Перейти к содержимому

Нигоҳе ба Тафсири Табарӣ

Номи муаллифи Тафсири Табарӣ, Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид ибни Касир ибни Ғолиб аст. Ӯ муҳаддис, фақеҳ ва муррихи маъруф аст. Табарӣ яке аз пешвоёне буд, ки ба сухани ӯ ҳукм мекарданд ва ба сабаби маърифату фазлаш, ба раъйи ӯ руҷӯъ менамуданд. Аз улум чизҳое гирд овард, ки ҳеч як аз муосиронашро гирдоварии онҳо муяссар нагардида буд. Ҳофиз ва ориф ба Қуръон буд ва басир ба маъонии он ва фақеҳ ба аҳкоми Қуръон ва олим ба суннату тариқҳои он, саҳеҳу сақими он ва носиху мансухи он. Низ огоҳ аз ақволи саҳоба ва тобеъин ва табаъи тобеъин (касоне, ки баъд аз тобеъин омаданд) ва ихтилофи онон дар масоили ҳалолу ҳаром буд. Ва ориф ба айёму ахбори мардум.

* * *

Унвони тафсир, “Ҷомеъул-баён ъан таъвилил-Қуръон” аст. Табарӣ тафсири худро бо баҳсҳои муқаддамотӣ оғоз карда, сипас ривоятҳои нозир ба нузули Қуръонро бар ҳафт ваҷҳ оварда ва ба эродоте, ки дар ин боб вуҷуд дорад посух гуфтааст. Ӯ пас аз зикри ахборе дар радди тафсир ба раъй, таъвили матлубу мақбули Қуръонро танҳо манут ба вуҷуди нассе аз Паёмбар (с) медонад ва дидгоҳи касонеро, ки тафсири Қуръонро нораво донистаанд рад карда ва далели онро тафсири саҳоба аз Қуръон зикр мекунад. Табарӣ дар номгузории сураҳо шеваи воҳиде надорад; бархе сураҳоро ба номи машҳурашон оварда, вале дар мавриди бархе дигар аз таъбирҳое назири:

القول فی السورة التی یُذْکر فیها البقرة

Ё:

تفسیرالسورة التی یذکر فیها یوسف علیه‌السلام

Вай дар тафсири оятҳо, ибтидо оят ё оятҳоеро бо унвони:

القول فی تأویل قوله تعالی

— меоварад ва ғолибан бо ҷумлаи:

یقول الله جَلَّ ثناؤه

— сухани худро шурӯъ мекунад, сипас бо нақли ақволи саҳоба ва тобеъин, ба тафсири оятҳо мепардозад. Саранҷом, пас аз баррасӣ ё қавли мураҷҷаҳро бармегузинад ё бо иқомаи далел дар радди ақволи гуногун, назари хешро баён медорад.

Табарӣ дар мавориди мутаъаддид аз равиши тафсири Қуръон бо Қуръон барои табйини оятҳо баҳра ҷустааст. Аммо тафсири ӯ умдатан бар мабнои ривоятҳои тафсирӣ аз Расули Акрам (с) ва манқулоти саҳоба ва тобеъин, бо зикри силсилаи санади комили ҳар ҳадис, тадвин шудааст. Ҳар чанд ки ин тафсир ба сабаби густурдагии буъди ривоӣ, дучори офати тафсири нақлӣ шуда ва нақши асотиру афсонаҳои бостонӣ ва исроилиётро дар он наметавон нодида ангошт, аммо ин матлаб бад-ин маъно нест, ки Тафсири Табарӣ шоистаи пажӯҳишу баҳсу баррасӣ намебошад.

* * *

Ин тафсир бо вуҷуде, ки даҳ қарн аз таълифаш мегузарад, аммо ҳамчунон тафсире тоза ва мавриди нақду баҳси уламо ва муфасиррон аст ва ҷузъи манобеъи мӯътабар дар тафсир шумурда мешавад. Камтар муфассиреро метавон ёфт, ки ба “қироатҳо” таваҷҷӯҳи асосӣ дошта бошад. Табарӣ дар тафсири худ ҳар куҷо ихтилофи қироате вуҷуд дошта бошад, он ихтилофро баён ва далоили тарафдорони ҳар як аз вуҷуҳи қироатро матраҳ, сипас худ бар асоси завобиту қавоъиде яке аз вуҷуҳро ихтиёр мекунад. Таваҷҷӯҳ ба қироатҳои қуръонӣ дар ин тафсир ва нақди Табарӣ бар қироат, нишон аз тасаллути Табарӣ ба илми қироатҳо дорад.

* * *

То замони Табарӣ ҳанӯз баҳси “қуррои сабъа” (қориёни ҳафтгона) ба шакли тадвинёфта матраҳ набуда, бинобар ин, Табарӣ худ ба иҷтиҳод дар боби қироатҳо ва таъйини қироати дуруст мепардозад ва дар робита бо мабҳаси қироатҳо китобе таҳти унвони “Алҷомеъ” дорад, ки дар он меъёрҳо ва миқёсҳоеро баён мекунад, ки бар асоси он ба тарҷеҳи як қироат бар дигаре мепардозад, ки ба таври мухтасар метавон ба ин меъёрҳо ишора кард: мувофиқат бо расмулмусҳаф, иҷмоъи қурроъ бо нақли мустафиз, қироат дорои қуввати ваҷҳ дар арабӣ буда ва фасеҳтарин дар луғат бошад, раъйи аксарияти қурроъ, ёрӣ гирифтан аз назари аҳли таъвил, ҳамоҳанг будани услуб бо қироат, дуруст донистани вуҷуҳи мухталиф ҳангоме ки мусовӣ бошанд, тамассук ба қироате, ки ҳуҷҷат аст ҳатто агар мухолифи назари худаш бошад. Ӯ касеро, ки бо қироати омма мухолифат мекунад, ба шузуз муттаҳам мекунад.

Табарӣ дар бисёре аз маворид ҳамоҳангии қироат бо сиёқро таъйидкунандаи як ваҷҳ аз қироат дониста ва бар асоси он қироати худро ихтиёр кардааст.

Ҳамчунин Табарӣ ба нақди қироатҳо низ пардохтааст. Масалан, дар ҳеч як аз мавозеи ихтилофи қироат, қироати Абдуллоҳ ибни Омири Яҳсубӣ — аз қуррои ҳафтгона — қироати мавриди тарҷеҳи Табарӣ нест; зеро Табарӣ қироати Абдуллоҳ ибни Омир Яҳсубиро тахтиа кардааст. Вай ба хотири ҳамин нақди қироатҳо, мавриди тахтиаи уламо ва муҳаддисон қарор гирифтааст, то ҷое, ки китобе таҳти унвони:

دفاع عن القرائات المتواترة فی مواجهة الطبري المفسر

— таълиф шуда, ки дар он, Табарӣ мавриди шамотат қарор гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи Ибни Алҷазрӣ, пеш аз ӯ низ иддае ба нақди қироатҳо пардохта буданд.

Табарӣ бо Ибни Муҷоҳид ҳамаср буд ва дар ҳамон замон, ки Ибни Муҷоҳид китобе дар боби қуррои ҳафтгона тадвин кард, Табарӣ тафсири худро ироа намуд.

Ибни Муҷоҳид шайхулқуррои замони худаш буд. Ӯ нахустин касе аст, ки қироатҳоро дар ҳафт қироат маҳсур кард ва китоби “Ассабъа”-ро нигошт. Ин китоб таълифест дар қироатҳо, ки муштамил бар санад ва тариқҳои ривоятҳо ва вуҷуҳи қироатҳо мебошад. Бо таълифи ӯ, баҳси қироатҳо ба даврони ҷадиде мунтақил мешавад. Бисёре аз андешамандон исрор доштаанд, то теъдоди вуҷуҳи қироатҳо ва қориёнро ба адади ҳафт бирасонанд. Ҳар як аз ин қироатҳои ҳафтгона тибқи қоъидаҳо ва зобитаҳои муайяне интихоб шудааст.

Агарчи Ибни Муҷоҳид таълифе дар қироат дорад ва дар заминаи шинохти қироатҳо олими замони худ буд, аммо қироати вежаеро барои худ интихоб накард; ба ин далел, ки мӯътақид буд, ки беш аз ҳар чиз бояд кӯшишу фаъолияти худро дар нигаҳбонӣ аз он чи имомони қироатҳо бозгӯ кардаанд, ба кор гирад.

* * *

Мутолеаи Тафсири Табарӣ равшан менамояд, ки ин тафсир нуқоти қувват ва вежагиҳои мумтозе дорад, ки дар дигар тафосир камтар дида мешавад. Аз муҳимтарини ин вежагиҳо пардохтан ба масъалаи қироатҳо ва нақду баррасии он ва ҳамчунин таваҷҷӯҳ ба сиёқ дар оятҳост. Табарӣ барои интихоби як қироат ниёзе ба пайравӣ аз шахси хосс ё сабки хоссе надошт, балки ӯ худ ба иҷтиҳоди қироат мепардозад ва ҳатто бархе қироатҳоро нақд мекунад.

Аммо дар бештари маворид ба қироати Осим қироат кардааст ва қироати Осим қироати мавриди пазириши Табарӣ аст, аммо дар бархе маворид қироати ғайри Осимро бармегузинад, мисли вожаи “молик” дар сураи Ҳамд, ки дар ҳоле ки Осим қироати “молик”-ро баргузида, Табарӣ қироати “малик”-ро тарҷеҳ медиҳад ва ин намунае аз иҷтиҳоди ӯ дар қироат аст.

Ба қалами Сайида Зайнаб Ҳусайнӣ, пажӯҳишгари Қуръон, манбаъ: хабаргузории Меҳр

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: