Перейти к содержимому

“Бояд”-ҳои идомаи равобити Эрон ва Тоҷикистон

Ёддошти Ҳасани Биҳиштипур, коршиноси Уруосиё

Пас аз имзои ёдошти тафоҳум байни Эрон ва Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон дар 11 хурдоди 1398 (1 июни 2019) имзо шуд, гушоиши қобили таваҷҷӯҳе дар муносиботи сарди ду кишвари дӯсту бародар пас аз ҳудуди 4 сол ба вуҷуд омад. Дар навиштаи пеши рӯ, ба баррасӣ ва таҳлили абъоди ин таҳаввул ба вежа баъд аз дидори оқои Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё, пардохта шудааст. Ба назар мерасад ҳама чиз барои оғози даври ҷадиде дар равобити Теҳрон ва Душанбе фароҳам шудааст; ба шарти он ки пешниёзҳои лозим барои тасбит ва густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар фароҳам шавад. Талош шудааст ба сарфасли муҳимтарин роҳкорҳо дар ин замина таваҷҷӯҳ шавад.

* * *

Пешинаи баҳс

Дар 17 диймоҳи 1394 (7 январи 2016) Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, монанди солҳои пеш, барои ширкат дар 29-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ ба Теҳрон омад ва дар поёни ин нишаст, меҳмонони ширкаткунанда дар Конфронси ваҳдати исломӣ ба иттифоқи соири меҳмонон ба мулоқоти Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ рафт. Интишори тасовире аз ин дидор, нохурсандӣ ва хашми мақом​ҳои Тоҷикистонро дар пай дошт.

Давлати Тоҷикистон мӯътақид буд, ки баъд аз “кудетои” женерол Абдулҳалим Назарзода дар сентябри 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як гурӯҳи теруристӣ шинохта мешавад ва набояд бо раҳбарони ин ҳизб иртибот барқарор кард. Ин дар ҳоле буд, ки ҳеч кишваре дар ҷаҳон Ҳизби мӯътадили наҳзати исломии Тоҷикистонро ба унвони як гурӯҳи теруристӣ ба расмият нашинохт ва раҳбарони ин ҳизб дар Туркия, Олмон ва дигар кишварҳои урупоӣ зиндагӣ мекунанд ва ба фаъолияти сиёсӣ машғул ҳастанд.

Албатта дар дохили Эрон низ касоне давлати Тоҷикистонро ба пинҳонкорӣ дар мавриди амволи Бобаки Занҷонӣ муттаҳам мекарданд. Зеро Бобаки Занҷонӣ дар давраи давлати даҳум (давлати Аҳмадинажод) ба баҳонаи давр задани таҳримҳо дар мавриди фурӯши нафт бо ҳаддиақал як бонки Тоҷикистон иртибот барқарор карда буд ва мураттабан ба Тоҷикистон омаду шуд дошт. Аксҳои Бобаки Занҷонӣ бо мақомҳои барҷастаи Тоҷикистон ҳам дар ҳамон замон мунташир шуд.

Бастани марокизи фарҳангии Эрон ва Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ (р) дар Тоҷикистон ва муттаҳам кардани Эрон ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар, сенориюҳое буд, ки бештар дар Кумитаи амнияти Тоҷикистон (КДАМ) тарроҳӣ ва ба кӯмаки ниҳодҳои амниятии кишварҳои дигаре табилғотӣ шуд. Сафорати Эрон дар Душанбе бо интишори баёнияе, ҳар гуна масъулият ва ё иртибот байни Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қатлҳои даҳаи 90 дар Тоҷикистонро рад кард. Дар ин баёния, ки як рӯз пас аз пахши филме аз телевизиюни Тоҷикистон мунташир шуд, зимни таъкид бар “пайвандҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон”, ҳар гуна иддаоҳои матраҳшуда дар филме, ки аз сӯи эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва табиатан наметавонад эътиборе дошта бошад, рад кард.

То ин ки дар ҷараёни сафари оқои Зариф ба Тоҷикистон пас аз ҳудуди се сол, ба тадриҷ шоҳиди коҳиши таниш дар равобити ду кишвар будем. Танише, ки бештар таҳти таъсири омили хориҷ аз равобити дуҷониба, дар Риёз ва Вошингтун таҳрик мешуд.

* * *

Таҳлили далоил ва натоиҷи беҳбуди муносиботи бародарона байни Эрон ва Тоҷикистон

Аз соли 1397 (2018-2019) таҳти таъсири омилҳои мухталиф, давлати Тоҷикистон ҳам ба ин ҷамъбандӣ расид, ки наметавонад аз тирагии равобити Эрону Арабистон ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунад ва қоъидатан бояд фикре асосӣ барои таъомул бо кишвари дӯсту бародар бо собиқаи фарҳангӣ ва таърихии таъсиргузор дошта бошад.

Шарти таҳаққуқи ин масъалаи муҳим, канор омадан бо воқеияти мавҷуд дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Зеро ҳеч мантиқе наметавонад тавҷеҳгари “теруристӣ” хондани як ҳизби мӯътадил бошад. Он ҳам дар шароите, ки ҳеч санаду мадраки муҳкамписанде дар мавриди теруристӣ будани Ҳизби наҳзати исломӣ аз сӯи давлати Тоҷикистон ироа шудааст. Дар натиҷа ҳеч кишваре дар ҷаҳон аз ҷумла Эрон то кунун ҳозир нашуд Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба унвони як ҳизби теруристӣ бишносад. Саранҷом он ки давлати Тоҷикистон кам-кам ба самте ҳаракат кард, ки худро аз ин омили ихтилофафкан дар муносиботи дӯстона бо соири кишварҳо дур кунад.

Давлати Эрон низ дар идомаи сиёсати тавсиъаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва перомун дар минтақа, талош кард аз мавзӯъҳои ихтилофбарангез монанди Бобаки Занҷонӣ бигузарад, то равобити худро бо давлати Тоҷикистон ба самте ҳидоят кунад, ки мавриди баҳрабардории душманони дӯстии ду кишвар қарор нагирад.

Дар ҳамин чорчӯб, имзои ёдошти тафоҳум байни Эрон ва Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон заминаро барои рафъи мушкилот ва эҷоди чорчӯби дақиқ барои ҳамкориҳои оянда фароҳам сохт.

Дар идомаи ин масир Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар 24 хурдоди 1398 (14 июни 2019) барои ширкат дар 5-умин Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё ба шаҳри Душанбе сафар кард ва дар ҳошияи ин нишаст бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои худ, музокироти муҳимме барои ҳалли мушкилоти мавҷуд ба амал овард.

* * *

Роҳкорҳои тасбит ва густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон:

1) Лузуми бознигарӣ дар муносиботи ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон дар давраи шурӯи ҷадиди ҳамкориҳо, беш аз ҳар замони дигар эҳсос мешавад. Мурури дубораи сиёсатҳо ва иқдомҳое, ки дар 28 соли ахир аз замони истиқлоли Тоҷикистон то кунун иттихоз шуда ва ба мавриди иҷро даромадааст, мӯҷиб хоҳад шуд, то нуқоти қуввату заъфҳо беш аз гузашта шиносоӣ шавад ва ин имкон фароҳам мешавад, ки фурсатҳо ва таҳдидҳои мавҷуд дар равобити ду кишвар мавриди диққат қарор гирад;

2) Тоҷикистон барои Эрон маркази сиқли як сиёсати калони роҳбурдӣ дар қиболи минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Зеро пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ байни ду кишвар зарфияти бисёр хубе ба вуҷуд овардааст, ки дар ҳеч як аз чаҳор кишвари дигар дар Осиёи Марказӣ мавҷуд нест. Ин масъала ба ҳадде аҳаммият дорад, ки метавон гуфт тавозуни муносиботи Эрон бо соири кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти таъсири равобити Теҳрон ва Душанбе қарор дорад;

3) Эрон як бор барои ҳамеша бояд таклифи худро дар бораи роҳбурди муносиботи ҳамаҷонибаи Эрон бо Тоҷикистон мушаххас кунад. Таъкид бар анҷоми фаъолиятҳои динии Эрон дар Тоҷикистон бидуни таваҷҷӯҳ ба пайвандҳои забонӣ ва фарҳангии ду кишвар наметавонад корсоз бошад. Ҳамчунон ки таъкиди сирф бар пайвандҳои фарҳангӣ бидуни таваҷҷӯҳ ба гароишҳои динии амиқи мардуми Тоҷикистон муассир нахоҳад буд. Илова бар ин, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва пайванд додани манофеи ду кишвар тазминкунандаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар оянда хоҳад буд. Бинобар ин, ҳар навъ барномарезии яксӯя наметавонад дар баландмуддат суботи лозимро барои шакл додан ба ҳамкориҳои пойдор фароҳам созад;

4) Тоҷикистон мавқеияти роҳбурдии Эрон ва мизони таъсиргузории онро бар минтақаи халиҷи Форс ва дарёи Уммон ба хубӣ медонад ва метавонад аз имкони тавсиъаи муносибот бо ду кишвари восит, яъне Афғонистон ва Туркманистон, дар ҷиҳати тавсиъаи муносиботи иқтисодии ин кишвар ва ба вежа дастёбӣ ба обҳои озоди байналмилалӣ аз тариқи Эрон истифода кунад;

5) Ҳар ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон метавонанд аз тариқи барқарории тамосҳои наздиктар ва густурдатар, монеъ аз коршикании кишварҳои солис дар муносиботашон шаванд. Ин масъала ба вежа дар эҷоди ҳамкориҳои муассир байни рӯзноманигорон, нависандагон ва расонаҳои ду кишвар бисёр зарурӣ ба назар мерасад. Ҳунармандони эронӣ ва тоҷикӣ дар арсаҳои синамо, теотр, мусиқӣ ва ғайра нақши бебадиле дар умқбахшӣ ба равобити мардуми ду кишвар дошта ва хоҳанд дошт.

* * *

Ҷамъбандӣ:

Эрон ва Тоҷикистон метавонанд бо истифода аз таҷрибаҳои гузашта шароите муносибтарро барои густариши равобити ду кишвар фароҳам созанд. Ин ҳадафи муҳим замоне муҳаққақ мешавад, ки аз сиёсатҳои пешин дарсҳои лозимро бурда бошанд ва дар ростои тақвияти таҷрибаҳои мусбат ҳамкориҳои муштарак монанди иҷрои пружаи Сангтӯда-2 истифода кунанд ва аз такрори иштибоҳҳои гузашта монанди бӯҳронсозӣ бар сари ширкати раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар як конфронсе, ки ҳамасола баргузор шуда ва мешавад, парҳез намоянд.

Таҷрибаи таърихии мушорикати Эрон ва Русия дар таҳаққуқи сулҳ байни давлати Тоҷикистон ва эътилофи мухолифон дар соли 1997, барои сохтани ҳамкориҳои чандҷониба байни кишварҳои минтақа ба манзури дастёбӣ ба сулҳу субот ва амнияти пойдор ва ҳамаҷониба бисёр арзишманд аст ва набояд таҳти таъсири суибардоштҳо қарор бигирад.

То замоне, ки пайвандҳои иқтисодӣ ва таърифи пружаҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар барқарор нашавад, наметавон ба сирфи такя бар пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии муштарак, муносиботи ҳамаҷониба дар куллияи заминаҳоро барқарор сохт.

Акнун замон барои фаромӯш кардани мушкилоти гузашта ва нигоҳи мусбат ба оянда фаро расидааст ва метавон дар сояи ҳамкориҳои расонаӣ ва ҳунарӣ бистари муносибе барои тавсиъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ байни ду кишвар фароҳам сохт.

Манбаъ: Iras

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: