Перейти к содержимому

Моҷарои охирин бозмондагони ориёиҳо

Гузорише тасвирӣ аз Дев Стамбулис (Dave Stamboulis), аккос ва сафарноманавис

Дар дарае дурафтода дар ноҳияи Лодохи Ҳинд, қабилае ба номи ориёиҳо зиндагӣ мекунанд, ки шояд охирин насл аз мардумоне бо хуни холис бошанд ва зоҳиран охирин дорандагони як хазонаи жении баҳамнахӯрда ҳастанд.

Барои бисёре, истилоҳи “орёӣ” ёдовари идеулужии сиёҳ аст. Бо ин ҳол, ин вожа баргирифта аз вожаи санскрити “ориё” аст, ки ба маънои “наҷибзода” аст ва дар асл ба мардуме итлоқ мешуда, ки ба забони ҳинду-эронӣ сухан мегуфта ва аз Осиёи Марказӣ ба Ҳинду Эрон муҳоҷират карда буданд. Баъдҳо аз ин вожа барои итлоқ ба гурӯҳҳои қабилаӣ, ки дар дараҳои рӯди Синд, ки имрӯз бахше аз Покистону Ҳинд аст мезистанд истифода мешуд. Ҳоло гуфта мешавад, ки наводагони эшон, ин ақаллияти бисёр кучак, ки имрӯза дар ноҳияи Лодох зиндагӣ мекунанд ҳастанд.

Зиндагии дурафтода ва душвор

Дараи Доҳону дар Лодох, дар миёни маҳаллиҳо ба “Дараи ориёиҳо” низ маъруф аст ва байни кӯҳҳои Корокуром ва рӯди Синд дар шимоли Ҳинд дар наздикии марз бо Покистон қарор дорад. Дар инҷо панҷ деҳкадаи ориёӣ вуҷуд дорад, ки манзилгоҳи байни 2000 то 4000 нафар аст. Сокинони инҷо, ки ба қавми Бругпо низ маъруфанд, ҳазорон сол аст, ки дар инзиво зиндагӣ кардаанд, ки далелаш то ҳадде табиати хашини ноҳия, адами вуҷуди ҷодда ва даргириҳои марзии Ҳинду Покистон бар сари Кашмир аст. Ин инзиво кӯмак карда, то хазонаи жении онон дастнахӯрда ва холис боқӣ бимонад. Аммо бо расидани ҷаҳони мудерн ба остонаи қаламрави эшон, ба назар мерасад, ки ин вазъият дере напояд.

Гузаштаи розолуд

Дар мавриди маншаи қавми Бругпо теуриҳои гуногуне вуҷуд дорад, ки ҳеч як то кунун бо қатъият исбот нашудаанд. Фридриш Мокс Мулер (Friedrich Max Müller) — забоншинос ва шарқшиноси олмонӣ, мӯътақид буд, ки ориёиҳо фотеҳони сафедпӯсти аҳли Осиёи Марказӣ будаанд, ки бо ҷанг худро ба Урупо расонда ва онро дарнавардидаанд. Баъдҳо, олмонҳои нозӣ аз ин шефтагӣ нисбат ба қавми ҷангҷӯи сафедпӯст истифода карданд ва нажоди холисеро, ки метавонад фотеҳи ҷаҳон шавадро таблиғ мекарданд.

Як эътиқоди роиҷи дигар ин аст, ки қавми Бругпо наводагони Искандари Мақдунӣ ва сарбозонаш ҳастанд, ки дар хилоли юришашон ба Осиё ба инҷо расида буданд. Чунин фарзияе дар робита бо қабилаи Колоши Покистон, ки чандон аз инҷо дур нестанд низ матраҳ шуда, аммо озмоишҳои DNA натиҷаи қатъиеро дар ин замина ба даст надодааст.

Сокинони аслӣ

Севвумин фарзия ин аст, ки қавми Бругпо аввалин сокинони доимии ин ноҳия будаанд ва дар қарни ҳафтум ба дараҳои Корокуром муҳоҷират карда ва дар он сокин шудаанд. Як чиз аммо қатъӣ аст: ориёиҳо, бар хилофи лодохиҳои тибетии муғулие, ки дар ин ноҳия сокинанд, шабоҳатҳои физикии бисёре ба урупоиҳо доранд. Ориёиҳо чашмҳои обӣ, сабз, фандуқӣ, гунаҳои болотар ва пӯсти равшантар доранд ва ҳамчунин нисбат ба ҳамсоягони кашмирӣ ва лодохии худ бисёр баландқадтар ҳастанд.

Суннатҳои дар ҳоли тағйир

Қавми Брукпо издивоҷ бо ғайриҳамқавм ё издивоҷҳои миёни табақотро мамнӯъ кардаанд ва забони мунҳасир ба фарди худ ба номи бруксотро ҳифз кардаанд. Онҳо ҳамчунин равишҳои фарҳангии қадимии худро ҳифз кардаанд ва либосҳои муфассал ба тан мекунанд; рӯсариҳои гулӣ ба сар мекунанд, полтуҳои пӯсти гӯсфанд мепӯшанд ва бо ҷавоҳироту зеваролот худро тазйин мекунанд. Бо ин ҳама, дастрасӣ ба интернет ва бо вуруди ҷоддаҳои осфолтӣ дар як даҳаи ахир, ҳифзи суннатҳо бисёр душвортар шудааст. Ориёиҳои ҷавон ҳоло бо афроди хориҷ аз қабилаи Бругпо издивоҷ мекунанд ва барои кор ба шаҳрҳо нақли макон карда ва либосҳои ғарбӣ мепӯшанд. Будоизм низ нуфузи зиёде дар инҷо дошта ва аксарияти ориёиҳое, ки собиқан руҳбовар буданд, акнун ба будоият гаравидаанд ва ҳар сола маъбадҳои ҷадиде дар ин дараҳо эҳдос мешаванд.

Ҷашнҳои муфассал

Дар ҳоле, ки тағйироти мудерн фарҳанги ориёиро таҳдид мекунанд, ҳамзамон ба навъе наҷотбахши он низ ҳастанд. Ҷоддаи мусаттаҳе, ки ба дара кашида шуда, ба онон дастрасии беҳтаре ба хадамоти дармонӣ, мавқеиятҳои таҳсилӣ ва машоғил дар шаҳри Леҳ додааст. Ҳамзамон бардошти мамнӯияти вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин ноҳия, ки панҷ сол пеш тавассути артиш сурат гирифт, боис шуда, то ҷараёни пойдоре аз вуруди гардишгарон ба ин ноҳия шакл бигирад, ки қадре пул ба ин ҷомеаҳои дурафтода тазриқ мекунад. Дар беш аз ду соли гузашта, чандин ҷашни фарҳангӣ тавассути панҷ деҳкада баргузор шуда, ки ҳамаи аъзои қабоил дар он ширкат доранд ва бо пӯшидани либосҳои суннатӣ ба иҷрои рақсҳои фарҳангӣ пардохта ва равиши зиндагии мунҳасир ба фарди худро ба ҷаҳони хориҷ намоиш медиҳад.

Либосҳои суннатӣ

Духтарони камсин муҳимтарин ҳалқа дар ҳифзи фарҳанг ҳастанд, чаро ки занони Бругпо муфассалтарин либосҳои суннатиро ба тан мекунанд (имрӯза мардон либосҳои суннатиро фақат дар ҷашнҳо ба тан мекунанд, дар ҳоле, ки занон рӯсариҳояшонро ҳангоми рафтан ба мазраъа ё ҳини анҷоми корҳои хона низ, бар сар доранд). Модарон бо алоқа соатҳо барои бофтани мӯи духтаронашон, омода кардани либосҳои дастдӯз барои эшон ва дуруст кардани зеваролот ва чизҳои тазйинӣ барои онҳо ва барои истифода дар ҷашнҳо, вақт сарф ме‍кунанд. Арӯсиҳои суннатии бругпоҳо низ дар ин ҷашнҳо баргузор мешавад ва дар онҳо, арӯс сурати худро бо ниқобҳое, ки аз гулҳои коғазӣ сохта шуда мепӯшонад ва бо роҳнамоии хонавода аз миёни ҷамъият, ки барояш орзуи хушбахтӣ мекунанд, мегузарад.

Вазоифи духтарона

Вақте ки ману ҳамсарам дар рустои Биёмо будем, дар манзили Дулмо сокин шудем. Ӯ як маҳаллӣ аз қавми Бругпо буд, ки аз меҳмон шудани ду хориҷӣ дар хонааш ҳам музтариб шуда буд ва ҳам кунҷков. Ӯ чанд калимаи ангилисӣ балад буд ва қадре аз аҳволотамон пурсид. Ӯ сипас бо ғурур рӯсариҳо, ҷавоҳиролот ва тилисмҳои хонаводагиашонро нишонамон дод ва аз ин ки чӣ тавр дар пӯшидани онҳо ба духтараш кӯмак мекунад гуфт. Ӯ аз ин ки ҷашни охири ҳафта гардишгаронро ба инҷо мекашонад, бисёр сархуш буд.

Фарҳанги пӯё

Аз Дулмо пурсидам, ки оё аз ин ки духтараш дар ҷашн ширкат мекунад ҳаяҷонзада аст? Ӯ посух дод, ки ғарибаҳои зиёде ба Биёмо намеоянд ва дидани хориҷиҳо мояи саргармӣ аст. Аммо муҳимтар аз он, он чи ки воқеан ӯро ҳаяҷонзада мекунад, дидани дӯстонаш аст, ки аз деҳкадаҳои ҳамсоя ба инҷо меоянд ва ҳар сол ба сабаби ҷашн дар инҷо гирди ҳам меоянд. Ҳамчунин фурсате фароҳам меоварад барои либос пӯшидан ва рақсу ҷашн. Агар наслҳои оянда ба ҳифзи ҷашнҳои суннатӣ ва ойинҳои пешинён ва ҳамчунин зинда нигаҳ доштани фарҳанги пӯёи худ эҳтимом биварзанд, шояд сарнавишташон ин нашавад, ки охирин ориёиҳо бошанд.

ВВС

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: