Перейти к содержимому

Мустанади Алҷазира парда аз чеҳраи зишти подшоҳони халиҷ бардошт (видео)

Шабакаи Алҷазираи Қатар мустанадеро пахш кард, ки ба нақши яке аз кишварҳои халиҷи Форс дар ҳимоят аз теруризми такфирӣ ва талош барои густариши оташи ҷанги мазҳабӣ дар минтақа мепардозад.

Мустанади ҷадиди барномаи маъруфи “Мо хафия аъзам” (Ногуфтаҳо бузургтар ҳастанд), ки тавассути шабакаи Алҷазираи Қатар тавлид ва шомгоҳи якшанбе бо унвони “Аллоъибуна биннор” (Оташафрӯзон) пахш шуд, муҳимтарин ва гӯётарин ривояте аст, ки нақши яке аз кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар ҳимоят аз теруризми такфирӣ ва талош дар эҷод ва густариши ҷанги мазҳабиро ифшо мекунад.

Пахши ин мустанад ва ифшои ин расвоии бузург, бидуни тардид паёмадҳои бисёреро ба дунбол хоҳад дошт, ки илова бар Баҳрайн домангири дигар ҳукуматҳои арабии минтақа хоҳад шуд ва пурсишҳои фаровонеро дар баробари амалкарди ин кишварҳо дар бесуботсозии минтақа қарор медиҳад.

Дар бахше аз ин мустанад ба ифшои як тарҳи маҳрамонаи созмони амниятии режими Оли Халифа дар Баҳрайн дар соли 2003 пардохта, ки бар асоси он, ҳокимияти ин режим аносуре аз гурӯҳи теруристии Алқоъидаро бо ҳадафи терури раҳбарони барҷастаи мухолифи худ ҷазб кардааст.

Ин мустанад асноди маҳрамонае шомили эътирофоти авомили иҷрои ин тарҳро мунташир кард, ки бар асоси эътирофоти онҳо, ин афрод ба сурати мустақим аз Ҳамад бен Исо Оли Халифа — подшоҳи ин кишвар дастур гирифтаанд.

Ин барномаи телевизиюнӣ шомгоҳи якшанбе мунташир шуд ва ҷузъиёти фаъолиятҳои се нафар аз масъулони аршади созмони амнияти миллии Баҳрайнро фош кард ва афзуд: “Ин се афсари амниятӣ — Аднон Аззоъин, Муҳаммад Алҳузейм ва Аҳмад Ашшуруқӣ буданд.”

Баъд аз ин гузориш, феҳристи терурҳо шомили раҳбарони сиёсии мухолифи Баҳрайн аз ҷумла Абдулваҳҳоб Ҳусайн буд, ки дар соли 2011 яке аз раҳбарони барпоии эътирозоти мардумӣ дар ин кишвар буд ва алъон бо ҳукми ҳабси абад дар зиндонҳои режими Баҳрайн қарор дорад.

Ин таҳқиқот ҳамчунин нишон медиҳад, ки шоҳи Баҳрайн шахсан барои озодии Муҳаммад Солеҳ — фармондеҳи тими терур, ба ройзанӣ бо мақомоти саудӣ пардохтааст. Вай дар ҳоле, ки ба дастури мустақими низоми амниятии Баҳрайн ба дунболи дастёбӣ ба силоҳҳои мавриди назар барои иҷрои амалиёти терур буд, дар Арабистони Саудӣ дастгир шуда буд. Ӯ дар эътирофоти худ гуфта буд, ки “шиъаёни рофизӣ”-ро бино ба дастури мустақими подшоҳи Баҳрайн ва дар ростои “хидмат ба кишвар” ҳадаф қарор додааст.

Ин барномаи телевизиюнӣ ҳамчунин асноди маҳрамонаи аносури ҷазбшудаи Алқоъида барои ниҳодҳои амниятии Баҳрайнро рӯнамоӣ кард. Аз ҷумлаи ин аснод навори савтии Ҳишом Ҳилол Муҳаммад Албалушӣ аст, ки амнияти Баҳрайн дар соли 2006 вайро барои анҷоми маъмуриятҳои ҷосусӣ ва амалиёти амниятӣ дар дохили Эрон ҷазб карда буд, аммо мақомоти амниятии Эрон муваффақ шуданд дар соли 2015 ӯро, ки раҳбарии гурӯҳи теруристии Ансорулфурқонро бар ӯҳда дошт, ба ҳалокат бирасонанд.

* * *

Терури се фарди саудӣ ба иллати огоҳӣ аз иртиботи Риёз бо Алқоъида

Шабакаи хабарии Алҷазира дар ин барномаи худ ба ифшои тарҳи маҳрамонаи созмони амниятии режими Оли Халифа ва Оли Сауд барои созмондиҳии гурӯҳҳои теруристӣ ҷиҳати саркӯби мӯътаризони дохилӣ пардохт.

Ин барномаи телевизионӣ ҳамчунин мизбони Ҷон Кириоку (John Kiriakou) — масъули собиқи ягони мубориза бо теруризм дар Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA) буд. Ӯ дар ин гуфтугӯ таъкид кард, ки ҳокимияти Баҳрайн талош дошт миёни мухолифони худ тафриқа эҷод кунад, аммо дар ин замина шикаст хӯрд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки созмони иттилоотии Омрико ҳангоме, ки Абӯзайд — яке аз раҳбарони созмони Алқоъидаро дар соли 2002 боздошт кард, шумораи телефонҳои се нафар аз шахсиятҳои матраҳ дар хонадони ҳокими Арабистони Саудиро дар телефонҳои онҳо пайдо кард, ки ду нафар аз онҳо ба тарзи машкуке кушта шуда буданд ва нафари севвум низ нопадид шуда буд. Ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки онҳо иттилооте дар хусуси иртиботи Арабистон бо эҷоди Алқоъида доштаанд ва бояд аз байн мерафтанд, то ин иттилоот ба берун дарз пайдо накунад.

Ин афсари собиқи иттилоотии Омрико таъкид кард: “Ҳангоме, ки мо Абӯзайд — нафари севвуми гурӯҳи теруристии Алқоъидаро дар рӯзи 22 марти соли 2002 боздошт кардем, ман ҳамроҳ бо ӯ як дафтарчаи ёддошт пайдо кардам ва баъд аз баррасии дафтарча, ба шумораи телефони се нафар аз шахсиятҳои хонадони ҳокими Арабистони Саудӣ даст пайдо кардам. Ман ин ҷузъиётро ба мақарри Созмони иттилооти марказии Омрико ирсол кардам.”

Вай идома дод: “Тайи чанд ҳафта баъд яке аз ин афрод дар як ҳодисаи ронандагӣ дар маркази саҳро кушта шуд, фарди дуввум низ барои тафреҳ ба саҳро рафт ва дар онҷо бар асари ташнагӣ ва беобӣ даргузашт ва нафари севвум низ нопадид шуд ва касе асаре аз ӯ пайдо накард.”

Ин афсари собиқи CIA идома дод: “Ман дар он замон мутаваҷҷеҳ шудам, ки ин афрод иттилооти зиёде аз даст доштани давлати Арабистон дар таъомул бо Алқоъида ё нақш дар таъсиси ин гурӯҳи теруристӣ ё равобити ин кишвар бо ҳамалоти 11 сентябри 2001 доштанд ва бояд аз байн мерафтанд.”

* * *

Ифшои дурӯғгӯии Оли Халифа дар моҷарои саркӯби эътирозоти майдони Луълуа

Ҳамчунин дар ин мустанад Алҷазира худ ба ифшои фиребкориҳои режими Оли Халифа дар ҷараёни саркӯби Интифозаи мардумии майдони Луълуа дар соли 2011 пардохт.

Ин барномаи телевизиюнӣ гуфтугӯе бо Ёсир Алҷалоҳима — сарҳанги нерӯи амниятии Баҳрайн анҷом дод, ки дар замони саркӯби эътирозоти майдони Луълуа дар Манома, пойтахти Баҳрайн дар соли 2011 фармондеҳи як гурдони амниятӣ будааст. Вай таъкид кард, ки дар он эътирозот теъдоде аз нерӯҳои мӯътариз ва аносури амниятии Баҳрайн кушта шуданд.

Вай, ки дар соли 2013 Баҳрайнро тарк кардааст, гуфт, ки аносури амниятии Баҳрайн иттилооти нодурустеро ба онҳо дода буд мабнӣ бар ин ки эътирозкунандагон мусаллаҳ ҳастанд ва дар роҳҳо мин гузоштаанд. Ҳамин мавзӯъ боис шуд, ки гурдони вай муташаккил аз 700 низомӣ ба ҳамроҳи ҳавопаймо ва худравҳои зиреҳӣ ба мубориза бо мардум бипардозанд, аммо дар идома мушаххас шуд, ки эътирозкунандагон ғайримусаллаҳ ҳастанд ва ҳеч муқовимати мусаллаҳонае аз худ нишон намедиҳанд. Вай эълом кард, ки силоҳҳое, ки телевизиюни Баҳрайн намоиш дода ва муддаӣ буд, ки аз эътирозкунандагон забт шудааст, тавассути нерӯҳои амниятӣ дар манотиқи эътирозот гузошта шуда буд ва баъд аз тасвирбардорӣ низ аз онҷо бурда шуд.

Режими Оли Халифа дар он замон муддаӣ шуда буд, ки ширкаткунандагон дар тазоҳуроти майдони Луълуа силоҳҳоеро дар ихтиёр доштанд, ки аз кишварҳои хориҷӣ барои онҳо таҳия шуда буд. Оли Халифа аз ҳамин дастовез барои иҷрои аҳкоми сангини қазоӣ зидди тазоҳуркунандагони мусолиматомез истифода карда ва теъдоде аз онҳоро ба хоку хун кашид.

Нерӯҳои амниятии Баҳрайн 17 феврали 2011 эътисоби мусоламатомези мардуми ин кишварро дар майдони Луълуа ба баҳонаи ғайриқонунӣ будани таҷаммӯъи мӯътаризон ва таъсири иқдоми онҳо бар тараддуди мардум, саркӯб карданд. Ҳамчунин танҳо се рӯз қабл аз он, худравҳои зиреҳии Арабистон ҳомили 1000 сарбози саудӣ бо пуштибонии 500 пулиси аморотӣ ба дархости Ҳамад бен Исо Оли Халифа — подшоҳи Баҳрайн аз роҳ расиданд ва эътирозотро бо хоку хун кашиданд. Дар ҷараёни ин иқдоми режими Оли Халифа, чаҳор нафар аз мӯътаризон кушта ва ҳудуди 231 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар ин мустанад тасвирҳои маҳрамонае аз Ҳишом Ҳилол Муҳаммад Албалушӣ — саркардаи гурӯҳи теруристии Ансорулфурқон мунташир шуд, ки режими Баҳрайн аз ӯ хоста то бо Регӣ иртибот барқарор кунад ва аз фурудгоҳи низомии Чобаҳор ва марокизи Сипоҳи Эрон тасвирбардорӣ кунад.

Ҳишом дар соли 2015 тавассути Вазорати иттилооти Эрон ба ҳамроҳи ду нафар аз теруристҳои ҳамроҳаш ба ҳалокат расид.

Ин мустанадро метавонед инҷо тамошо кунед:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: