Перейти к содержимому

Тромп: “Як паҳподи эрониро ҳадаф қарор додаем” // Зариф: “Мо хабаре надорем, ки паҳпод аз даст додаем”

Дар ҳоле, ки раисиҷумҳури Омрико мегӯяд, яке аз киштиҳои ҷангии ин кишвар як фарванд ҳавопаймои бидуни сарнишини эрониро бар фарози тангаи Ҳурмуз ҳадаф қарор додааст, вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин иддао гуфт: “Мо хабаре надорем, ки паҳпод аз даст додаем”.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе муддаӣ шуд, ки яке аз новҳои омрикоии мустақар дар минтақаи халиҷи Форс як фарванд ҳавопаймои бидуни сарнишини эрониро бар фарози тангаи Ҳурмуз сарнагун кардааст.

Дунолд Тромп дар оғози суханронии худ дар Кохи сафед ба ҳозирон гуфт: “Пеш аз оғози суханронӣ мехоҳам шуморо дар ҷараёни ҳодисае, ки имрӯз дар тангаи Ҳурмуз иттифоқ афтод, қарор диҳам. Имрӯз киштии USS Boxer, ки як шиновари обӣ-хокии таҳоҷумӣ аст, алайҳи як паҳподи эронӣ, ки то фосилаи 900 метрии он пешравӣ карда ва чандин ҳушдорро нодида гирифта буд, иқдоми дифоӣ анҷом дод ва паҳподро билофосила нобуд кард.”

Дақоиқе баъд Вазорати дифои Омрико баёнияе дар мавриди иддаои раисиҷумҳури Омрико содир ва бидуни ишора ба ин ки паҳподи сарнагуншуда эронӣ будааст, моҷароро ташреҳ кард.

Вазорати дифои Омрико дар ин баёния иддао кардааст: “Тақрибан соатҳои 10 субҳ ба вақти маҳаллӣ як ҳавопаймои бидуни сарнишин ба киштии обӣ-хокии USS Boxer, ки дар ҳоли ҳаракат ба самти тангаи Ҳурмуз буд, наздик шуд ва дар маҳдудаи хатарноке қарор гирифт. Киштии USS Boxer низ ба манзури ҳифзи амнияти худ ва хадама, иқдоми дифоӣ анҷом дод.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар посух ба суоли Фарид Закариё дар мавриди иддаои Тромп мабнӣ бар сарнагун шудани паҳподи эронӣ бар фарози тангаи Ҳурмуз, гуфт: “Мо хабаре мабнӣ бар ин ки имрӯз паҳподе аз даст додаем, надорем.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дирӯз як киштии ҳомили як милюн литр сӯхтро дар ҷануби ҷазираи Лорк дар халиҷи Форс тавқиф кард. Ба гузориши хабаргузории Форс, нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар ин хусус дар баёнияе эълом кард: “Тайи амалиёти расад ва контроли тараддудҳои шиноварӣ дар халиҷи Форс, ба манзури кашф ва муқобила бо қочоқи созмонёфта, дар рӯзи якшанбе гаштҳои шиноварии минтақаи якуми дарёии Сипоҳ дар халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз, пас аз итминон аз ҳамли қочоқи сӯхт тавассути яке аз киштиҳои хориҷӣ, дар иқдоме ғофилгиркунанда ин киштиро, ки ҳомили як милюн литр сӯхти қочоқ буд, пас аз ҳамоҳангӣ ва ҳукми мароҷеи қазоӣ, дар ҷануби ҷазираи Лорк тавқиф карданд.”

Аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ, раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар вокуниш ба тавқифи як нафткаши эронӣ дар тангаи Ҷабалутториқ тавассути Ангилис, бо интиқод аз ин иқдом, бо “дуздии дарёии ангилисиҳои хабис” хондани ҳодисаи мазкур, гуфта буд: “Онҳо, ки хабосаташон барои ҳама ошкор аст, киштии моро бо роҳзании дарёӣ рабудаанд, аммо саъй мекунанд ба он шакли қонунӣ бидиҳанд.” Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Албатта аносури мӯъмин дар Ҷумҳурии Исломӣ ин корҳоро беҷавоб намегузоранд ва дар фурсат ва ҷойи муносиб посух хоҳанд дод.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: