Перейти к содержимому

Дар Литвонӣ “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” ба сабт расид

Дар Ҷумҳурии Литвонӣ (Литва) “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо сабти расмӣ ёфтааст. Ин ҷоиза ҳар сол ба як кунишгари тоҷик ва низ як ниҳоди фаъол дар арсаи ҳуқуқи башар эъто мешавад.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо, ки мақарраш дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ қарор дорад, бо интишори баёнияе, хотирнишон кардааст: “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо пас аз саъю талошҳои бевақфа ва бо ҳамкории мақомоти мӯҳтарами Ҷумҳурии Литва, муваффақ шуд “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова”-ро, ки қаблан аз таъсиси он хабар дода буд, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Литва бо ҳамин мақом яъне мақоми байналмилалӣ ба сабти расмӣ расонда ва дар санаи 16 июли соли ҷорӣ (2019) санади онро дарёфт намояд.”

Бино бар ин баёния, “номзад барои дарёфти Ҷоизаи Воҳидова бояд дар яке аз арсаҳои зерин фаъол бошад:

— дифоъ аз ҳуқуқи башар;

— тарвиҷу рушди таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ;

— рушди соҳибкорӣ, дифоь аз ҳуқуқи иқтисодии шаҳрвандон;

— рушди матбуоти озод ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон;

— рушд ва тарвиҷи мардумсолорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон;

— рушди маориф ва фарҳанг;

— дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон;

— тақвияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа.”

Баёния хитоб ба шаҳрвандони Тоҷикистон афзудааст: “Ҳар касе, ки яке аз шартҳои номбурдаро доро бошад, шумо метавонед ному насаби ӯ ҳамроҳ бо корномаи мухтасарашро то санаи 20 августи соли ҷорӣ (2019) ба почтаи электронии: Vahidovaprize@gmail.com ирсол намоед.”

Тибқи Ойинномаи ин ҷоиза, ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи Воҳидова “ташвиқ ва қадрдонӣ аз афроду созмонҳое аст, ки фаъолияти худро вақфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии андеша ба хусус дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ кардаанд”.

Бар асоси он чи дар Ойинномаи ин ҷоиза омадааст, “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова шомили: лавҳи тақдир, тандис ва маблағи пулӣ мебошад” ва ин маблағ “аз сӯи худи шаҳрвандон ва дӯстдорони шодравон Файзинисо Воҳидова ва низ алоқамандон ба барқарории озодиҳои маданӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон, ба шумораи ҳисоби ҷоиза вориз мегардад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: