритониёӣ аст лақаби “Сэр” дорад ва қарор аст маъмурияти ӯ дар Вошингтун охирин маъмурияти даврони кории ӯ пеш аз бознишастагӣ бошад. Даврони кории ӯ дар Вазорати умури хориҷаи Бритониё чанд моҳи дигар ба сар хоҳад омад ва вазири хориҷаи Бритониё таъкид карда қасди таъвизи ӯро то поёни маъмурияташ надорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: