Перейти к содержимому

8 насиҳати Имом Ғаззолӣ ба ҳокимон

Имом Ғаззолӣ дар “Кимиёи саодат” гӯяд:

“Волӣ ва амире, ки тақво ва вараъ (парҳезгорӣ)-ро пешаи худ сохта, барои иҷрои ҳаққу адолат бояд ба усули зерин таваҷҷӯҳ кунад:

1) Дар ҳар воқеа ва пешомаде чунин ангорад, ки ӯ раият ва дигаре волӣ аст. Ҳар чи худро написандад, ҳеч мусалмонро написандад;

2) Арбоби ҳоҷотро бар даргоҳи худ мунтазир нагузорад. Ва то мусалмонеро ҳоҷате мебояд, ба ҳеч нофила машғул нашавад;

3) Ба шаҳват рондан, ҷомаи нек пӯшидан ва таъоми хуш хӯрдан одат накунад ва дар ҳама чиз қаноат кунад, ки беқаноат адл мумкин нашавад;

4) Бинои ҳама корҳо, то тавонад, ба рифқ (нармӣ) ниҳад, на ба ъунф (хушунат). Пешвои ислом (ҳазрати Муҳаммад (с)) мегӯяд: “Некӯ чизест вилоят касеро, ки ба ҳаққи он қиём кунад; ва бад чизест вилоят касеро, ки дар он тақсир (кӯтоҳӣ) кунад”;

5) Ҷаҳд (кӯшиш) кунад, то ҳамаи раият (шаҳрвандон) аз ӯ хушнуд бошанд… Бояд волӣ бад-он ғарра (мағрур) нашавад, ки ҳар ки бад-ӯ расад, бар ӯ сано гӯяд, пиндорад, ки аз ӯ хушнуданд, ки он ҳам аз бим бувад. Балки бояд мӯътамадонро фаро кунад, то таҷассус кунанд ва аҳволи ӯ аз халқ пурсанд, ки айби худ аз забони мардумон тавон донист;

6) Бидонад, ки хатари вилоят доштан саъб (душвор) аст ва кори халқи Худой нек кардан азим (бузург) аст, ва ҳар ки тавфиқ ёбад, ки бад-он қиём намояд, саодате ёфт, ки варои он ҳеч саодате набувад, ва агар тақсир (кӯтоҳӣ) кунад, шақовате ёфт, ки кас мисли он набинад;

7) Ташна бошад ба дидори уламои дин, ва ҳарис бошад бар шунидани насиҳати эшон ва ҳазар кунад ҳамеша аз уламои ҳарис бар динор, ки вайро ъишва диҳанд ва бар вай сано гӯянд ва хушнудии вай талаб кунанд, то аз он мурдори ҳаром, ки дар дасти вай аст чизе ба макру ҳила ба даст оранд;

8) Он ки бад-он қаноат накунад, ки худ аз зулм даст бидорад, омилону ноибону чокарони хешро муҳаззаб кунад ва ба зулми эшон ризо надиҳад… Ҳар зулм, ки аз омили султон биравад ва хомӯш бошад, ин зулм вай карда бошад…”

(Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, Кимиёи саодат, с.409 ба баъд)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: