Перейти к содержимому

Шикоят

Қасидае аз Абдулвосеъи Ҷабалӣ

(Ишора: Бадеъуззамон Абдулвосеъ ибни Абдулҷомеъи Ғурҷистонии Ҷабалӣ аз адибону шоирони садаи 6 ҳ.қ аст. Ҷабалӣ дар Ғурҷистон (минтақае дар шарқи Ҳироти Афғонистон) чашм ба ҷаҳон гушуд ва ба соли 555 ҳ.қ даргузашт.)

* * *

Мансух шуд муруввату маъдум шуд вафо

В-аз ҳар ду ном монд чу симурғу кимиё.

Шуд ростӣ хиёнату шуд зиракӣ сафаҳ,

Шуд дӯстӣ адовату шуд мардумӣ ҷафо.

Гаштаст божгуна ҳама расмҳои халқ

З-ин олами набаҳраву гардуни бевафо.

Ҳар оқиле ба зовияе монда мумтаҳан,

Ҳар фозиле ба доҳияе гашта мубтало.

В-он кас, ки гӯяд аз раҳи даъвӣ кунун ҳаме,

К-андар миёни халқ мумайиз чу ман куҷо?!

Девонаро ҳаменашиносад зи ҳушёр,

Бегонаро ҳамебигузинад бар ошно.

Бо якдигар кунанд ҳаме кибр ҳар гурӯҳ,

Огоҳ не, к-аз он натавон ёфт кибриё.

Ҳаргиз ба сӯи кибр натобад ъинони хеш

Ҳар-к ояте нахуст бихонад зи “Ҳал ато”.

Бо ин ҳама, ки кибр накӯҳида одатест,

Озодаро ҳаме зи тавозӯъ бувад бало.

Гар ман накӯшаме ба тавозӯъ набинаме

Аз ҳар хасе мазаллату аз ҳар касе ъано.

Бо ҷоҳилон агарчи ба сурат баробарам,

Фарқе бувад ҳар ойина, охир, миёни мо.

Омад насиби ман зи ҳама мардумон ду чиз:

Аз душманон хусумату аз дӯстон риё.

Бар душманон ҳаменатавон буд муътаман,

Бар дӯстон ҳаменатавон кард муттако.

Қавме раҳи мунозиати ман гирифтаанд,

Беақлу бекифояту бедину бедаҳо.

Ман ҷуз ба шахс нестам он қавмро назир,

Шамшер ҷуз ба ранг намонад ба гандано.

Бо ман бувад хусумати эшон аҷибтар,

3-оҳанги мӯрча ба сӯйи ҷанги аждаҳо.

3-эшон ҳама маро набувад бок заррае,

К-аз обгина зулм наёяд ба осиё.

Гардад ҳаме шикофта дилшон ба кини ман,

Ҳамчун маҳ аз ишорати ангушти Мустафо.

Чун гирам аз барои маъонӣ қалам ба даст,

Гардад ҳама даъовии он тоифа ҳабо.

Ночор бишканад ҳама номуси ҷодувон,

Дар мавзеъе, ки дар кафи Мӯсо бувад асо.

Эшон ба назди халқ наёбанд рутбате,

То табъашон бувад зи ҳама донише хало.

Зеро ки бе матар набувад миғро маҳал,

Чунонки бе гуҳар набувад теғро баҳо.

Бо фазли ман ҳамеша падид аст нуқсонашон

Чун аҷзи кофирон бар эъҷози анбиё.

Бо ақли ман набошад Миррихро тавон

Бо фазли ман набошад хуршедро зако.

Онам, ки бурдаам алами илм дар ҷаҳон

Бар гӯшаи Сурайё аз маркази Саро.

Шоҳон ҳамекунанд ба фазли ман ифтихор,

В-ақрон ҳамекунанд ба назми ман иқтидо.

Бо хотири мунираму бо раъйи софиям,

Калбарқ фид-дуҷийати ваш-шамси физ-зуҳо.

Олист ҳимматам ба ҳама вақт чун фалак,

Софист нисбатам ба ҳама навъ чун ҳаво.

Бар ҳиммати ман аст суханҳои ман далел,

Бар нисбати ман аст суханҳои ман гуво.

Ҳаргиз надидаву нашнидааст кас зи ман

Кирдори носутудаву гуфтори носазо.

Дар пойи ҷоҳилон напарокандаам гуҳар,

В-аз дасти сифлагон напазируфтаам ато.

В-ин фахр бас маро, ки надидаст ҳеч кас

Дар насри ман мазаммату дар назми ман ҳиҷо.

В-онро, ки ӯ ба сӯҳбати ман сар дароварад,

Ҷӯям бадали муҳаббату гӯям ба ҷон сано.

В-аз заллате падид шавад з-ӯ муойана,

Ангорамаш савобу напиндорамаш хато.

Аҳли Ҳиро кунун нашиносанд қадри ман,

То реҳлате набошад аз ин ҷойгаҳ маро.

Микдори офтоб надонанд мардумон,

То нури ӯ нагардад аз осмон ҷудо.

Он гоҳ қадри ӯ бишиносанд бо яқин,

К-ояд шабу падид шавад бар фалак суҳо.

Андар ҳазар набошад озодаро хатар,

К-андар ҳаҷар набошад ёқутро баҳо.

Бо ин ҳама маро гилае нест з-ин қабил

3-ин бештар қабул ки ёбад ба ибтидо.

То лафзи ман ба гоҳи фасоҳат бувад равон,

Бозори ман ба назди бузургон бувад раво.

Лекин чун садҳазор ҷафо бинам аз касе,

Ночор андаке бинамоям зи моҷаро.

З-он аст ғабни ман, ки гурӯҳе ҳамекунанд

Бо ман ба дӯстӣ зи ҳама олам интимо.

В-он гаҳ ба коми ман нафасе барнаёваранд,

Дар дӯстӣ куҷо бувад ин қоъида раво.

Озори ман кашанд ба амдан ба хештан,

З-н сон, ки каҳ кашад ба хеш каҳрабо.

Дар фазли ман кунанд ба ҳар мавзеъе ҳасад,

Дар нуқси ман диҳанд зи ҳар ҷонибе ризо.

Бо носеҳони ман насиголанд ҷуз нифоқ,

Бо ҳосидони ман нанамоянд ҷуз сафо.

В-ар уфтад маро ба ҳама умр ҳоҷате,

Бе ҳуҷҷате кунанд ҳама сӯҳбатам раҳо.

Мард он бувад, ки рӯй натобад зи дӯстӣ,

Лав буссатил ҷиболу авин-ншақаттис-само.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: