Перейти к содержимому

Эътирози 22 кишвар ба урдугоҳҳои боздошти мусалмонон дар Чин

Давлати Чин ҳанӯз шумори зиёде аз шаҳрвандони мусалмони уйғур дар устони Синкёнгро ба зӯр дар урдугоҳҳое нигаҳ медорад.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса, 22 кишвар бо ирсоли номае ба масъулони ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, рафтори давлати Чин бо ақаллияти мусалмони уйғури ин кишвар ва дигар ақаллиятҳои Чин дар минтақаи Синкёнгро маҳкум карданд.

Сафирони 22 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумла Устролиё, Бритониё, Конодо, Фаронса, Олмон ва Жопун ин номаро имзо кардаанд. Ин нома дирӯз (чаҳоршанбе, 10 июл) мунташир ва барои Мори Кул-Сик (Awa Marie Coll-Seck) ва Мишел Бошелет (Verоnica Michelle Bachelet), раиси Шӯрои ҳуқуқи башар ва Кумисери олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар ирсол шуд.

Гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва афроде, ки қаблан дар ин зиндонҳо будаанд гуфтаанд, ки мақомоти чинӣ шаҳрвандони мусалмони уйғурро дар урдугоҳҳои боздошт нигаҳдорӣ мекунанд. Гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ мегӯянд, ки мақомоти чинӣ талош мекунанд ақаллияти мусалмони уйғур ва дигар гурӯҳҳои ақаллиятро дар нажоди Ҳони чинӣ идғом кунанд.

Дар ин нома омадааст, ки сафирони имзокунандаи нома аз гузоришҳои қобили эътимод дар бораи боздоштҳо, назорат ва маҳдудиятҳои густурда ба вежа алайҳи ақаллияти уйғур дар минтақаи Синкёнги Чин ибрози нигаронӣ мекунанд.

Имзокунандагони нома ҳамчунин аз давлати Чин хостаанд ба боздоштҳо поён диҳанд ва ба озодии рафту омади шаҳрвандони уйғур ва дигар ақаллиятҳо дар Синкёнг пойбанд бошад.

Бар асоси гузориши созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, давлати Чин ҳудуди як милюн нафар аз шаҳрвандони мусалмони уйғур дар устони Синкёнгро ба зӯр ба урдугоҳҳое мунтақил ва онҳоро таҳти озор ва омӯзишҳои таҳмилии ҳизби кумунист (ҳизби ҳоким) қарор медиҳанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: