Перейти к содержимому

Шералиев аз масъулони сойти Tajikistantimes ва Фарзона Муродӣ хост, расман аз мулло Саъдуллоҳ узрхоҳӣ кунанд

Абдуманнон Шералиев, рӯзноманигори тоҷик, дар вокуниш ба мақолае таҳти унвони “Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад” дар сойти Tajikistantimes, ки вобаста ба ҳукумат мебошад, бо “пур аз тӯҳмату бӯҳтон” шумурдани матолиби ин мақола, аз мақомоти ноҳияи Ашт ва масъулони ин сойт ва низ рӯзноманигоре, ки ин матлабро навиштааст, хост, аз “домулло Саъдулло, ҳамаи занони таҳсилкардаи мадрасаи ноҳияи Ашт ва тамоми шогирдону муридони домулло” узр бихоҳанд.

Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо баёни ин ки сойти Тоҷикистон таймс “мақола”-еро бо имзои Фарзона Муродӣ нашр кардааст, навишта: “Тӯҳмату таҳқири уламои дин чанд соли охир дар Тоҷикистон ба сиёсати давлатӣ табдил ва мӯд шуда ва ин навиштаи саропо тӯҳмату дурӯғ ҳам идомаи он аст. Ин тӯҳмату таҳқир на танҳо алайҳи яке аз фарзонатарин фарзандони ноҳия, олими дин, донишманди порсо, ки ними умрашро дар мактаби миёна ва ними дигарашро дар масҷиду мадраса ба тарбияи фарзанди мардум сарф кардааст, балки тӯҳмат алайҳи садҳо мусалмондухтар, ки дар мадрасаи таъсисдодаи ӯ таҳсил кардаанд ва таҳқир ба падару модар, шавҳар, фарзандон ва бародарону наздикони онҳо, ба садҳо шогирд ва ҳазорон пайравони домуллост.”

Шералиев дар идома афзудааст: “Нафаре, ки худро журналист номида ва сойте, ки ҷумҳуриявисту ҳазорҳо нафар онро мехонанад, бо истифода аз пуштибонии мақомоти давлатӣ, ба ҷинояте даст задаанд, ки дар кишварҳои ҳуқуқбунёд миллионҳо доллар пардохти ҷуброни маънавӣ ва солҳо зиндон барои тӯҳмату таҳқири гурӯҳи одамон дар пай дорад.”

Ӯ, бо баёни ин ки “ин нашрияи тӯҳматгару аз кӯчаи журналистика нагузашта маъруфтарин рӯҳонии ноҳияи Ашт ва садҳо духтари мадрасахондаро, ки ҳоло соҳиби шавҳар ва фарзандони болиғ ҳам шудаанд бидуни овардани кадом далеле ба зино, фаҳш ва танфурӯшӣ муттаҳам кардаанд” изҳор доштааст: “Ин “мақола” аз аввалин ҷумла то охиринаш дурӯғу ғайрикасбӣ ва тӯҳмату бӯҳтон аст. Аввалин ҷумлаи он: “Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд” се дурӯғ дорад: 1) деҳаи Саро на ба ҷамоъати шаҳраки Шайдон, балки ба ҷасмоъати Понғоз таъаллуқ дорад; 2) мараса на дар деҳаи Саро, балки дар каркази ноҳия — шаҳраки Шайдон қарор дошт; 3) мадраса яке аз авалин мадориси Тоҷикистон буд, ки пурра ҳуҷҷутгузорӣ шуда, қонунӣ фаъолият мекард.”

Шералиев афзудааст: “Ҷумлаи охирини он “Мулло исрор медорад, ки ҳамагӣ як шогирди вай дар Сурия қарор дорад, аммо масъули мақомоти амнияти ноҳия ному насаб ва дар кадом давлатҳои ҷангзада қарор доштани беш аз 20 нафарро пешкаш карданд” — дурӯғ тӯҳмат ва ғайрикасбӣ аст, ҳеч журналисти худашро эҳтиром мекарда онро наменависад. Агар рост мегӯед, чаро ному насаби ҳаддиақал 5 нафар аз ин дар давлатҳои ҷангзада қарордоштаро наовардед? Аз кӣ метарсед?

Ин рӯзноманигори тоҷик дар идома бо ишора ба ин ки дар ин “мақола” чанд ному насаб оварда шудааст, ки якеаш худи ӯ будааст, баён дошта: “Ин журналистак ва ин сойти тӯҳматгару аҳмақ шояд номи ҳамаи онҳоеро, ки дар пайгард қарор доранд, дар рӯйхати шогирдони мадраса шомил кардаанд. Аз ҷумла маро ҳам хатмкардаи ин мадраса ва ҳам узви ТЭТ “Салафия” баровардаанд.”

Шералиев бо баёни ин ки “на танҳо бидуни кадом тафтише ворид кардани номҳо, балки ҳамин ибораи “ТЭТ Салафия” бесавод будани журналист ва муҳаррири нашрияро собит мекунад, чи расад ба он даҳҳо тӯҳмату бӯҳтон, ки дар “мақола” бидуни далеле оварда шудааст”, хотирнишон карда: “Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ман дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ таҳсил кардаам, яъне ҳамкасби шумо дасисабозон ҳастам. Ва воқеъан аз ин хиҷолат мекашам, чун мисли шумое худро журналист меномед. Ва додарам ҳам, ки номашро дар рӯйхати муҳассилони ин мадраса овардаед дар он таҳсил накардааст.”

Ин рӯзноманигори тоҷик, дар идома, бо таъкид бар ин ки “маро хоҳ салафӣ мегӯед ва хоҳ террорист, ки воқеъан боре дар рӯйхати террористон ҳам ворид карда буданду бо фишори САҲА хориҷ карданд, парво надорам”, баён доштааст: “Вале тӯҳмате, ки алайҳи домуллои бузргвор ва даҳҳо зани сокини ноҳия кардед, нобахшиданист.”

Шералиев хитоб ба мақомоти ноҳияи Ашт, масъулони сойти номбурда ва нависандаи ин матлаб, ёдовар шудааст: “Ҳоло расман аз ҳукумати ноҳияи Ашт, маъмурияти сойти Тоҷикистон таймс ва аз “журналист” Фарзона Муродӣ талаб мекунам, ки аз домулло Саъдулло, ҳамаи занони таҳсилкардаи мадрасаи ноҳияи Ашт ва тамоми шогирдону муридони домулло узр пурсанд ва ин мақолаи пур аз тӯҳмату бӯҳтонро аз сойт бардоранд.”

Ин рӯзноманигори тоҷик дар поёни ёддошти худ хотирнишон кардааст: “Албатта, ҳоло сиёсат ва мақомоти давлатӣ аз шумо пуштибонӣ мекунад, ва касе наметавонад шуморо ба додгоҳ кашад. Вале фаромӯш накунед: ҳатман рӯзе фаро хоҳад расид, дар ҳамин дунё ва ба зудии зуд, ки шумо барои ин ҷиноятатон назди тӯҳматшудагон, мардум ва қонун посух хоҳед гуфт. Мо ҳатман ин навиштаи шумо, асмои муаллифу муҳаррир, дастандаркорони ноҳия ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ин тӯҳматнома даст доранд, ҳифз хоҳем кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: