Перейти к содержимому

Нақши “Шоҳнома” дар тадовуми таърихии Эронзамин аз нигоҳи як донишманди олмонӣ

Устоди Донишгоҳи Берлин мӯътақид аст, ки ҳамосаи миллии Эрон (“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) нақши бисёр зиёде дар тадовуми таърихии Эрон дорад, аммо ҳамосаи миллии Юнон (Илиёд ва Удисеи Ҳумер) натавонист, ки заминаи тадовуми таърихии Юнон дар давронҳои баъдиро тазмин кунад.

* * *

Хабаргузории Илно гуфтугӯе бо пруфесур Морино Кунрод, устоди Эроншиносии Донишгоҳи Берлин, ки ҳудуди се даҳа аз умри худро сарфи пажӯҳиш дар робита бо адабиёт ва таърихи Эронзамин кардааст, анҷом дода, ки бисёр хонданист. Машрӯҳи ин гуфтугӯ ба шарҳи зерин аст:

— Оё Эроншиносӣ, дар равишҳои мутолеотӣ, бо исломшиносӣ ва шарқшиносӣ тафовут дорад?

— Ҳамин тавр аст. Эрон, ҳарчанд ба унвони бахше аз воқеият ва куллияти таърихии ислому шарқ, метавонад мавриди мутолеа қарор бигирад, бо ин ҳол, Эрон ба унвони як куллияти таърихии мустақил ва дерина, ниёз ба баррасиҳои густурдаи мафҳумӣ дорад. Медонед, ки Ҳегел дар асари бисёр муҳимми “Падидоршиносии руҳ” мегӯяд, Эрон “нахустин миллат, нахустин давлат ва нахустин кишвар” дар таърихи башар аст; ба ин мафҳум, ки эрониён, пеш аз шаклгирии низоми маъноӣ ва ҳуқуқии давлат-миллат, ба воситаи худогоҳии миллӣ, ки доштанд, низоми давлату миллати худро ҳудуди ду ҳазор сол пеш аз шаклгирии ин мафҳум эҷод карданд. Пас равишҳои ҷории мутолеаи муртабит бо шарқшиносӣ ва исломшиносӣ, наметавонанд воқеиятҳои таърихии Эронро тавзеҳ диҳанд.

Дар татаввури мафҳумии мадди назари Ҳегел, Эрон ба масобаи як “руҳ” падидор мешавад ва бояд ҳам бар асоси равишҳои фенуменулужик (phenomenology = падидоршиносӣ) мавриди баррасӣ қарор бигирад. Дар падидоршиносии руҳ, руҳ як мафҳуми бузург аст, ки ҳам худоғозӣ дорад ва ҳам худогоҳӣ. Ва илм низ як руҳ маҳсуб мешавад; ба ин маъно, ки руҳ бояд дар ду ҳаракати тӯлӣ ва доираӣ, ҳам ба ҷилав ҳаракат кунад ва ҳам ба ақиб бозгардад ва нисбат ба худ ва он чи ки буда, худогоҳӣ ёбад. Ин худогоҳӣ нисбате бо он чи ки дар равоншиносӣ матраҳ мешавад, надорад.

Ба ин тартиб, эрониён ба унвони сокинони як кишвари таърихӣ ва куҳан, нисбат ба гузаштаи худ ҳамвора худогоҳ буданд. Нишонаи аслии ин худогоҳӣ, таквини он дар даруни забони миллии эрониён аст. Ба қавли Витгенштойн, забон муҳаввили (таҳаввулкунандаи) таҳаввули огоҳӣ ва хирад аст, ва ҷойгоҳи хирад дар ҳар сарзамине, дар забони он нуҳуфтааст.

— Мутолеаи таърихи Эрон, бар асоси хонишҳои морксистӣ, шарқшиносона (бо равиши Эдворд Саъид), устурашинохтӣ ва мутолеаи таърих бар асоси равиши фалсафӣ, ҳар кадом чӣ душвориҳо ва чӣ имтиёзҳое дорад?

— Мутолеаи таърих бар асоси морксизм, метавонад буришҳое аз таърихро дар нисбат ба моликият, ҷанг, шеваи тавлид, сайри табақотӣ, вазъияти таърихии тӯдаҳо ва нисбати онҳо бо истибдоди сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба шумо ироа медиҳад ва ин вазифаи як пажӯҳишгар аст, ки ҳар кадом аз инҳоро бо таваҷҷӯҳ ба ниёзи пажӯҳишии худ ба кор бигирад. Бо ин ҳол, мутолеаи таърихи Эрон ба таври якпорча, бар асоси ин равиш, имконпазир нест ва барои мухотабон гумроҳкунанда ва идеулужисоз хоҳад буд. Дар натиҷа, мутолеаи идеулужики таърихӣ, ки ба унвони як руҳи фалсафӣ, ниёз ба падидоршиносӣ дорад, бенатиҷа хоҳад буд ва дастоварди воқеӣ аз худ барҷой намегузорад.

Устурашиносӣ ҳам ба унвони як равиши фалсафӣ, бисёр қудратмандтар аз мутолеоти морксистӣ буда ва дар оянда ҳам, барои бозхонии давраҳои бисёр куҳани таърих корбурдӣ ва муфид аст, аммо ин равиш низ наметавонад тамоми воқеиятҳои таърихиро дар робита бо Эрон тавзеҳ диҳад. Ниче дар китоби шигифтангези “Чунин гуфт Зартушт” мегӯяд: “Ман ба эрониҳо бисёр эҳтиром мегузорам, онҳо нахустин мардумоне будаанд, ки дар таърих, ба тамомияти он андешидаанд.” Ин андеша дар қиболи таърих, ва огоҳӣ ба тамоюз дар тайи фарояндҳои таърих, як вежагии ҷаззобу таҳсинбарангез аст.

Равиши уриентолистии Эдворд Саъид ҳам ба далели ин ки як шарқи ормонӣ ва ғайривоқеиро тасвир мекунад ва ҳамвора дар тазодд бо равишҳои ғарбӣ аст ва ҷойгузине ҳам барои ин равишҳо арза намекунад, равише ҷиддӣ нест ва фақат барои барангехтани тӯдаҳо барои рафторҳои идеулужик ҷаззобият дорад.

Мутолеаи таърих бар асоси равишҳои фалсафӣ ва ба вежа, падидоршиносӣ, ниёзманди огоҳии густурда аз мафоҳими фалсафаи юнонӣ, исломӣ ва идеолизми олмонӣ, бо такя бар Ҳегел, Фиште ва Шиллинг аст. Ҳарчанд ин равиш барои шинохти Эрон ба унвони як воқеияти килосики таърихӣ, бисёр муфид аст, бо ин ҳол ниёз ба абзорҳои бисёр зиёде дорад ва дар маҷмӯъ бисёр замонбар ва душвор аст, аммо дастовардҳои зиёде низ бо худ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

— Теудур Нулдике (Theodor Nöldeke) ба унвони яке аз пешгомони Эроншиносӣ, осори бисёр зиёде дар робита бо Эрон аз худ барҷой гузошт. Яке аз муҳимтарини онҳо, асари ҳамосаи миллии Эрон аст. Нулдике бо чӣ равише тавонист ин асарро ба риштаи таҳрир дароварад?

— Ин китоб асаре мутафовит аст, ки ҷузъи пажӯҳишҳои ҷиддӣ ва асаргузор дар мутолеоти Эроншиносӣ ба шумор меояд. Нулдике дар ин асар тавониста, ки даст рӯи як масъалаи бисёр муҳим дар чароии тадовуми Эрон бигузорад. Ин масъала, ҳувияти миллии эрониён аст, ки мардумаш мисли мардуми Олмон, Чин ва Ҳинд, ҳассосияти бисёр зиёде бар рӯи ҳифзи ин ҳувият дорад.

Ду асари муҳим: “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Илиёд” (Iliad) ва “Удисе” (Odyssey)-и Ҳумер (Homer), муҳимтарин ҳамосаҳои миллӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ҳарчанд ҳамон тавр ки ишора кардам, дар Чин ва Ҳинд ҳам осори нисбатан мушобеҳе вуҷуд дорад, вале ин осор фарогирии ин ду ҳамосаи бузургро пайдо накарданд. Нулдике ба як тафовути асосӣ дар ин ду асар низ таваҷҷӯҳ дошта, ки ҳамосаи Фирдавсӣ тавонист боиси тадовуми таърихии Эрон шавад, аммо “Илиёд” ва “Удисе” аз даврони бостон ба баъд, натавонист тадовуми таърихии Юнонро тазмин кунад. Ҳарчанд Юнон ҳам ба унвони як руҳ, асароти густурдаи худро дар илоҳиёт, фалсафа, улуми сиёсӣ ва ҳуқуқ барҷой гузошта ва ба шакле номалмус аз тадовуми таърихӣ бархӯрдор буд, аммо ҷинси тадовуми таърихии Эрон ошкор буд. Эрон ниёз ба мутолеоти падидоршиносии бисёр васеъе дорад ва умедворам, ки рӯзе ин фурсат барои пажӯҳишгарони ҷиддии Эроншиносӣ фароҳам шавад.

Ilna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: