Перейти к содержимому

Раиси Сенои Афғонистон дар посух ба иҳонати Тромп: “Панҷ тиккаат мекунем!”

Раиси Маҷлиси Сенои Афғонистон дар вокуниш ба иҳонати Дунолд Тромп ба мардум ва давлати Афғонистон хитоб ба вай гуфт: “Мардуми Афғонистон Омрикоро ба панҷ тиккаи кучак тақсим хоҳанд кард.”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дирӯз дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар дафтари Кохи сафед баъд аз дидораш бо Имронхон, нахуствазири Покистон, дар бораи ҷанги Афғонистон гуфт: “Агар мо мехостем, ки дар Афғонистон биҷангем ва пирӯз шавем, коре мекардем, ки танҳо дар арзи як ҳафта дар ин ҷанг пирӯз шавем. Ман аммо қадам ба ин масир нагузоштам, чун нахостам 10 милюн нафарро ба куштан диҳам.”

Вай афзуд: “Ман барномаҳое барои Афғонистон дорам, ки дар сурати иродаи мо барои пирӯз шудан дар ҷанг дар ин кишвар, метавонад Афғонистонро аз саҳнаи замин маҳв кунад ва ба куллӣ ин кишварро нобуд кунад ва дар арзи 10 рӯз ба Афғонистон поён диҳад.”

Фазлҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси Сенои Афғонистон, дар нишасти рӯзи сешанбеи Сено таъкид кард, ки Омрико бо он ҳама иддао, ҳамакнун дар Афғонистон замингир шудааст.

Вай ба Тромп ҳушдор дод, ки агар бо мардуми Афғонистон дарбиуфтад, ба панҷ тиккаи кучак тақсим мешавад.

Муслимёр бо ишора ба шикасти Бритониё ва Шӯравии собиқ дар Афғонистон, ба Тромп насиҳат кард, ки ба чанд ҳавопаймо ва имконоти низомӣ дилашро хуш накунад.

Вай гуфт: “Изҳороти ахири Тромп нишон медиҳад, ки шакки мардуми Афғонистон дар раванди сулҳе, ки Омрико оғоз карда баҷо буда ва давлати Тромп зери номи раванди сулҳ, дар пайи тавтиъа алайҳи мардуми Афғонистон аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: