Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (381)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (2)

* * *

Гуфт: дунё лаъбу лавҳ асту шумо

Кӯдакету рост фармояд Худо.

Худованд фармуд: ин дунё бозича ва саргармӣ аст ва шумо, эй одамиён, кӯдаконед, ва ин калом ҳаққан, ки рост аст.

Нукта: Ишора аст ба ояти 20 сураи Ҳадид:

اعْلَمُوا أَنَّمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَزِينَةٌ وَتَفَاخُرٌ بَيْنَكُمْ وَتَكَاثُرٌ فِي الأمْوَالِ وَالأوْلادِ

Ва бидонед, ки ҳамоно зиндагонии дунё саргармӣ ва бозича ва ороиш ва мояи фахрфурӯшӣ дар миёни шумо ва фузунхоҳӣ дар дороиҳо ва фарзандон аст…” Зимнан дар сураи Анъом, ояти 32, Анкабут, ояти 64 ва Муҳаммад (с), ояти 36 низ ба “лаҳв”-у “лаъиб” будани дунё тасреҳ шудааст.

Аз лаъиб берун нарафтӣ, кӯдакӣ,

Бе закоти руҳ кай бошӣ закӣ?

То вақте ки ту аз банди лаҳву лаъиб нараста бошӣ, ҳамчунон кӯдакӣ, ва то вақте ки руҳи ҳайвониро насӯзонӣ ва фонӣ насозӣ, кай метавонӣ ҳушёру зирак бошӣ ва ҳақоиқро бишкофӣ?

Лаъиб: бозича. Закот: оташ задан ё куштан ва забҳи ҳайвон. Закӣ: ҳушёру тезҳуш.

Чун ҷимоъи тифл дон ин шаҳвате,

Ки ҳамеронанд ин ҷо, эй фатӣ!

Он ҷимоъи тифл чӣ бвад? Бозие

Бо ҷимоъи Рустамеву ғозие.

Ба унвони мисол, эй ҷавон, бархе аз кӯдакон низ ба тақлид аз бузургон, бо якдигар шаҳват меронанд ва наздикӣ мекунанд. Вале шаҳватронӣ ва ҷимоъи кӯдак, нисбат ба шаҳватронии марде нерӯманд, чӣ намуде дорад? Мусалламан, кори он кӯдак дар қиёс бо амали он мард, бозичае беш ба шумор намеояд.

Ғозӣ: пайкоркунанда, ҷанговар, дар инҷо киноя аз марди нерӯманду қавӣ.

Ҷанги халқон ҳамчу ҷанги кӯдакон,

Ҷумла бемаъниву бемағзу муҳон.

Ҷанги мардум бо якдигар, монанди ҷанг кардани кӯдакон аст.

Муҳон: хоркардашуда.

Нукта: Ҳамон тавр ки кӯдакон маъмулан дар хонаҳо ва маҳаллаҳои худ ду даста мешаванд ва ба низоъи сохтагӣ даст мезананд, мардуми дунё низ бар сари моли дунё беҳуда ва беҷиҳат ҷанг роҳ меандозанд. Ҳамаи ин ҷангҳо беҳуда ва зиллатбор аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.983)

Ҷумла бо шамшери чӯбин ҷангашон,

Ҷумла дар “лоянфаъӣ” оҳангашон.

Ин кӯдакону атфол вақте ки мехоҳанд ба ҷанги якдигар раванд, шамшерҳои чӯбину сохтагӣ ба даст мегиранд ва қасди якдигар мекунанд, аммо беҳуда.

Ҷумлашон гашта савора бар найе,

К-ин Буроқи мост ё Дулдулпайе.

Ҳамаи кӯдакон бар рӯи як най ва ё чӯбе назири он савор мешаванд ва дар олами кӯдакӣ онро як аспи нерӯманд тасаввур мекунанд. Ва агар аз онҳо бипурсӣ: ин чист, ки савораш шудаед? Мегӯянд: ин ҳамон Буроқ ё Дулдул аст, ки Паёмбар (с) бар он савор мешуд.

Лофанфаъӣ: дар асл “ло янфаъ” (суд надорад, бефоида аст) буда, дар инҷо “лоянфаъӣ” ҷанбаи васфӣ дорад ва ба маънии бефоида ва беҳуда омадааст. Буроқ: хачире, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар шаби Меъроҷ бар он савор шуд, ва ҳар чизи тундравро Буроқ гӯянд. Дулдул: хачири Паёмбар (с), ки ҳокими Искандария барои эшон фиристода буд.

Ҳомиланду худ зи ҷаҳл афрошта,

Рокиби маҳмули раҳ пиндошта.

Мардумони дунёталаб дар ҳақиқат ҳамлкунандаи бори гарон ҳастанд, вале аз рӯи нодонӣ, худашонро савор пиндоштаанд.

Нукта: Монанди ҳамон кӯдакон, ки хаёл мекунанд бар он чӯб савор шудаанд ва он чӯбро асп пиндоштаанд, дар ҳоле ки чунин нест, балки он чӯб аст, ки бар эшон савор шуда ва ин кӯдаконанд, ки он чӯбро ба он сӯву он сӯ ҳамл мекунанд. Аҳли сурат низ, ки аз ҳақиқату асрори илоҳӣ танҳо алфозе ҳифз кардаанд, гумон мекунанд, ки он алфоз маркуби инон аст ва метавонанд бо он ба кӯйи дӯст бирасанд, дар ҳоле ки чун алфози онон пӯсти бемағз аст, ваболи руҳу ҷони онон шудаасту санги роҳ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.984)

Бош то рӯзе, ки маҳмулони Ҳақ

Асптозон бигзаранд аз нӯҳ табақ.

Эй суратпараст, ки хӯйи кӯдакона дорӣ! Сабр кун, то рӯзе, ки бандагони ростини ҳазрати Ҳақ аспи ҳиммат битозанд ва аз фалаки нӯҳгона даргузаранд ва ба қурби Ҳақ восил шаванд.

Таъруҷур-руҳу илайҳи вал-малак,

Мин ъуруҷир-руҳи яҳтаззул-фалак.

Руҳи анбиёву солеҳон ба амри Худо ба сӯи ӯ ъуруҷ мекунад ва аз ъуруҷи онҳо, сипеҳру фалак меларзад.

Нукта: Муқатабас аз ояти 4 сураи Маъориҷ:

تَعْرُجُ الْمَلائِكَةُ وَالرُّوحُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ

Ва фариштагону руҳ дар рӯзе, ки ба андозаи панҷоҳ ҳазор сол аст, ба сӯи ӯ боло мераванд.”

Ҳамчу тифлон ҷумлатон домансавор,

Гӯшаи доман гирифта асбвор.

Эй аҳли сурат ва эй дунёзадагон! Ҳамаи шумо монанди он кӯдаконе ҳастед, ки савор бар домани худ шудаед, ва гӯшаи домани худро монанди асп гирифтаед.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: