Перейти к содержимому

Роҳи ҳалли мантиқии ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон агар ба ҳамин минвол идома пайдо кунад ва “ибтикори амал” дар ихтиёри шаҳрвандони ду тараф, на ҳукуматҳояшон, бошад, бешак чанд сабоҳи дигар ба як ҷанги хонумонсӯз, ки ба суди ҳеч тараф нест, мунҷар хоҳад шуд.

Дар ин чанд соли ахир, ҳукумати Тоҷикистон барои ҳаллу фасли ниҳоии ин муноқиша мутаассифона ҳеч кор накард, вагарна кор ба ин ҷоҳо кашида намешуд. Ҳукумати Қирғизистон аммо бисёр зиракона ҷилав меравад. Ин ҳукумат аз рӯи як нақшаи аз пеш таърифшуда, омидона корро ба дасти шаҳрвандони худаш вогузор карда. Ҷилави ҳеч як аз иқдомҳои ғайриқонунии онҳоро намегирад; гӯӣ ин ки ба онҳо “ихтиёри томм” дода, ки ҳар коре, ки дилашон бихоҳад, анҷом диҳанд ва ҳатто дар ихтиёрашон силоҳ ҳам гузошта, ки агар лозим шуморанд, ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир холӣ кунанд. Ин ки бархе коршиносон аз “дасти севвум” сухан ба миён меоваранд ва ҳатто “Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ” дар баёнияи имрӯзи худ аз “доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз”, ки “сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд” сухан гуфтааст, ба назарам, ин “даст” ва ин “доира” чизе ҷуз ҳамон нақша, ки арз шуд ва ҳукумати Қирғизистон тибқи он, “ибтикори амал” дар ин хусусро дар ихтиёри шаҳрвандонаш гузоштааст намебошад.

Дар ин ёддошт, бино надорам ба решаҳои ин муноқиша ва ҷанҷол ишора кунам, балки ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон, пешниҳоде ба мақомоти кишвар ироа мекунам, то ҳар чи зудтар ва пеш аз ин ки даъво ба як даргирии васеъ кашида шавад, даст ба кор шаванд. Ин пешниҳод, зимни баёни ду нукта ироа мешавад:

1) Нуктаи аввал ин ки: танҳо роҳи ҳалли ин муноқиша, музокираи мақомоти ду кишвар бо нишастан сари миз ва баҳсу гуфтугӯ аст, ки хуруҷиаш ҳусули як тавофуқи мавриди ризояти тарафайн бошад. Ба назарам, уқалои тоҷику қирғиз ба ғайр аз ин роҳ, ҳеч роҳи дигареро ба вежа даргириро намеписанданд.

2) Нуктаи дуввум ин ки: дар ҳар муноқишаи инчунинӣ, вақте тарафайни даъво мехоҳанд сари мизи музокира нишинанд, пеш аз нишастан, бояд ҳар тараф барги барандае дар даст дошта бошад. То замоне ки шумо як барги баранда дар ихтиёр надошта бошед, мутмаин бошед дар музокирот бозанда хоҳед буд. Ҳол, Тоҷикистон ду барги баранда метавонад дошта бошад. Яке, нақшае (харитае), ки дар даврони Шӯравӣ тарсим шудааст, ки тибқи он, заминҳое, ки қирғизҳо имрӯз иддаои моликияти онро мекунанд, ҷузъе аз Тоҷикистон аст. Ишколи кор ин ки онҳо ба сурати дақиқ аломатгузорӣ нашудаанд.

Аммо барги дуввум: бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳар ду тараф иддаои моликияти ин заминҳоро мекунад, пас, то замоне ки тавофуқе ҳосил нашавад, яъне қабл аз нишастан сари мизи музокира, мо тоҷикҳо қонунан дар таҳаррук озодем. Бинобар ин, пешниҳод ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон пеш аз музокирот, фавран он манотиқро, ба хотири ҷилавгирӣ аз даргирии шаҳрвандон, манотиқи низомӣ эълон карда ва артиши худро дар тамомии нуқоте, ки аз мост, мустақар созад. Ин кор бояд фавран сурат бигирад. Ва дар сурати эътирози ҷониби қирғиз, Тоҷикистон метавонад эълон кунад, ки ин иқдомҳо муваққатӣ ва барои ҷилавгирӣ аз даргирии шаҳрвандон аст ва то замони ҳаллу фасли ниҳоии муноқиша, артиш мемонад, ва замоне ки тавофуқ ҳосил шуд, он вақт тибқи он амал хоҳад кард.

Ба сухани дигар, Тоҷикистон бидуни диранг ва фавран бояд дар ин манотиқ артиши худро мустақар созад, ва ин иқдом, фақат як ҷасорат мехоҳаду бас, иқдоми ғайриқонунӣ ҳам нест. Дуруст мисли ҳамон коре, ки чанд сол пеш як афсари тоҷик дар марз бо Ӯзбакистон ҳамин корро карда буд ва аҳаде ҳам эътироз накард.

Ин як пешниҳоди комилан мантиқӣ аст ва ба назарам, танҳо коре аст, ки метавонад аз хунрезӣ ҷилавгирӣ ба амал оварад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: