Перейти к содержимому

Эрон боздошти як киштӣ дар халиҷи Форсро расман эълон кард

Нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон киштии ҳомили як милюн литр сӯхти ба гуфтаи ӯ қочоқро дар ҷануби ҷазираи Лорк дар халиҷи Форс тавқиф кард. Омрико ва Ангилис вокуниш нишон доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар ин хусус дар баёнияе эълом кард: “Тайи амалиёти расад ва контроли тараддудҳои шиноварӣ дар халиҷи Форс, ба манзури кашф ва муқобила бо қочоқи созмонёфта, дар рӯзи якшанбе гаштҳои шиноварии минтақаи якуми дарёии Сипоҳ дар халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз, пас аз итминон аз ҳамли қочоқи сӯхт тавассути яке аз киштиҳои хориҷӣ, дар иқдоме ғофилгиркунанда ин киштиро, ки ҳомили як милюн литр сӯхти қочоқ буд, пас аз ҳамоҳангӣ ва ҳукми мароҷеи қазоӣ, дар ҷануби ҷазираи Лорк тавқиф карданд.”

Пештар хабаргузориҳои ғайриэронӣ аз тавқифи як нафткаш тавассути Сипоҳи Эрон дар халиҷи Форс хабар дода буданд.

Аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ, раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар вокуниш ба тавқифи як нафткаши эронӣ дар тангаи Ҷабалутториқ тавассути Ангилис, бо интиқод аз ин иқдом, бо “дуздии дарёии ангилисиҳои хабис” хондани ҳодисаи мазкур, гуфта буд: “Онҳо, ки хабосаташон барои ҳама ошкор аст, киштии моро бо роҳзании дарёӣ рабудаанд, аммо саъй мекунанд ба он шакли қонунӣ бидиҳанд.” Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Албатта аносури мӯъмин дар Ҷумҳурии Исломӣ ин корҳоро беҷавоб намегузоранд ва дар фурсат ва ҷойи муносиб посух хоҳанд дод.”

* * *

Вокуниши Омрико ва Ангилис

Новгони панҷуми нерӯи дарёии Омрико, ки дар Баҳрайн мустақар аст, эълом кард, ки аз гузоришҳои мунташиршуда мабнӣ бар тавқифи як нафткаш дар халиҷи Форс огоҳ аст.

Шабакаи NBC бо эъломи ин хабар, бо мақомҳои низомии Омрико тамос гирифта ва вокуниши Вошингтунро дар ин иртибот ҷӯё шуд.

Ангилис низ ба ин рухдод вокуниш нишон дода ва эълом кард, ки дар талош аст, то иттилооти бештаре дар иртибот бо нафткаши тавқифшуда ба даст оварад.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, дар баёнияе, ки Ландан дар ин хусус мунташир кард омадааст: “Пайрави интишори гузоришҳое дар бораи тавқифи як нафткаш дар халиҷи Форс, дар талош ҳастем, то иттилооти бештаре ба даст оварем.” Ин баёния меафзояд: “Ҳамчунон ба масъулони эронӣ тавсия мекунем, ки аз мизони таниш дар минтақа бикоҳанд.”

Гуфтанӣ аст, ҳафтаи гузашта Ангилис бо юриш ба як киштии ҳомили нафти Эрон дар наздикии тангаи Ҷабалутториқ, ин киштиро тавқиф кард. Ландан муддаӣ аст, ки ин иқдомро бо ҳадафи мумониат аз нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо алайҳи Сурия анҷом додааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: