Перейти к содержимому

Нопадид шудани як нафткаши аморотӣ дар халиҷи Форс

Хабаргузории Associated Press гуфт, як нафткаши аморотӣ дар халиҷи Форс ду рӯз пеш нопадид шудааст.

Ин хабаргузорӣ дар гузориши худ унвон дошт, ки ин нафткаши аморотӣ ба самти обҳои минтақаии Эрон кашида шудааст. Associated Press таъкид кард, ки маълум нест барои ин нафткаши аморотӣ, ки парчами Пономоро барафрошта буд ва MT RIAH ном дорад, чӣ иттифоқе афтодааст. Бар пояи ин гузориш, иртибот бо ин нафткаш шомгоҳи шанбе пас аз вуруд ба обҳои минтақаии Эрон дар замони ҳаракаташ ба самти тангаи Ҳурмуз, қатъ шудааст.

Ин хабаргузорӣ таъкид кард, ки Аморот ҳеч гуна мавзеи расмӣ дар бораи ин мавзӯъ эълом накардааст. Як масъули омрикоӣ дар Вазорати дифои Омрико (Пентогун) дар гуфтугӯ бо хабаргузории Associated Press гуфт, ки ин нафткаш дар обҳои минтақаии Эрон дар наздикии ҷазираи Қишм аст ҳамон ҷое, ки Сипоҳи Посдорони Эрон пойгоҳ дорад.

Ва ин дар ҳоле аст, ки Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи сешанбе эълом кард, ки Эрон тибқи муқаррароти дарёии байналмилалӣ, нафткаше, ки дар халиҷи Форс дучори мушкил шуда будро ба манзури анҷоми таъмироти лозим, ба обҳои соҳилии худ интиқол додааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Сайид Аббоси Мӯсавӣ дар хусуси ин нафткаш, ки мӯҷиби фазосозии бархе расонаҳо алайҳи Эрон шудааст, тасреҳ кард: “Як нафткаши хориҷӣ ба далели нақси фаннӣ дар халиҷи Форс дучори мушкил шуд, ки тибқи муқаррароти байналмилалӣ, нерӯҳои эронӣ пас аз дарёфти дархости кӯмак ба сӯи он рафта ва тавассути ядаккаш, ба самти обҳои Эрон кашида шуда, то таъмироти лозим рӯи он сурат пазирад. Ҷузъиёти бештар мутаоқибан эълом мешавад.”

Лозим ба ёдоварист, расонаҳо навишта буданд, ки як фарванд нафткаши аморотӣ ду рӯз қабл дар тангаи Ҳурмуз аз сафҳаи родор маҳв шуда ва эҳтимолан ба Эрон интиқол ёфтааст. Пентогун низ бо тарҳи ин иддао, ки Эрон нафткаши мазкурро тавқиф карда, аз оғози таҳқиқоти худ дар ин замина хабар дода буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: