Перейти к содержимому

Ибрози нигаронии Афви байналмилал аз эҳтимоли эъдоми донишманди машҳури арабистонӣ

Созмони Афви байналмилал зимни ибрози нигаронии амиқ аз эҳтимоли судур ва иҷрои ҳукми эъдом алайҳи Шайх Салмон Алъавда, донишманди машҳури арабистонӣ, озодии фаврӣ ва беқайду шарти вайро хостор шуд.

Созмони Афви байналмилал рӯзи ҷумъа аз мақомоти саудӣ хост, Салмон Алъавда, олими барҷастаи арабистониро билофосила ва бидуни қайду шарт аз зиндон озод кунад.

Ин баёния дар пайи дархости Додситони кулли Арабистон барои эъдоми Алъавда ва дар остонаи гузоришҳои ҳокӣ аз муҳокимаи вай дар рӯзи якшанбе баробари Додгоҳи мубориза бо теруризм маъруф ба Додгоҳи ҷиноии тахассусӣ мунташир шудааст.

Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии Алқудсул-арабӣ, Афви байналмилал зимни ибрози нигаронии амиқ аз эҳтимоли судури ҳукми эъдоми Шайх Алъавда ва иҷрои он гуфт: “Алъавда аз замони боздошташ дар тақрибан ду сол пеш то кунун, шароити ҳавлнокеро пушти сар гузоштааст. Аз боздошти тӯлонии қабли муҳокима то таҳаммули чандин моҳ ҳабси инфиродӣ ва боздошт дар шароите, ки бо дунёи хориҷ ҳеч иртиботе надорад.”

Ин созмон озодии фаврӣ ва беқайду шарти Шайх Алъавда ва радди ҳамаи иттиҳомҳо алайҳи ӯро хостор шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе Абдуллоҳ, фарзанди Шайх Салмон Алъавда дар Твиттер гуфт: “Чаҳор рӯзи дигар яъне рӯзи якшанбе, ҷаласаи маҳрамонаи муҳокимаи падарам баргузор мешавад ва дар он, Додситонии кулл дар Арабистон қатли ӯро бар мабнои 37 иттиҳоми беасос хостор мешавад.”

Дар сентябри 2017 мақомоти Арабистон чанд мубаллиғ ва фаъоли арабистониро боздошт кард, ки аз барҷастатарини онҳо Салмон Алъавда, Иваз Алқаранӣ, Алӣ Алумарӣ буданд, ки ба иттиҳоми иртибот бо Ихвонулмуслимин ба зиндон рафтанд. Дар ҳамин ҳол шахсиятҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва исломӣ борҳо хостори озодии зиндонони баён дар Арабистон шудаанд.

Чанд ҳафта қабл ахбори мутаъаддид ҳокӣ аз тасмими мақомоти саудӣ барои судур ва иҷрои ҳукми эъдоми се мубаллиғи мазкур буда, аммо режими Оли Сауд аслан ин ахборро таъйид ё такзиб намекунад.

Салмон Алъавда аз уламои машҳури саудӣ аст, ки соли 2017 пас аз он ки дар твитте хостори мусолиҳа байни Арабистони Саудӣ ва Қатар шуд, боздошт шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: