Перейти к содержимому

Иддаои Тромп дурӯғ аз об даромад (видео)

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико муддаӣ шуда буд, ки киштии омрикоии USS Boxer як паҳподи эрониро рӯзи панҷшанбе дар тангаи Ҳурмуз сарнагун кардааст. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон соате пеш бо интишори филме, расман ин иддаои Тромпро такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, баъд аз зуҳри рӯзи гузашта (панҷшанбе, 18 июл) Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико муддаӣ шуд, ки яке аз киштиҳои ҷангии Омрико як ҳавопаймои бидуни сарнишини эрониро бар фарози тангаи Ҳурмуз сарнагун кардааст. Ӯ дар оғози суханронии худ дар Кохи сафед ба ҳозирон гуфт: “Пеш аз оғози суханронӣ, мехоҳам шуморо дар ҷараёни ҳодисае, ки имрӯз дар тангаи Ҳурмуз иттифоқ афтод қарор диҳам. Имрӯз киштии USS Boxer, ки як шиновари обӣ-хокии таҳоҷумӣ аст, алайҳи як паҳподи эронӣ, ки то фосилаи 900 метрии он пешравӣ карда ва чандин ҳушдорро нодида гирифта буд, иқдоми дифоӣ анҷом дод ва паҳподро билофосила нобуд кард.”

Дақоиқе баъд Вазорати дифои Омрико низ баёнияе дар мавриди иддаои раисиҷумҳури Омрико содир ва бидуни ишора ба ин ки паҳподи сарнагуншуда эронӣ будааст ё на, моҷароро ташреҳ кард.

Аммо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ки дар Ню-йорк ба сар мебарад, дар вокуниш ба ин хабар гуфт, ки “мо хабаре мабнӣ бар ин ки имрӯз паҳподе аз даст додаем, надорем.

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон ҳам дар вокуниш ба иддаои Дунолд Тромп, дар ҳисоби твиттерии худ навишт: “Мо ҳеч кадом аз паҳподҳои худро дар тангаи Ҳурмуз ё ҳеч ҷои дигар аз даст надодаем. Нигаронам, ки нови USS Boxer паҳподи худашонро иштибоҳӣ сарнагун карда бошад.”

Субҳи имрӯз (ҷумъа, 19 июл), мақомоти низомии Эрон ин иддаои Тромпро такзиб карданд. Сартип Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар ин бора эълом кард, ки иддаои Тромп комилан кизб аст. Ӯ гуфт: “Бар хилофи иддаои воҳӣ ва бархоста аз таваҳҳуми Тромп, тамомии паҳподҳои мутаъаллиқ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз аз ҷумла паҳподи мавриди назари раисиҷумҳури Омрико, пас аз анҷоми маъмурияти шиносоӣ, ба саломат ба пойгоҳҳои худ бозгаштаанд ва ҳеч гуна гузорише мабнӣ бар муқобилаи нови USS Boxer-и омрикоӣ гузориш нашудааст.”

Ҳамчунин субҳи имрӯз Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон баёнияи расмие дар ин бора содир кард ва зимни такзиби иддаои Тромп, навишт, ки ба зудӣ тасовири паҳподҳои Сипоҳ аз киштии омрикоӣ ва санади дурӯғин будани иддаои ононро мунташир хоҳем кард.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар баёнияи худ оварда буд: “Ин тасовир нишон хоҳад дод, ки паҳподи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ пеш аз вуруди новчаи омрикоӣ ба тангаи Ҳурмуз, дар ҳоли иҷрои маъмурияти ҷории худ дар минтақа буда ва аз ҷумла тасовири марбут ба расад ва муроқибат аз новчаи мазкур (USS Boxer)-ро низ қабл ва ҳатто баъд аз замони мавриди иддаои омрикоиҳо, ба истгоҳи худ ирсол ва солим ба пойгоҳи худ бозгаштааст.”

Ва саранҷом Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон соате пеш ин филмро мунташир кард:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: