Перейти к содержимому

Чашмандози тарсноки даргирӣ бо Эрон барои Омрико

Ба қалами Мойкел Мурил (Michael Morell) ва дарёдор Ҷеймз А. (James A.) дар пойгоҳи Hill

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфт, ки даргирии низомӣ байни ин кишвар ва Эрон “чандон тӯл нахоҳад кашид”. Манзураш ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида бо камтарин ҳазина дар ҷанг пирӯз хоҳад шуд. Шояд раисиҷумҳур дар робита бо суръати ба поён расидани ин ҷанг ҳақ дошта бошад, аммо ба таври қатъ бароварди иштибоҳе аз ҳазинаҳои даргирӣ дорад: осебҳои кӯтоҳмуддат ва баландмуддати даргирӣ бо Эрон ба манофеи Иёлоти Муттаҳида фоҷеаомез хоҳад буд.

Тибқи шавоҳиди мавҷуд, на Эрон ва на Иёлоти Муттаҳида ҳеч як хостори як даргирии низомӣ нестанд, аммо ин бад-он маъно нест, ки даргирӣ рух нахоҳад дод. Дар воқеъ, эҳтимоли вуқӯи даргирӣ имрӯз ҳатто аз соли 2011, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил қасди ҳамлаи густурда ба барномаи ҳастаии Эронро дошт, бештар аст. Даргирӣ метавонад бо иқдомоти таҳрикомез аз сӯи Эрон ва иқдоми Иёлоти Муттаҳида барои боздорӣ аз таҳрикҳо оғоз шавад. Ҳар гуна даргирии эҳтимолӣ ба таври қатъ ногаҳонӣ оғоз хоҳад шуд ва Иёлоти Муттаҳида фурсате барои эъзоми нерӯ ва касби омодагӣ барои даргирӣ нахоҳад дошт ва бо ҳар нерӯе, ки дар минтақа мустақар аст, ба ҷанг мубодират хоҳад кард.

Аҳдофи истротежики Эрон иборатанд аз:

— раҳоӣ аз фишори таҳримҳо аз тариқи нишон додани тавоноии худ дар таъсиргузорӣ бар иқтисоди ҷаҳонӣ аз тариқи контроли тангаи Ҳурмуз;

— фосилаандозӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва боқии ҷаҳон;

— ба даст овардани ҷойгоҳи байналмилалӣ;

— ба масхара кашидани Иёлоти Муттаҳида;

— дурӣ аз ҳар гуна таҳдиди дохилӣ барои низоми Ҷумҳурии Исломӣ.

Аҳдофи Иёлоти Муттаҳида ҳам ин аст, ки:

— Эронро ба зону дароварад ва пойи мизи музокира бикашонад;

— монеъ аз ҳамалоти эҳтимолӣ ба Омрико шавад;

— зарфияти Эронро дар фаъолиятҳои минтақаӣ коҳиш диҳад;

— ин кишварро аз роҳандозии муҷаддади барномаи ҳастаӣ боздорад.

Омрико ҳамаи ин иқдомотро бо ҳамкории шарикон ва муттаҳидони қадимии худ анҷом медиҳад.

* * *

Даргирии эҳтимолӣ чӣ гуна хоҳад буд?

Даргирии эҳтимолӣ метавонад чунин шакле дошта бошад: Эрон эълом мекунад, ки дар вокуниш ба таҳримҳои ғайриқонунии Иёлоти Муттаҳида ва танишҳо ва иқдомоти таҳрикомези ахир, тангаи Ҳурмузро мебандад ва ба ҳар киштии низомӣ ё тиҷорӣ, ки қасди убур аз тангаро дошта бошад ҳамла мекунад. Даҳҳо қоиқи тундрави нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ билофосила ҷустуҷӯ барои киштиҳое, ки ҳанӯз дар танга ҳастандро оғоз мекунанд. Ҳамалоти кучаке дар ростои мумониат аз ҳамлу нақли нафт аз тариқи танга сурат мегирад. Сойтҳои мушакии Эрон дар ҳошияи тангаи Ҳурмуз фаъол мешаванд. Шояд ҳатто як мушак шиллик шавад ва ба як тонкер исобат ва хадамаро маҷбур ба фирор аз киштӣ кунад. Эҳтимоли мингузорӣ дар танга тавассути Эрон ҳам вуҷуд дорад. Нархи бимаи ҳамлу нақли дарёӣ дар минтақа сар ба фалак мекашад.

Дар дигар манотиқ дар халиҷи Форс қоиқҳои мушакандози Эрон ҷустуҷӯ барои киштиҳои омрикоиро оғоз мекунанд ва агарчи шуморе аз қоиқҳои эронӣ тавассути нерӯи ҳавоии Омрико шиносоӣ ва ҳадаф гирифта мешаванд, аммо Эрон ҳам шуморе мушак шиллик хоҳад кард ва ба киштиҳои омрикоӣ осеб хоҳад расонд. Шуморе аз қоиқҳо ҳам дар ниҳоят новшикани мушакандози Иёлоти Муттаҳидаро пайдо ва ба он ҳамла хоҳанд кард. Агарчи бисёре аз ин қоиқҳо худ мавриди ҳамла қарор мегиранд, аммо партоби як мушак тавассути эрониҳо барои ворид овардани осебҳои ҷиддӣ ба новшикани омрикоӣ кофӣ хоҳад буд.

Қатар дархости Эронро барои қатъи иҷозаи дастрасии ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳи ҳавоӣ дар ин кишвар рад мекунад ва Эрон ҳам бо мушакҳои болистики худ пойгоҳ (пойгоҳи Алъадид)-ро мезанад. Бисёре аз ин мушакҳо тавассути сомонаи зиддимушакии Омрико дар пойгоҳ аз байн мераванд, аммо чанд мушак убур мекунанд ва садамоте ба пойгоҳ ворид меоваранд. Дар иртибот бо мақаррҳои фармондеҳии новгони панҷум дар Баҳрайн ва соири пойгоҳҳои Омрико дар минтақа низ иттифоқоти мушобеҳе рух медиҳад.

Иёлоти Муттаҳида бо мушакҳои круз ҳамчун Тумоҳовк ва дигар таслиҳоти худ таъсисоти дифои ҳавоӣ ва фармондеҳии низомии Эрон дар ҳошияи халиҷи Форсро ҳадаф мегирад. Таъсисоти нигаҳдории минҳои дарёӣ ва ду зердарёии шиновар дар наздикии Бандар Аббос ва Бушаҳр ва бандари Ҷоск ва бандари Чобаҳор аз сӯи Омрико ҳадаф гирифта мешаванд.

Бо хунсо шудани дифои ҳавоии Эрон, Иёлоти Муттаҳида ба таври низомманд аҳдофи муртабит бо Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва қобилиятҳои низомӣ дар минтақаи халиҷи Форс ва пойгоҳҳои ҳавоии Эрон дар хушкиро мезанад. Ин аҳдоф метавонанд сойтҳои мушакӣ, киштиҳо ва қоиқҳо, таъсисоти фармондеҳӣ ва контрол, ҳавопаймоҳои низомӣ ва қобилиятҳои луҷестикро шомил шаванд. Дар натиҷаи ин ҳамалот, тавони низомии Эрон ба таври ногаҳонӣ ба шиддат уфт мекунад.

Эрон дар вокуниш ба ин масъала бо истифода аз мушакҳои миёнбурд зерсохтҳо дар Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатарро ҳадаф мегирад. Бо ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳҳои мушакии Эрон, даргирӣ аз лиҳози ҷуғрофиёӣ густариш меёбад. Нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон дар Ироқ ва Афғонистон пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида ва таъсисоти диплумотики ин кишварро ҳадаф мегиранд. Ин ҳамалот боиси талафоти нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида мешавад. Ҳизбуллоҳи Лубнон дархости Эронро барои ҳамлаи мустақим ба Исроил рад мекунад, чун оғози чунин ҷанге ба тавоноиҳои низомии ин гурӯҳ осеб мезанад, аммо ба ҷои амал ба ин дархост, шурӯъ ба ҳамалот алайҳи аҳдофи омрикоӣ ва исроилӣ дар саросари ҷаҳон хоҳад кард.

Бо афзоиши даргириҳо, Эрон ба ҳамалоти сойберӣ алайҳи аҳдофи молии калидии Иёлоти Муттаҳида монанди хадамоти бонкии онлойн, дастгоҳҳои худпардоз ва шабакаҳои сервисдиҳии корти эътиборӣ мубодират хоҳад варзид. Бархе аз ин ҳамалот муваффақ хоҳанд буд ва бархе хунсо хоҳанд шуд. Ҳамалоти сойберӣ ба бахшҳои ташкилдиҳандаи шабакаи қудрати Иёлоти Муттаҳида густариш хоҳанд ёфт ва бархе аз онҳо хунсо хоҳанд шуд. Кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс аз ҳамалоти сойберӣ ба зерсохтҳои нафтии худ хабар хоҳанд дод. Даргириҳо сабаб мешавад қимати нафт сар ба фалак бикашад ва ҳар бушка беш аз 250 дулор муомила шавад ва бозорҳои молии ҷаҳонӣ ба суръат суқут кунад.

Бо раҳбарии Чин, Русия ва Иттиҳодияи Урупо баргузории нишасти фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милалро хостор хоҳанд шуд ва ду кишварро ба оташбас тарғиб хоҳанд кард. Эрон билофосила ба далели осебҳои шадиди воридомада ба нерӯҳои низомии худ дархости оташбасро қабул мекунад ва аз назари ахлоқӣ дар мартибае боло қарор мегирад. Иёлоти Муттаҳида ин пешниҳодро вето мекунад, аммо дар ниҳоят маҷбур мешавад ба далели таъсироти даргирӣ бар бозорҳои молӣ ва таҳти фишори шадиди диплумотик, ба музокироти пинҳонӣ бар сари оташбас ризоят диҳад ва Уммон ҳам нақши миёнҷиро ифо хоҳад кард.

Ҷанг чандон тӯлонӣ нахоҳад буд. Ҳамаи ин иттифоқот метавонанд дар тайи 4 рӯз рух диҳанд. Агарчи Эрон аз назари низомӣ шикаст мехӯрад, аммо ҳеч як аз тарафайн ба аҳдофи истротежии худ нахоҳад расид. Ба далели осебҳои шадид ба зерсохтҳои нафтӣ дар минтақа ва талошҳои мавриди ниёз барои хунсосозии минҳо дар тангаи Ҳурмуз, қимати нафт ҳамчунон боло мемонад.

Русия тавлидоти нафти худро афзоиш медиҳад ва ба пирӯзи иқтисодии ин даргирӣ табдил мешавад. Дар тасвире густурдатар, нишонаҳои заъф дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки пеш аз ҷанг ҳам ошкор буданд, ба як рукуди дигар меанҷоманд. Чанддастагии сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида густариш меёбад ва ҳар тараф дигариро муқассирр мехонад. Ба далели таъсироти иқтисодии даргирӣ ба вежа дар Иёлоти Муттаҳида, Дунолд Тромп дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2020 шикаст мехӯрад. Ҷойгоҳи Иёлоти Муттаҳида дар ҷаҳон ба шиддат тазъиф мешавад. Ҳатто агар Эрон аввалин қадам ба самти ҷангро бардошта бошад, Иёлоти Муттаҳида ҳатто аз сӯи наздиктарин муттаҳидонаш мавриди сарзаниш ва шамотат қарор хоҳад гирифт, чаро ки бо эҷоди таниш ва ворид овардани фишори иқтисодӣ ба Эрон ин кишварро ба даргирӣ таҳрик кардааст. Интиқод аз Иёлоти Муттаҳида ба далели истифодаи он аз нерӯи низомӣ ба сатҳҳое болотар аз ҷанги Ироқ афзоиш хоҳад ёфт. Омрико то андозаи зиёде нуфузи ҷаҳонии худро ба Чин хоҳад бохт ва Чин худро ба масобаи маъмани суботи ҷаҳонӣ ба тасвир хоҳад кашид. Бештари кишварҳои узви Гурӯҳи-20 барои коҳиши вобастагӣ ба дулор ва истифода аз он дар захоири арзии ҷаҳонӣ муттаҳид хоҳанд шуд ва ҳадафашон ҳам ин хоҳад буд, ки иҷоза надиҳанд таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида нақше таъйинкунанда дар сиёсатҳои хориҷии онҳо дошта бошад.

Дар Эрон, ин даргирӣ ҷомеаро аз дидгоҳи сиёсӣ муттаҳид месозад ва бар ҷиноҳи миёнарав таъсири манфӣ мегузорад ва агарчи мунозирот то муддате идома хоҳад дошт, аммо ниҳоятан авзоъ ба нафъи усулгароёне тағйир мекунад, ки бо тавофуқи ҳастаӣ миёнаи хубе надоранд. Тасмим бар ин мешавад, ки силоҳи ҳастаӣ сохта шавад, то Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз натавонад дубора ба ҳамла ба Эрон биандешад.

Hill

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: