Перейти к содержимому

Бандари Лозиқияи Сурия ба Эрон вогузор мешавад

Мудирияти бандари Лозиқияи Сурия имсол ба Ҷумҳурии Исломии Эрон вогузор мешавад. Мутобиқи гузоришҳо тавофуқи ниҳоӣ бар сари идораи ин бандар дар сафари Башшор Асад ба Теҳрон дар 25 феврали 2019 анҷом шуд.

Ба гузориши бунгоҳи Deutsche Welle (Олмон), дар рӯзҳои гузашта гузоришҳои мутафовите аз ройзанӣ миёни Эрон, Ироқ ва Сурия барои тавсиъаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ мунташир шудааст.

Яке аз муҳимтарини хабарҳо дар ин замина, нишасти сеҷонибаи ҳамкориҳои ҳамлу нақли Ҷумҳурии Исломии Эрон,Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия буд, ки дар 1 июли соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор шуд. Муҳимтарин меҳварҳои музокироти ин нишаст “иттисоли релии (хатти роҳи оҳани) Бандари Имом Хумайнӣ ба бандари Лозиқия ва ташреҳи охирин вазъияти хатти оҳани 32 километрии Шаламча-Басра” будааст.

Лозиқия муҳимтарин бандари Сурия дар канори дарёи Медитарона (Миёназамин) аст ва хабари вогузории мудирияти он ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз моҳи феврал расонаӣ шуда буд.

Рӯзномаи “Ватани имрӯз” дар 3 июл ба нақл аз Ҳасани Доноифар, дабири ситоди тавсиъаи равобити иқтисодии Эрон бо Ироқ ва Сурия навишта, ки мудирияти ин бандар то поёни соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ вогузор мешавад. Ӯ мегӯяд, дар бораи ин мавзӯъ “музокироти ҷиддӣ анҷом шуда ва ба зудӣ ин кор иҷроӣ хоҳад шуд”.

Ин мақоми масъул дар бораи ин ки “мудирияти” Эрон шомили чӣ бахшҳо ва фаъолиятҳои бандари Лозиқия мешавад, тавзеҳи бештаре надод, аммо гуфт: “Идораи бисёре аз ширкатҳо ва бандарҳо дар Сурия аз гузашта дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ будааст.”

Ватани имрӯз” дар рӯзҳои поёнии моҳи феврал аз оғози музокироти “як тими сурияӣ ба риёсати мудири кулли бандари Лозиқия” бо мақомоти эронӣ барои вогузории мудирияти ин бандар хабар дода буд.

* * *

Лозиқия, дарвозае ба самти дарёи Медитарона (Миёназамин)

Бар асоси гузориши Deutsche Welle, иртиботи ҷоддаӣ ва релӣ бо бандаре дар канораи дарёи Медитарона, барои Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳаммияти зиёде дорад. Аз тариқи Медитарона масири иртиботӣ бо шимоли Офриқо, ҷануби Урупо ва бахши бузурге аз Ховари Миёна бисёр кӯтоҳтар ва иқтисодитар хоҳад буд.

Доноифар дар ин бора ба “Ватани имрӯз” гуфтааст: “Ин хатт масири наздику бисёр арзоне барои тавсиъаи равобити иқтисодӣ дар кулли минтақа хоҳад буд. Мавзӯи табодули коло аз Медитарона ба савоҳили ҷанубии Русия ва интиқоли колоҳои мавриди ниёзи Русия ҳам дар ин бора мадди назар аст.”

Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ, ки моҳи феврал барои ширкат дар иҷлосияи сеҷонибаӣ ба ҳамтоёни ироқӣ ва сурии худ ба Димишқ рафта буд, иттисоли Эрон ба бандари Лозиқия аз масири ҷоддаӣ ва релиро “қарибулвӯқӯъ” хонд.

Пружаи иттисоли хутути релии Эрон ва Ироқ гарчи ниёзманди кашидани хутути роҳи оҳан дар масири нисбатан кӯтоҳе аст, аммо пружаи пурҳазина ва калон маҳсуб мешавад.

* * *

Каридури тронзитӣ аз Эрон то Сурия

Хайруллоҳ Ходимӣ, мудири ширкати тавсиъаи зербиноҳои ҳамлу нақли Эрон дар нишасти сеҷонибаи 1 июл гуфта, ки тавофуқ миёни Бағдод ва Теҳрон бар сари роҳи оҳани Шаламча ба Басра дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Эрон, Ҳасани Руҳонӣ ба Ироқ дар моҳи феврал ҳосил шуд, аммо шурӯъи амалиёти иҷроии ин пружа тайи се моҳи оянда хоҳад буд.

Бахши дигаре аз ин пружа, иттисоли бандари Имом Хумайнӣ ба Хуррамшаҳр аст, ки зоҳиран фози аввали он оғоз шудааст. Саъиди Расулӣ, мудири ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломӣ дар иҷлоси сеҷониба, иттисоли Шаламча ба Басраро “ҳалқаи мафқуда”-и такмили хутути релӣ байни Эрон, Ироқ ва Сурия хонда ва гуфт: “Ҳар се кишвар иродаи ҷиддӣ барои тавсиъаи ҳамкориҳои ҳамлу нақлӣ доранд ва иттисоли релӣ ва барқарории каридурҳои тронзитӣ байни Эрон, Ироқ ва Сурия хостаи мақомоти олирутбаи ҳар се кишвар аст.”

Ба гуфтаи Хайруллоҳ Ходимӣ, мудирони роҳи оҳани Эрон ва Ироқ бар сари ин пружа тавофуқ кардаанд ва сармоягузор ва паймонкори он низ мушаххас шуда, ки “Бунёди мустазъафон” аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: