Перейти к содержимому

Ба баҳонаи зодрӯзи Муҳиддин Кабирӣ

Як мусалмони таҳсилдида ва огоҳ, ки бо вазъи ҷаҳони ислом дар имрӯз, аз ҷумла Тоҷикистони худамон ва ҳолу ҳавои кунуниаш ва фазое, ки дар яке ду даҳаи ахир бар он соя афкандааст ошност, ӯ нек медонад, ки ҷаҳони ислом бӯҳронитарин рӯзҳои худро дар сад соли ахир мегузаронад. Ҳам аз берун бо бӯҳрон рӯ ба рӯст ва ҳам аз дарун. Аммо бӯҳрони дарунӣ бешак бузургтару печидатар аст; бӯҳроне, ки агар роҳи ҳалли худро пайдо кунад, бӯҳрони беруниаш ҳам роҳи ҳалли худро меёбад. Ин, як каме тавзеҳ мехоҳад.

Тавзеҳ он ки: чаҳони ислом дар сад соли пеш (ба хусус пас аз фурӯпошии хилофати усмонӣ) дағдағааш бештар ин буд, ки шукӯҳу шавкатеро, ки дошт ва фурӯ рехт, баргардонад. Ислоҳгароёни бузурге мисли Сайидҷамол, Абдуҳ, Иқбол ва ғайри онҳо, ки дар он даврон зуҳур карданд, дағдағаашон ҳамин буд. Гурӯҳҳо ва аҳзоби исломӣ мисли Ихвонулмуслимин ҳам, ки дар ҳамон замон по бар арса гузоштанд, ҳадафашон дар ҳамин чиз хулоса мешуд. Ин ки тақрибан ҳамаи онҳо худро ба унвони гурӯҳҳои исломӣ муаррифӣ ва пасванди “исломият” ҷузъи лоянфакки номашон буд, далелаш, беш аз ҳар чизи дигар, ҳамин буд.

То охирҳои қарни 20-ум ва аввалҳои қарни ҷорӣ, ба ин хотир, ки ин гурӯҳҳо ҳанӯз аз як таҷрибаи амалии муваффақе бархӯрдор набуданд ва камокон дар фазои теурӣ ва назарӣ зиндагӣ мекарданд, аз ин рӯ эҳсос мекарданд, ки мушкили ҷаҳони ислом бештар “берунӣ” аст, то “дарунӣ”. Яъне ҳар чи аз мушкилот дорем, аз берун аст, ба хотири истеъмор аст, аз душманон аст, аммо аз “дарун” ба ҷуз андак масоил – мисли “қазо ва қадари илоҳӣ” ва “зуҳд” ва “таваккул” ва ғайра, ки бузургони номбурда рӯи ин масоил кор ҳам карданд – дигар мушкиле ба чашмашон намехӯрд. Аммо дар оғози қарни 21, ба хусус пас аз “баҳори арабӣ” (ки албатта ин “баҳор” дар кишвари мо дар солҳои 90-ум расида буд) замоне, ки ин аҳзобу гурӯҳҳо вориди матн шуданд ва фурсате барояшон даст дод, ки амалан битавонанд дар ҷаҳони “воқеият” зиндагӣ кунанд — мисли замоне ки дар Мисру Тунис Ихвон зимоми идораи ҷомеаро ба даст гирифт – дар ин замон, аз “дарун” бо анвоъи бӯҳронҳо мувоҷеҳ шуданд; масоиле, ки мебоист аз хеле вақт пеш рӯи онҳо кор сурат мегирифт ва ба лиҳози назарӣ барояшон ҳаллу фасл шуда буданд; масоиле, ки ҷаҳони ислом ҳанӯз аз равзанаи садҳо сол пеш ва балки ҳудуди ҳазор сол пеш, ба онҳо нигоҳ мекарданд. Ба сухани дигар, як саре масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳаст, ки фуқаҳои исломӣ дар садҳо сол пеш ба онҳо пардохта ва назари исломро дар бораи онҳо истинбот кардаанд ва дар китобҳои фиқҳӣ мастур ҳастанд; масоиле, ки мусалмонони имрӯз ва ба хусус гурӯҳҳои исломӣ, фикр мекарданд, ҳарфи охир ҳамон аст, ки онҳо гуфтаанд. Ғофил аз ин ки фуқаҳои он даврон, бо таваҷҷӯҳ ба ниёзҳо ва муқтазаёти замону макони худ, ба ҳаллу фасли он пардохтаанд, ва ин замон, дигар он замон нест. Масоиле мисли “ҷизя”, “иртидод”, “аҳли китоб”, “кофир”, “таъомул бо ғайримусалмонон ба хусус аҳли ширк”, “ақаллиятҳои динӣ дар ҷомеаҳои исломӣ”, “ихтиёроти ҳоким”, “нақши бонувон”, “шӯро”, “кайфияти интихоби ҳоким” ва садҳо масоиле аз ин қабил… Ин масоил масоиле ҳастанд, ки ҳанӯз чунонки бояд рӯи онҳо кори фиқҳӣ ва иҷтиҳодӣ сурат нагирифтааст; ва он чи дар китобҳои фиқҳӣ мастур аст, инҳо истинбототи фуқаҳои пешин бо таваҷҷӯҳ ба муқтазаёти замони худашон аст, ки имрӯзиҳо ҳамон ҳарфҳоро такрор мекунанд.

Дудастагиҳо ва чанддастагиҳое, ки имрӯза дар миёни гурӯҳҳои исломӣ ва исломгароён вуҷуд дорад, далелаш, беш аз ҳар чизи дигар, ҳамин масоил аст. Ин ки гурӯҳе имрӯз мӯътақиданд, ки “порлумон” куфр аст, ва гурӯҳе дигар онро аз назари исломӣ “машрӯъ” мешуморанд, далелаш ин аст, ки гурӯҳи аввал дар бовари худ мутамассик ба истинботҳое ҳастанд, ки пештар сурат гирифта. Ба ҳар сурат, алъон намехоҳам ба сурати рез вориди ҷузъиёт шавам ҳарчанд ки бояд дар як фурсати муносиб ин масоилро матраҳ кард. Феълан танҳо ҳаминро мехоҳам арз кунам, ки мо имрӯза бо ин бӯҳрони дарунӣ мувоҷеҳ ҳастем.

* * *

Ҳол, ин муқаддимаи аризу тавил, ки арз шуд, чӣ иртиботе бо бародари азизамон, Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз (20 июл) зодрӯзаш аст дорад? Рабташ дар ин аст – ва имрӯз ва ба ҳамин муносибат, андаке мехоҳам дар ин хусус бинависам – ки Кабирӣ ба унвони раҳбари як ҳизби исломӣ (ҲНИТ), аз он даста афроде аст, ки фаҳмида ҷаҳони ислом аз дарун бо як бӯҳрон рӯ ба рӯст. Ва ба сухани дигар, ӯ ба унвони як мусалмони огоҳ ва касе, ки дарди динӣ дорад, медонад, ки муҳимтарин вазифа ва рисолати як фақеҳ ва муҷтаҳид дар ҳоли ҳозир ин аст, ки камар бандад ва даст ба кор шавад ва ба ҳаллу фасли ин масоил бипардозад. Мо дар ҷаҳони ислом раҳбарону муршидҳои фаровоне дорем, аммо касоне, ки воқеан ба ин дарк расида ва ба ин фаҳм ноил омада бошанд, ки ҷаҳони ислом бо як бӯҳрони дарунии амиқе мувоҷеҳ аст, бисёр ангуштшуморанд. Муқаддимаи пардохтан ба ҳалли ин масоил, дарки онҳост. Дарк, ки надошта бошӣ, дигар ҳеч дағдағае ҳам нахоҳӣ дошт.

Дар се-чаҳор соли ахир, дар ҳар гуфтугӯ ва сӯҳбате, ки бо ҷаноби Кабирӣ доштам, дар тамоми ин гуфтугӯҳо, меҳвари баҳси мо бо ӯ ҳамин масоил буданд. Кабирӣ на танҳо ин дардро эҳсос мекунад, балки ҳамвора ба дунболи мутолеаи ҳар мақола ва китобе аз донишмандону фуқаҳои замон аст, ки роҷеъ ба ин масоил пардохтаанд.

Ин ки баъзе аз ноаҳлону ноогоҳон, ба хотири порае аз дидгоҳҳо ва мавзеъгириҳои Кабирӣ дар ҳамин масоил, нисбати норавои “берун омадан аз исломият” ва “ранг иваз кардан” ва ин қабил иттиҳомотро мезананд, воқеан аз сари ҷаҳолат ва нодонӣ, ва ё шояд аз сари кина, аст. Ба хусус он ҷо бештар дардовар аст, ки шумо аз касоне ин гуна тӯҳматҳоро мешунавед, ки иддаои исломият ҳам доранд.

Зодрӯзатон гиромӣ бошад бародари азиз!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: