Перейти к содержимому

“Пешвое”, ки шаҳрвандонашро “одам” намешумурад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

То ҷое, ки огоҳам, дар 20 соли ахир (ва шояд пас аз истиқлол), рӯзеро суроғ надорем, ки расман ва аз сӯи ҳукумат ба унвони “Рӯзи мотам” эълон шуда бошад; дар ҳоле, ки дар ин муддат рӯзҳои ғамангези фаровоне доштем, ки ҳаққаш ин буд, ки “Рӯзи мотам” эълон мешуданд.

Ба назар мерасад, ин ду далел дорад. Далели аввал ин ки ҳукумат – ва дар раъси он, шахси раисиҷумҳур – “ирода”-аш бар ин таъаллуқ гирифта, ки боби эълони “Рӯзи мотам” дар кишвари мо аслан боз нашавад; ки агар ин боб гушуда шавад, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди “рӯзҳои мотам”-и фаровоне дар Тоҷикистон хоҳад шуд, яъне моҳе бар кишвар нахоҳад гузашт, ки яке-дӯ рӯзаш “Рӯзи мотам” набошад ва он вақт “паёмҳои таслият” аз сӯи сарони кишварҳо пушти сари ҳам ба раисиҷумҳури Тоҷикистон сарозер хоҳанд шуд, ки ин худаш як далели равшан бар ин хоҳад буд, ки Тоҷикистон вазъияташ асафбор аст. Ба ҳамин далел, мақомот тарҷеҳ додаанд, раъсан ин бобро бибанданд, то асбоби обрӯрезии онҳо дар ҷаҳон фароҳам наояд.

Далели дигараш — ки махсуси Тоҷикистон ҳам нест, балки вежаи тамоми ҳукуматҳои худкома ва диктотур мебошад – ин аст, ки усулан, ҳангоми рух додани як иттифоқи нохушоянд ва ҷон додани инсонҳо дар як ҷомеа, танҳо дар кишварҳое “Рӯзи мотам” эълон мешавад, ки ҷони шаҳрвандонаш пеши ҳукумати онҳо мӯҳтарам аст, яъне он ҳукумат барои ҷону молу хуни шаҳрвандонаш эҳтиром қоил аст ва вақте хуни чанд нафар бар асари як иттифоқ рехта мешавад, ҳукуматаш дард мекашад ва барои ӯ ин иттифоқ гарон аст. Аммо ҷомеаҳое, ки ҳукуматҳояшон барои мардум пашизе арзиш қоил нестанд ва барои мардум ҳеч нақше дар идораи кишвар таъриф нашудааст, дар чунин ҷомеаҳое, талоши мақомоташ ҳамеша ин будааст, ки ҷомеаро “хушҳолу масруру шодмон” нишон диҳанд ва ҳар рӯзашро рӯзи “иду ҷашну сурур” ба намоиш гузоранд, мисли он чи дар кишварҳое назири Куреи шимолӣ шоҳидем.

* * *

Дар ҳашт моҳи ахир, дар кишвар шоҳиди се ҳодисаи ғамовар будем:

1) Ошӯб” дар шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони Хуҷанд, ки дар он, тибқи иттилои расмӣ, 25 нафар кушта ва шумори зиёде ҳам захмӣ гардиданд ва 2 нафар аз кушташудаҳо аз маъмурони зиндон буданд;

2) “Ошӯб” дар зиндони шаҳри Ваҳдат дар 19 майи соли 2019, ки дар он, тибқи иттилои расмӣ, 29 маҳбус кушта ва теъдоде зиёд ҳам маҷрӯҳ шуданд ва 3 тан аз кушташудаҳо аз маъмурони зиндони мазкур буданд;

3) Ҳодисаи кушта шудани 14 нафар зиндонӣ бар асари “масмумият” дар 7 июли 2019 ҳангоми интиқоли 128 нафар зиндонӣ (120 мард ва 8 зан) аз зиндонҳои шимоли кишвар ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон.

Хуб, дар ин ҳаводиси талх, ки ба тамоми маънои калима фоҷеа буданд, шоиста ин буд, ки ҳукумат рӯзеро ба унвони “Рӯзи мотам” эълон мекард ва раисиҷумҳури кишвар ба хонаводаҳо ва бастагони кушташудаҳо изҳори таслият ва ба захмиҳо ва маҷрӯҳон орзуи шифо менамуд, аммо бо камоли таассуф на танҳо рӯзи мотам эълон нашуд ва Эмомалӣ Раҳмон изҳори таслият нанамуд, балки ҳатто ҳеч мақоме ҳозир нашуд ба хонаводаҳои қурбониҳо ҳамдардӣ изҳор бидорад. Агар кушташудаҳои зиндонӣ аз назари шумо “одам” ба шумор наоянд, аммо лоақал модарону падарон ва ҳамсарону фарзандони онҳоро, ки “одам” мешуморед!

Ва аҷибаш ин ки дар ин муддати 8 моҳ, Эмомалӣ Раҳмон 9 “барқияи таслият” ба руасои ҷумҳури кишварҳое, ки ҳаводиси мушобеҳе дар онҳо рух доданд ва бар асари он ҷамъе аз шаҳрвандонашон ҷони худро аз даст доданд, ирсол кард.

Тибқи он чи дар сойти раисиҷумуҳри Тоҷикистон омада, ин “барқияҳо” ба тартиби зайланд:

1) Барқияи таслият ба раисҷумҳури Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар таърихи 21.11.2018 ба хотири “ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул”;

2) Барқияи таслият ба раисиҷумҳури Омрико, Дунолд Тромп дар 01.12.2018 ба ҷиҳати даргузашти раисиҷумҳури асбақи ин кишвар Буши падар;

3) Барқияи таслият ба раисиҷумҳури Андунезӣ дар таърихи 24.12.2018 ба хотири “рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст”;

4) Барқияи таслият ба раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар 03.01.2019 ба хотири “таркиши газ дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, ки муҷиби ҳалок ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар одамон гардид”;

5) Барқияи таслият ба раисиҷумҳури Ҳиндустон дар 15.02.2019 ба ҷиҳати “амали террористӣ дар иёлоти Ҷаму ва Кашмири Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки мӯҷиби ҳалокати 45 нафар кормандони мақомоти қудратӣ ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандон гардид”;

6) Барқияи таслият ба нахуствазири Нюзеланд дар таърихи 15.03.2019 ба хотири “амали террористӣ дар масҷидҳои шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Нав, ки муҷиби ҳалокати 49 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон гардид”;

7) Барқияи таслият ба раисиҷумҳури Сри-Лонка дар 22.04.2019 ба хотири “ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш”;

8) Барқияи таслият ба раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар таърихи 06.05.2019 ба хотири “ба амал омадани ҳолати фавқулода ҳангоми фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметево, ки сабаби ҳалок шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон гардид”;

9) Барқияи таслият ба раисиҷумҳури Куреи ҷанубӣ дар таърихи 01.06.2019 ба хотири “ҷон бохтан ва осеб дидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Корея бар асари садамаи заврақ дар дарёи Дунай дар пойтахти Венгрия”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: