Перейти к содержимому

Чӣ касе барои давлати Ангилис дарди сар дуруст кард?

Ёддошти Саймун Тисдол (Simon Tisdall), таҳлилгари сиёсати хориҷӣ дар рӯзномаи Guardian

Саймун Тисдол (Simon Tisdall)

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Омрико ва чеҳраи тундрав ва бадноми давраи ҷанги Ироқ, мардест, ки як маъмурият дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба фазои таҳарруки васеъе, ки Дунолд Тромп дар таъйини сиёсатҳо ба ӯ додааст, ба таври густурда ин эътиқод вуҷуд дорад, ки Болтон тақобули Омрико бо Эронро ҳидоят мекунад. Барои Болтон чандон аҳаммияте надорад, ки дар корзор барои маҳори Теҳрон чӣ касе осеб бибинад, ҳатто агар хасоратҳо шомили як муттаҳиди наздик мисли Бритониё шавад.

Бинобар ин, вақте Болтон шунид, ки нерӯҳои Бритониё дар рӯзи истиқлоли Омрико як нафткаши эрониро дар савоҳили Ҷабалутториқ тавқиф карданд, бениҳоят хушҳол шуд ва твитт кард: “Хабари олӣ: Бритониё абарнафткаши Грис 1-ро, ки пур аз нафти Эрон ва бо нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо дар ҳоли ҳаракат ба самти Сурия буд, тавқиф кард.

Вокуниши ҳаяҷонии Болтон нишон дод, ки тавқифи нафткаши ҳомили нафти Эрон, як ғофилгирӣ буд. Аммо шавоҳиди баъдӣ нишон дод, ки моҷаро ин гуна нест, балки тими амнияти миллии Болтон ба таври мустақим дар тадоруки ҳодисаи Ҷабалутториқ даст дошт. Нигаронӣ ин аст, ки сиёсатмадорони муҳофизакори Бритониё, ки бар интихоби як нахуствазири ҷадид мутамаркиз ҳастанд ва барои касби қудрат рақобат мекунанд ва зеҳнашон даргири Brexit аст, ба талаи Омрико афтодаанд. Кӯтоҳи сухан ин ки зоҳиран Бритониё гирифтор шудааст.

Паёмадҳои моҷарои Ҷабалутториқ алъон маълум шуд. Тавқифи Грис 1 мустақиман ба тавқифи Stena Impero дар тангаи Ҳурмуз мунҷар шуд. Агарчи Эрон байни ду воқеа иртиботи возеҳе барқарор накард, аммо Эрон қаблан қавл дода буд, ки ба “дуздии дарёӣ”-и Бритониё дар Ҷабалутториқ посух диҳад. Акнун интиқом гирифтааст. Дар натиҷа, Бритониё вориди як бӯҳрони байналмилалӣ шуда, ки барои таъомул бо он, омодагии хубе надорад. Аз ин бадтар, замони воқеа аст. Як нахуствазир, ки пеш аз ин дар маърази озмун қарор нагирифта буд (эҳтимолан манзураш Борис Ҷонсун аст) ин ҳафта вориди дафтари нахуствазирӣ хоҳад шуд. Бритониё дар остонаи хуруҷи ошуфта аз Иттиҳодияи Урупост ва наздиктарин шариконаш ҳам аз он фосила гирифтаанд, робитааш ҳам бо Омрикои Тромп ба шакли беназире танишолуд аст. Худдорӣ аз бисёре аз ин дарди сарҳо мумкин буд. Бритониё бо хуруҷи Тромп аз тавофуқи ҳастаии Эрон мухолифат кард; хуруҷе, ки иллати бӯҳрони имрӯз аст. Бритониё бо эҳтиёт сиёсати фишори ҳаддиаксарии Тромп ва Болтонро расад кард.

Бо вуҷуди ин ки Бритониё аз талошҳои Иттиҳодияи Урупо барои наҷоти тавофуқи ҳастаӣ ҳимоят кард, Терезо Мэй ва Ҷереми Ҳонт барои ба даст овардани дили Тромп, талош карданд бо ду тарафи мунозиъа кор кунанд. Онҳо аланан аз гилояҳои Вошингтун дар бораи фаъолиятҳои “бесуботкунанда”-и Эрон дар минтақа ва барномаи мушакии он ҳимоят карданд ва вақте Эрон аз маҳдудиятҳои ҳастаӣ убур кард, онро маломат карданд. Пас аз ҳамалот ба нафткашҳо дар июн ва май, асосан давлати Бритониё натавонист муҳофизат аз киштиҳои ҳомили парчами Бритониёро, ки дар халиҷи Форс тараддуд мекунанд ба таври чашмгир тақвият кунад. Ин то ҳудуде ба ин далел аст, ки нерӯи дарёии кучаки Бритониё зарфияти афзоиши гаштзаниҳоро надоранд. Далели дигар он ки мақомоти Бритониё нигарон буданд, ки бо афзоиши ҳузури низомӣ кишварашон мумкин аст гирифтори як низоъи мусаллаҳ бо Эрон шавад. Аммо аз дидгоҳи Болтон, кашондани Бритониё ба самти Омрико натиҷаи матлубе дорад; аз ин рӯ ҳангоме ки моҳвораҳои ҷосусии Омрико шурӯъ ба радёбии Грис 1 карданд, Болтон ин амрро як фурсат дид. Моҳвораҳои ёдшуда вазифа доранд, ки ба қатъи содироти нафти Эрон кӯмак кунанд. Нафткаши Грис 1, ки иддао мешавад ба мақсади Сурия дар ҳоли ҳаракат буд, тавассути ин моҳвораҳо радёбӣ шуд.

Рӯзномаи испониёии El Pais аз қавли манобеи расмӣ эълом кард, ки: Грис 1, ки бо парчами Пономо фаъолият мекунад, аз моҳи апрел, яъне замоне, ки дар соҳили Эрон паҳлӯ гирифт, тавассути моҳвораҳои Омрико расад шуд. Ин абарнафткаш, ки пур аз нафти Эрон буд, ин қадр бузург буд, ки наметавонист аз коноли Суэз убур кунад; аз ин рӯ қабл аз ҳаракат ба самти дарёи Медитарона дамоғаи “Умеди нек” (Мыс Доброй Надежды)-ро давр зад. Ба гуфтаи созмонҳои иттилоотии Омрико, Грис 1 озими полоишгоҳи Бониёс дар Сурия буд. 48 соат қабл аз расидани абарнафткаш, Вошингтун ба Модрид иттилоъ дод. Нерӯи дарёии Испониё ҳаракати Грис 1 аз тангаи Ҷабалутториқро дунбол кард. Интизор мерафт, ки монанди соири киштиҳои Эрон, аз обҳои байналмилалӣ убур кунад. Агарчи мақомоти Испониё гуфтаанд, ки агар иттилоот ва фурсат доштанд, нафткашро тавқиф мекарданд, вале Испониё дар он замон ҳеч иқдоме накард. Аммо ба ҳар ҳол, Болтон ба Модрид такя надошт. Омрико қаблан ба Бритониё иттилоъ дода буд. Дар 4 июл, пас аз вуруди Грис 1 ба обҳои минтақаии Бритониё дар Ҷабалутториқ, дастури сарнавиштсози тавқиф аз сӯи Ландан содир шуд ва 30 нерӯи вежаи дарёӣ бар рӯи нафткаш фуруд омаданд. Вокуниши Эрон фаврӣ ва хашмгинона буд. Эрон гуфт, ки иқдоми Бритониё ғайриқонунӣ буд, чун таҳримҳои нафтии Иттиҳодияи Урупо алайҳи Сурия, фақат барои кишварҳои ин иттиҳодия илзомовар аст, на барои кишварҳои солис назири Эрон. Эрон гуфт: “Дар ҳар ҳол, Сурия мақсади нафткаш набуд.”

Ҷузеп Бурел (Josep Borrell), вазири хориҷаи Испониё ҳам монанди Эрон, албатта бо дараҷаи камтаре, хашмгин шуд. Бурел аз вуруди Бритониё ба обҳои минтақаии Ҷабалутториқ нороҳат шуд. Чун Модрид сайтараи Бритониё бар ин обҳоро ба расмият намешиносад. Дар Теҳрон сафири Испониё барои тавзеҳи нақши кишвараш ба вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд. Ӯ талош кард Испониёро аз ин моҷаро дур кунад. Бурел гуфт, Бритониё ба дастури Омрико нафткаши Грис 1-ро тавқиф кард. Ба рағми ин ки Бритониё зоҳиран муқаррароти Иттиҳодияи Урупоро иҷро кард, аммо ниҳоди сиёсати хориҷии ин иттиҳодия комилан сукут кардааст.

Тавқифи Stena Impero – нафткаши ангилисӣ, беш аз пеш инзивои диплумотик ва осебпазирии иқтисодӣ ва низомии Бритониёро аён кард. Давлат ба киштиҳои бритониёӣ тавсия кардааст, ки аз тангаи Ҳурмуз иҷтиноб кунанд, ва ин, эътирофе аст, ки давлат наметавонад аз онҳо муҳофизат кунад. Аммо ҳар рӯз чизе ҳудуди 15 то 30 нафткаш бо парчами Ангилис аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд. Агар тиҷорат мутаваққиф шавад, қиматҳои энержӣ мумкин аст ба шиддат таҳти таъсир қарор гиранд. Ба ҷуз Фаронса ва Олмон то кунун касе ба дархости Ҳонт барои ҳимояти байналмилалӣ аз Бритониё посухи мусбат надодааст. Чин, Жопун ва дигар кишварҳое, ки ба нафти халиҷи Форс вобаста ҳастанд, ҳеч тамоюле ба кӯмак надоранд. Тарҳи Омрико барои таъсиси як эътилофи чандмиллиятӣ барои муҳофизат аз киштиронӣ дар халиҷи Форс, аъзои каме дорад. Дар ин миён, ваъдаи Тромп барои ҳимоят аз Бритониё, арзиши амалии ночизе дорад ва хатароти зотӣ ба ҳамроҳ дорад.

Қимори Болтон муваффақ шуд. Алорағми нигарониҳояш, Бритониё вориди хатти муқаддами тақобули Омрико бо Эрон шуд. Фароянди дуқутбисозӣ, дар ҳар ду тараф, дар ҳоли шиддат гирифтан аст. Тавофуқи ҳастаӣ ба фурӯпошии комил наздиктар шудааст. Бо таҳдид кардани Эрон ба “паёмадҳои ҷиддӣ”, бидуни ин ки бидонад ин амр мумкин аст шомили чӣ чизе шавад, Бритониё кӯр-кӯрона бо садои табли ҷанги Болтон мерақсад.

Guardian

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: