Перейти к содержимому

Андарзе аз Имом Ғаззолӣ (р) ба уламои дин

Имом Ғаззолӣ (р) дар “Кимиёи саодат” мегӯяд:

Чун бештари амволи салотин аз роҳи номашрӯъ таҳсил мешавад (ба даст меояд), бояд муфтӣ, қозӣ, мутаваллӣ, табиб ва махсусан аҳли илм ҳатталимкон ҷирахори онҳо набошанд ва бо салотин дар корҳои носавоб (нодуруст) мувофиқат накунанд ва аъмоли норавои ононро тазкияву таҳсин нанамоянд (ва) наздики эшон нараванд. Ва агар уламо назди салотин раванд ва бар эшон салом гӯянд, амале мазмум кардаанд.”

Сипас Имом Ғаззолӣ (р) аз қавли Пайғамбари ислом (с) менависад:

Душмантарини уламо назди Худои Таъоло уламоеанд, ки ба наздики умаро шаванд.”

Беҳтарини умаро ононанд, ки ба наздики уламо шаванд. Ва бадтарини уламо ононанд, ки наздики амирон шаванд.”

Уламо амонатдорони пайғамбаронанд то бо умаро мухолитат накунанд, (ва) чун карданд, хиёнат карданд дар амонат, аз эшон (яъне аз ин гуна уламо) ҳазар кунед ва дур бошед.”

Ваҳб ибни Мунаббиҳ мегӯяд, ки: “Ин уламо, ки ба наздики султон мешаванд, зарари эшон бар мусуамонон беш аз зарари муқомирон (қиморбозон) аст.”

Ва Муҳаммад ибни Салама мегӯяд, ки: “Магас бар наҷосати одамӣ накӯтар аз он, ки олим бар даргоҳи султон.”

Сипас менависад: “Бар салотину тавонгарон ҷуз салом раво набувад, аммо даст бӯсидану пушт дуто кардану сар фуруд овардан ин ҳама нашояд… Баъзе аз салаф муболиғат кардаанд ва ҷавоби саломи золимон надодаанд, то истихфоф карда бошанд бар эшон ба сабаби зулм…

Имом Ғаззолӣ (р) аз донишмандоне, ки забон ба мадҳи ситамгарон мекушоянд, ба зиштӣ ёд мекунад ва мегӯяд, ҳар касе аз султон амале нораво дид, бояд забон ба насиҳати ӯ бигушояд ва ӯро аз корҳои носавоб боздорад…

(Кимиёи саодат, с.299 ба баъд ба ихтисор)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: