Перейти к содержимому

Чаро инсон даст ба худкушӣ мезанад?

Худкушӣ дар чанд соли ахир дар кишвари мо мутааассифона зиёд шудааст, ва аз ин рӯ ҷилавгирӣ аз он, бешак, дағдағаи ҳар тоҷикистонӣ аст. Барои пешгирӣ, қабл аз ҳар чиз, аввал бояд решаёбӣ шавад яъне бояд дид, чаро як инсон даст ба худкушӣ мезанад ва омилҳои он кадом аст. Дар ин навиштор, бо такя бар мақолаҳое, ки дар ин замина тавассути равоншиносон навишта шуда, дар ин бора менависем.

* * *

Бар хилофи он чи бештари мардум фикр мекунанд, касе ки худкушӣ мекунад худ оғозгари иқдом ба худкушӣ набудааст ва нест. Омилҳои мухталифе даст ба дасти ҳам медиҳад ва фардро дар чунон тангное қарор медиҳад, ки ҳеч кас қудрати дарку фаҳми онро надорад. Вале ба таври куллӣ бештари афрод ба 6 далели зер худкушӣ мекунанд:

1) Афсурдагӣ:

Афсурдагӣ яке аз муҳимтарин иллатҳои худкушӣ аст. Ноумедӣ, ранҷ, эҳсоси бепаноҳӣ ва беҳудагӣ ва танҳоӣ ва эҳсоси ин ки ҳеч кас ба онҳо аҳаммият намедиҳад, зиндагиро барои шахси афсурда ғайриқобили таҳаммул мекунад. Афсурдагӣ тамоми торупуди зеҳну ҷисми шахсро дарбар мегирад. Ин ҷумлаҳо дар зеҳни фард такрор мешавад:

Ҳама бидуни ман беҳтар зиндагӣ мекунанд.

Дигар роҳи чорае надорам.

Ҳарчи талош кардаам, ба натиҷае нарасидаам.

Ҳамеша ба бунбаст расидаам… ва ҷумлаҳое аз ин қабил, ки фардро на танҳо аз назари руҳӣ, балки аз назари ҷисмӣ ҳам бемор мекунад, тавре ки фард эҳсос мекунад мисли ангал боиси музоҳимати атрофиёнаш аст.

Албатта афсурдагӣ қобили дармон аст. Хонавода ва дӯстони наздик афроде ҳастанд, ки метавонанд ба шахси афсурда кӯмак кунанд, то афсурдагиро дармон кунад. Вале мутаассифона бештари вақтҳо атрофиён бидуни таваҷҷӯҳ ба вазъу ҳоли руҳӣ ва ҷисмии фард, ӯро ба ҳоли худ раҳо мекунанд ва фард бе он ки ба касе бигӯяд, иқдом ба худкушӣ мекунад.

Агар афсурда ҳастед, ҳатман иқдом ба дармон кунед ва аз хонавода ва дӯстон кӯмак бихоҳед.

2) Бемории равонӣ:

Бемориҳое мисли шизофрения (schizophrenia) яке аз иллатҳои худкушӣ аст ва боис мешавад, то фард эҳсос кунад, ки садоҳоеро мешунавад, ки ба ӯ мегӯяд чӣ кунад. Касеро бизанад, касеро ё худашро бикушад.

Ин вазъият бадтар аз афсурдагӣ аст. Ин навъ бемориҳои руҳӣ-равонӣ ҳам ба роҳатӣ бо дору қобили дармон аст. Дар мавориди вахимтар ҳатто лозим аст фард бистарӣ шавад, то раванди дармон комил шавад.

* * *

3) Эътиёд:

Бисёре аз афроде, ки ба шароб ва маводди мухаддир эътиёд доранд, гоҳе эҳсоси сархӯрдагӣ ва беҳуда будан доранд. Аз он чи ки анҷом додаанд, шарманда ҳастанд. Гоҳе баъд аз тарк низ иқдом ба худкушӣ мекунанд. Дар мавриди ин афрод ҳам, беҳтар аст бо бистарӣ шудан дар бемористон ва муроқибатҳои вежа, раванди тарк ва афсурдагии пас аз он, ба таври комил дармон шаванд.

* * *

4) Гиря кардани зиёд:

Ин даста аз афрод аслан дилашон намехоҳад бимиранд. Фақат мехоҳанд ба атрофиён нишон диҳанд, ки аз чизе ранҷ мекашанд ва авзоъ вахим аст. Онҳо ниёзманди таваҷҷӯҳ ва кӯмак ҳастанд. Онҳо ниёз доранд, то бо каме роҳнамоӣ ва кӯмаки моддӣ ё маънавӣ ва фикрӣ, аз мушкилот раҳоӣ ёбанд ва битавонанд зиндагии худро аз сар гиранд.

Онҳо зиндагиро дӯст доранд, вале мушкилоти зиндагӣ он қадр ба онҳо фишор овардааст, ки дар он лаҳза қодир ба тафаккури мантиқӣ нестанд.

Хеле аз ин афрод зинда мемонанд, вале бемориҳои аъсоб, кабид, нороҳатии гуворишӣ ба эҳтимоли зиёд гиребони онҳоро мегирад.

5) Дидгоҳи файласуфона:

Ҳарчанд аҷибу ғариб ба назар мерасад, вале яке аз иллатҳои худкушӣ ин аст, ки баъзе аз афрод нигоҳи файласуфонае ба маргу мурдан доранд. Онҳо тасмим мегиранд бимиранд чун идомаи зиндагиро – масалан ба далели як бемории лоилоҷ – барои худ ва атрофиёнашон азобовар медонанд.

Дар воқеъ онҳо мехоҳанд контроли зиндагии худро ба даст гиранд ва атрофиёнашонро озор надиҳанд. Дар баъзе аз кишварҳо мисли Суис (Швейтсария) қавонине вазъ шудааст, то ин афрод битавонанд бидуни дард таҳти назари як мутахассис ба зиндагии худ поён диҳанд.

6) Иштибоҳ:

Иштибоҳ кардан дар зиндагӣ, яке аз иллатҳои худкушӣ аст. Ин даста аз афрод дар зиндагиашон иштибоҳеро муртакиб шудаанд, ки аз диди худашон ғайриқобили бахшиш аст, мисли варшикастагӣ, фарзанди баромада аз равобити заношуии ғайримашрӯъ аз онҳо ва мавориде аз ин қабил, ки шахс аз ҳайси обрӯ даст ба худкушӣ мезанад.

* * *

Нақши ғайриқобили инкори телефонҳои ҳушманд (смартфонҳо) дар омори болои худкушии навҷавонон

Аз замони равнақ гирифтани телефонҳои ҳушманд (смартфон), саломати зеҳнии навҷавонон ба сурати чашмгире коҳиш ёфтааст. Дар соли 2011 барои аввалин бор дар беш аз ду даҳаи ахир, худкушӣ нисбат ба ҷурму ҷиноят, навҷавонони бештареро ба доми марг гирифтор кард.

Бар асоси пажӯҳишҳои суратгирифта — тибқи мақолае дар вебсойти The Atlantic — метавон натиҷа гирифт, ки телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ сазовори сарзанишҳои бисёре ҳастанд.

Дар таҳқиқи ахири Twenge афзоиши 27 дарсадии дучор шудан ба афсурдагӣ дар донишомӯзони килоси 8-ум, ки ба таври пайваста аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекарданд, мушоҳида мешавад; дар ҳоле ки дар афроди машғул ба варзиш, бисёр андак мебошад. Навҷавононе, ки рӯзона ҳаддиақал 3 соат аз вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ба таври қобили мулоҳизае бештар тамоюл ба худкушӣ доранд.

Ба назар мерасад ҳисси танҳоӣ, посухи аслӣ ба ин суол аст, ки чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои ҳушманд саломати равонии афродро ба хатар меандозанд.

Волидайн бештарин нақшро дар беҳбуди вазъияти фарзандонашон бар ӯҳда доранд. Онҳо бояд фарзандонашонро аз истифодаи зиёд накардан аз телефонҳои ҳушманд ташвиқ кунанд.

* * *

Манобеъ:

Худкушӣ: баррасии иллати худкушӣ ва он чи дар зеҳни ин афрод мегузарад, ба қалами Пурони Риёзипур

Suicide in America: Frequently Asked Questions

The Facts on Suicide

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: