Ҷаҳон

Раисиҷумҳури Тунис даргузашт // Муҳаммад ал-Боҷӣ Қоид Ассибсӣ кист? (тасовир)

Дафтари риёсати ҷумҳурии Тунис эълом кард, ки Ассибсӣ, ки пас аз вахомати ҳолаш дар як бемористони низомӣ дар пойтахти ин кишвар ба сар мебурд даргузашт.

Шаби гузашта расонаҳои тунисӣ аз интиқоли Ассибсӣ ба бемористони низомӣ дар пайи вахомати ҳолаш хабар дода буданд.

Раисиҷумҳури 93-солаи Тунис охирҳои моҳи пеш низ ба далели вахомати ҳолаш ба бемористони низомӣ мунтақил ва дар он ҷо як ҳафта бистарӣ шуда буд.

Раисиҷумҳури даргузаштаи Тунис дар 5 июл ва дар пайи хуруҷаш аз бемористон тайи дастури риёсатӣ ба баргузории интихоботи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурӣ дар соли 2019 даъват кард.

Охирин боре, ки раисиҷумҳури Тунис дар он зоҳир шуд, душанбеи ҳафтаи гузашта буд, ки аз Абдулкарим Аззубайдӣ, вазири дифоъ дар кохи Қиртоҷ истиқбол кард.

Интизор мерафт, ки Ассибсӣ имрӯз (панҷшанбе) ба муносибати 62-умин солрӯзи эъломи ҷумҳурӣ, барои мардуми Тунис суханронӣ кунад. Дар чунин рӯзе дар соли 1957 низоми подшоҳӣ дар ин кишвар лағв ва низоми ҷумҳурӣ эълом шуд.

Ал-Боҷӣ Қоид Ассибсӣ аз декабри соли 2014 ва то замони даргузашташ Тунисро раҳбарӣ кард ва даврони риёсати ҷумҳуриаш дар моҳи ноябри оянда ба поён мерасид.

Дар пайи эъломи даргузашти Ассибсӣ Муҳаммад Анносир раиси порлумони Тунис эълом кард, ки вай симати риёсати ҷумҳурии ин кишварро бар асоси Қонуни асоси ба ӯҳда хоҳад гирифт.

* * *

Ассибсӣ кист?

Муҳаммад ал-Боҷӣ Қоид Ассибсӣ дар 26 ноябри соли 1926 дар минтақаи Сайиди Бӯсаид дар атрофи шимоли пойтахти Тунис ба дунё омад.

Вай вакили мудофеъ (адвокат) ва сиёсатмадоре аст, ки аз Донишкадаи ҳуқуқ дар Порис дар соли 1950 мадраки худро гирифтааст ва кори ваколатро аз аввалҳои соли 1952 оғоз кард ва пас аз он байни солҳои 1963 то 1991 масъулиятҳои муҳиммеро дар давлати Тунис ба ӯҳда гирифт.

Аз даврони ҷавониаш дар чорчӯби “Ҳизби озодӣ барои қонун” мубориза кард ва пас аз истиқлол низ ба унвони мушовири Ҳабиб Бурқиба, раҳбари вақти Тунис ва пас аз он мудири Идораи тавсиъа дар Вазорати кишвар фаъолият кард. Дар соли 1963 низ ба унвони мудири кулли амнияти миллии кишвар таъйин шуд.

Ассибсӣ дар соли 1965 ба унвони вазири кишвар (вазири дохила) таъйин шуд, ва пас аз он дар соли 1969 то 1970 ба унвони вазири дифои миллӣ мансуб шуд. Дар 12 июни соли 1970 низ ба унвони сафири Тунис дар Фаронса ва аз аввалҳои соли 1987 ба унвони сафири Тунис дар Олмон мансуб шуд.

Фаъолияташ дар “Ҳизби сусиёлисти дастурӣ” дар соли 1971 ба далели таъйиди ислоҳи низоми сиёсӣ ба таълиқ даромад ва дар соли 1974 аз ин ҳизб ихроҷ шуд ва дар соли 1978 ба “Ҷунбиши демукротҳои сусиёлист” ба риёсати Аҳмад Алмистирӣ мулҳақ шуд ва дар он давра мудирияти маҷаллаи “Демукросӣ”-ро, ки мутаъаллиқ ба мухолифон буд ба ӯҳда гирифт.

Ассибсӣ дар 3 декабри 1980 бори дигар ба унвони вазири мавриди эътимоди Муҳаммад Мазолӣ, вазири аввал (нахуствазир)-и он замон ба ҳукумат бозгашт ва 15 апрели 1981 ба унвони вазири хориҷа мансуб шуд. Вай нақши муҳимме дар судури қаътномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар маҳкумияти бомбборони ҳавоии мақарри Созмони озодибахши Фаластин дар минтақаи “Ҳаммомушшат” дар ҷануби пойтахти Тунис тавассути режими саҳюнистӣ, ифо кард.

Ассибсӣ дар соли 1989 ба унвони узви Маҷлиси намояндагон (порлумон) интихоб шуд ва аз соли 1990 то 1991 ба унвони раиси Маҷлис интихоб шуд ва дар пайи он низ ба кори ваколат (адвокатӣ), ки тахассусаш буд, бозгашт.

Дар соли 2011 ба унвони вазири аввал (нахуствазир) дар давлати муваққат, ки пас аз инқилоби 14 январи соли 2011 ташкил шуд, таъйин гардид ва дар июни соли 2012 таъсиси “Ҳизби Нидои Тунис”-ро эълом кард ва ин ҳизб дар интихоботи порлумонӣ, ки дар 26 октябри соли 2014 баргузор шуд, 86 курсӣ (аз маҷмӯи 217 курсӣ)-ро аз они худ кард.

Ассибсӣ дар даври дуввуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Тунис унвони нахустин раисиҷумҳури мунтахаби мардуми кишвараш пас аз инқилобро аз они худ кард.

Муҳаммад ал-Боҷӣ Қоид Ассибсӣ, раисиҷумҳури Тунис севвумин раҳбари солманди ҷаҳон буд. Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири 94-солаи Молезӣ нафари аввал ва Элизобети дуввум, маликаи 93-солаи Ангилистон дуввум аст.

Муҳаммад ал-Боҷӣ Қоид Ассибсӣ чаҳор фарзанд дорад.

Рубрики:Ҷаҳон, Ҷаҳони ислом

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.